09 08 2019

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор корҳои муҳимро ба сомон расондааст.
Бино ба иттилои Сулаймон Султонзода, директори агентӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи ин ниҳод дар шаш моҳи аввали соли равон 1370 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намудаанд, ки 375 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Муфаттишони агентӣ дар ин давра 525 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 373 адади онро нисбат ба 466 нафар ба анҷом расонданд. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расондашуда 306 парванда нисбат ба 383 айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шуд.
Дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ аз ҷониби кормандони агентӣ 823 ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва нисбат ба шахсони ба қонуншиканиҳо роҳдода ба маблағи 867 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони агентӣ 952 пешниҳод ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 257 нафар огоҳӣ, 244 сарзаниш, 287 танбеҳ татбиқ гардида, 111 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод карда шуд. Ҷиноятҳои коррупсионӣ, асосан, дар соҳаҳои маориф ва илм 85, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 53, ҳамчунин, нақлиёт, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, молия, инчунин, дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 53, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ШСХК «Барқи тоҷик», соҳаи бонкӣ 139, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 257 ва соҳибкорони инфиродӣ 265 ҳолат сабт шудааст.
Масъулони агентӣ сабаби асосии зиёд будани омилҳои коррупсиониро дар вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба он рабт доданд, ки ин ду соҳа беш аз 2,5 миллион аҳолии кишварро фаро гирифтаанд. Танҳо дар соҳаи маориф 300 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад. Яъне маҳз аз сабаби васеъ будани ин соҳаҳо ва зиёд будани теъдоди кормандон омилҳои коррупсионӣ низ зиёд ошкор шудаанд. 
Дар натиҷаи чораҷӯии кормандони агентӣ 63 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ошкор ва нисбат ба қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида шуд. 
Ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 9 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъмини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, 67 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ошкор шуда, барои бартараф кардан чораҷӯӣ гардид.
- Агентӣ дар ин давра 630 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронда, дар 58 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи  коррупсияро ошкор намудааст, - гуфт Сулаймон Султонзода.   

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»