10 09 2019

 

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили ваҳдати мустақил, воситаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи пойдории миллат ба шумор меравад. Тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти комили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, барои инкишофи иқтисоди устувор заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Ин нуктаро Диловар Қодирзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ» иброз дошт. 
Ӯ афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, то дар як мудати кӯтоҳ амният ва суботро дар ҷомеа таъмин намуда, барои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту роҳсозӣ ва кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ пешрафтҳои сифатан нав ба вуҷуд омадаанд.

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои ҳувияти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, зикр кард, ки солҳои 1992 – 1997 роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва динию мазҳабиро дар доираи қонунгузории давлати дунявӣ ба танзим даровард. 
- Давлат ва Ҳукумат барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳаёти динии ҷомеа як идда санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуда, ниҳодҳои сохторӣ ташкил шуданд. Сипас, Ҳукумати кишвар ба нашри осори исломӣ иқдом намуда, нахуст сарчашмаҳои муҳими илмӣ – динӣ «Таърихи Табарӣ», «Кимиёи саодат», «Эҳёи улуми дин», «Маснавии Маънавӣ», «Равзату – с – сафо» ва девони комили як қатор шоирони классикро ба мардум пешниҳод кард, - гуфт Файзулло Баротзода. – Ин тадбирҳо барои пешгирии ифротгароӣ ва сиёсикунонии ислом нақши муҳим бозиданд. Пас аз ин, чопи тарҷумаи китоби Қуръони карим аҳодис ва осори илмии Имоми Аъзам Абуҳанифа дастраси васеи хонандагон гардид.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият