09 08 2019

 

Бешубҳа, имрӯз як қатор гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ бо истифода аз номи поки дини ислом ба ҳар гуна амалҳои даҳшатноку зишт даст мезананд, ки ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон оварда мерасонад. Амалҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафарро гирифтори хавфу хатар карда, зиёда аз 100 кишвари дунёро зери ҳадаф қарор додааст, ки аз ин садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макони зисташонро тарк кардаанд.
Дар шаҳри Душанбе баргузор кардани Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузори он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (рӯзҳои 16 - 17 майи соли 2019) бо ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, барои ҷомеаи башар дорои аҳамияти хеле муҳиму саривақтист.
Имрӯз амалҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби даромади гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, харидуфурӯши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор мераванд. Амалҳои террористиву экстремистӣ ба оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва озодии инсонҳо таъсир расонда, намегузорад, ки онҳо дар рӯҳияи сулҳу субот таҳкиму тақвият ёбанд. Бояд гуфт, ки таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад. Имрӯз афзоиши сафи зархаридони хориҷӣ, тақвиятёбии амалҳои террористии ҳаракати «Толибон» дар ҳамкорӣ бо аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва рӯз ба рӯз ноамнтар шудани вазъияти ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, бахусус давлатҳои минтақаи Осиёи Марказиро сахт нигарон кардааст. Аз тарафи дигар, таҷриба нишон дод, ки ҳанӯз ҳам неруҳои парокандаи созмони террористӣ-экстремистии ба ном «Давлати исломӣ» на танҳо дар қаламрави кишварҳои Ироқу Сурия барҳам нахӯрд, балки таъсиргузории онҳо дар кишварҳои Ховари Миёнаву мамлакатҳои арабии шимоли Африқо зиёд шуд. 
Дар баробари ин, хатари истеҳсол ва содироти ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои дигар нигаронии амиқро ба вуҷуд овардааст. Ин таҳдид танҳо марбути амнияту суботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ набуда, балки ба кишварҳои Аврупову Амрико низ таъсир мерасонад. Бинобар ин, дар конфронс низ яке аз бахшҳои муҳим ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва манбаъҳои маблағгузорӣ ба амалҳои террористӣ бахшида шуд. Ҳамоиши байналмилалии мазкур идомаи мантиқии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» мебошад, ки рӯзҳои 3- 4 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Конфронси навбатӣ ҳам дар масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм ва роҳу воситаҳои маблағгузории он ва ҳам дар боло бурдани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад бозид. Инчунин, ин ҳамоиш барои муаррифии шоистаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо ва усулҳои пешгирию таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон фурсати муносибест.
Кишвари мо бинобар мавқеи ҷуғрофӣ дар саргаҳи аввали муқовимат бо як қатор проблемаҳои глобалии замони муосир – терроризму экстремизм қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки дар доираи Барномаи рушди СММ барои давраи то соли 2030, Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм, қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ ва дигар ташкилоти дахлдори ин созмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2016 - 2020, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013 - 2020 ва Консепсияи миллии муқовимат бо пулшӯӣ, маблағгузории терроризм ва силоҳи қатли омро барои давраи солҳои 2018 - 2025 таҳия намудааст, ки мавриди татбиқ қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ низ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор тадбирҳои муҳим ва ҳадафнокро амалӣ намудааст. Махсусан, дар масъалаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ояндаи наздик бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори махсус – Маркази зидди маводи мухаддир дар Душанбе ташкил хоҳад шуд, ки он ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гашта буд.
Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи арзишманди мубориза бо экстремизм ва терроризмро касб намудааст, ки муаррифии амиқ ва дурусти он дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои самаранокии мубориза бо ин зуҳуроти аср дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле муфид хоҳад буд. Ҳамзамон, тақвият ёфтани ҷанбаъҳои сиёсию дипломатӣ ва таҳлилию коршиносии ҳамоиши байналмилалии мазкур метавонад дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва рафъи ин хатару таҳдидҳо барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон кумак намояд.

Т. АЗИМЗОДА, мутахассиси пешбари Маркази 
тадқиқоти стратегии назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон