17 09 2019

Чанде пеш дар машқгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Федератсияи Россия даври ниҳоии машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» ҷамъбаст гардид. Дар машқҳои муштарак роҳбарону намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳҳои фаврӣ, дастаҳои муҳорибавӣ ва беш аз чор ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ширкат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» афсарони ботаҷриба, дастаҳои ҷангӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Белорусия, Армения, Қазоқистон ва бори нахуст Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд.


Аз Тоҷикистон дар ин машқҳо Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ генерал-лейтенант Сафарализода Раҳмоналӣ Давлат ва дастаи муҳорибавии зинетӣ-ракетии ҚҲҲ ва МЗҲ таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи ҚҲҲ ва МЗҲ полковник Қодиров Абдухолиқ иштирок намуданд. Дар ин машқҳои муштарак ҷузъу томҳои тақрибан 20 дивизияи зинетӣ-ракетӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Су-27, Миг-29-31, Су-24-25, Ту-22-160, Ту-95 ва чархболҳои Ка-27 ва дастаҳои мухталифи зидди ҳавоӣ истифода гардиданд. Машқҳои муштараки навбатии Системаи муттаҳида дар ҳамоҳангӣ ва аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзи ҳавоӣ, ки гӯё душмани шартӣ ба сӯйи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарбаи мушакӣ равона месозад, ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Дар машқҳои муштарак мушакҳои С400 «Триумф» истифода карда шуданд, ки аз ҷониби нозирони ҳарбӣ ба тавонии он дар самти нест кардани ҳадафҳоимуайяншуда баҳои баланд дода шуд. Инчунин байни дивизионҳои зинетӣ-ракетии кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи дар машқҳо ширкаткунанда бо истифода аз ҳавопаймоҳои мухталифи ҷангӣ ва мушакҳои мудофиаи зиддӣҳавоии С300 «Фаворит» ва маҷмӯи мушакҳои тубдори наздикамалкунандаи «Пансир С», ки қобилияти несту нобуд сохтани ҳадафҳои зиёд ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишинро доро мебошад, амалиёти муштарак доир карда шуд.

Боиси хушнудист, ки дастаҳои муҳорибавии дивизияи зинетӣ-ракетии ҚҲҲ ва МЗҲ-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳои муштарак аз рӯйи мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии Печера 2-М мушакандозӣ намуда, ҳадафҳои ниҳоии ба онҳо муайяншударо, ки дар фазо таҷассумгари душманони шартӣ буданд, пурра ва бехато зада афтоданд ва сазовори баҳои аъло гаштанд. Дар фарҷоми машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ -2019» аз ҷониби фармондеҳии давлатҳои дар ин машқҳо иштирокдошта, ба иштирокчиёни ин машқҳо тӯҳфаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

подполковник Фарҳод Ибодуллоев,

Душанбе-Астрахан-Душанбе