26 09 2019

Бо мақсади сари вақт ва бо сифати хуб иҷро намудани даъвати тирамоҳии шаҳрвандони аз 18 то 27 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар толори "Кохи афсарон"-и Вазорати мудофиа бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Комиссияи даъватии ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ нахуст Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муайяншудаи хизматро дар навъҳои қӯшуни Артиши миллии кишвар ба анҷом расонидаанд, ироа гардид.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат-Раиси Комиссияи даъватии ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, масъулини вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои қудратии дахлдор, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат доштанд.

Иштирокчиён зимни баромади хеш сараввал даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Аз ҷумла, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъват дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз шахсони масъул ҳамоно як қатор мушкилиҳо аз қабили пурра наомӯхтани шахсияти даъватшавандагон, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоиннаи нодурусти ташхиси тиббӣ, саривақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ошкор гардиданд. Ҳамзамон, дар интиҳои ҷамъомад таъкид карда шуд, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имкон медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

 

подполковник Ориф НОЗИМИЁН