09 08 2019

Сатҳи зиндагии мо вобаста ба андешаю рафтори худи мост. Табиист, ки саодати пайваста ва неъматҳои фаровон ҳамеша насиби кас намегарданд. Дар шебу фарози зиндагӣ ҳамеша дар шитобем. Шитобкорӣ сабаб мешавад, ки зиштиҳоро нек пиндорему хубиву накукориҳои ақлу хирадро нодида гузарем. Ифрот бо ҳама боду ҳавои назарфиребаш қалбу рӯҳ ва дидаи ақлу ҳуши моро кӯр мекунад.
Китоби зиндагӣ аз таҷрибаю ҳикмат ва панду насиҳатҳои ибратомӯз холӣ набуда, дастраси ҳар хонанда ва дӯстдори асили фанни зиндагӣ мебошад. Ҳикматҳои беназири китоби зиндагӣ моро водор мекунанд, ки аз ҳар саҳифа ва ҳар сатри он самаранок баҳрабардорӣ намоем ва андешаю афкори худро бо усули нав, дар маҷрои наву созандагиҳои боз ҳам азимтаре равона созем. Зиндагии мо аз ранҷу ганҷ, муҳаббату рақобат ва садоқату хиёнат барин мафҳумҳои пуртазод холӣ нест. Чашидани лаззати ҳар кадоме аз ин мафҳумҳо ба сабки андешаронӣ ва рисолати мафкураамон вобастагии зиёд дорад. Агар қудрати андешаи мо маҳорати дидану шинохтани нури дар дуриҳои дур аён будаи иқболу саодат, файзу баракатро дошта бошад, он гоҳ метавон аз лаззати хони меҳнати мо баҳравар шуд.
Хастагию парешонҳолӣ ва ғаму андуҳ дар ҳамон даргоҳ ҷойгузин мешавад, ки аҳли он сарзамин дарси ваҳдату қудрат, ибрату нусрат ва асолати рафоқатро наомӯхтаю таҷриба накарда бошанд. Қадри озодию неъмат, сулҳу ваҳдат ва файзи меҳнатро оне мешиносаду қадр мекунад, ки қудрати андешааш мизони ҳаққу ботилро бе хато муайян карда метавонад. Касе, ки талхии ғаму ғурбат, дарду ранҷ ва ҷабру ситамро эҳсос карда бошад, қимати озодию ободӣ, ишқу муҳаббат ва саодату садоқатро медонад. Миллати мо аз он миллатҳоест, ки чӣ будани дарду ғам, шикасту рехт ва ғурбату ранҷро медонад. Чӣ будани озодию адолатро хуб мешиносад. Аз он тоифае нестем, ки барои мо дигарон ҳамаи шароити зисту зиндагӣ ва неъмату сарватҳои дилхоҳро ҳадя карда бошанд.

Саҳнаи пурасрори таърих бо раванди бемайлону тавонои худ ҳамеша таъсиргузори ҷараёни ҳаёти одамон буда, имтиёз ва меҳру шафқати хоссаи худро ба ягон миллату давлат ва қавму қабилае чун мерос раво надоштааст. Бартарию имтиёз ва зиндагии шоиста зодаи ақлу хирад ва андешаи солими ҳар халқу миллат ва давлату ҳукумат хоҳад монд.
Имрӯз ба симои оростаю дилкаши шаҳру рустои Ватани азизамон нигариста, созандагию ободкориҳои пайдарпайро шоҳид мегардем. Намои куллан тағйирёфтаи ҳар гӯшаи кишвар дар сифату сурати зебо нишон, самара ва дараҷаи андеша, тафаккур ва ҷаҳонбинию худшиносии мардуми мост. Андешаҳои наву созандаи мо чун насими тозаофарини фасли баҳорон дар ҳама самтҳои фаъолияти заҳматкашони кишварамон таваҷҷуҳпазир буда, дастовардҳои боз ҳам бештару хубтареро тавлид менамоянд. Як назари холисона ба пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе кофист. 
Мувофиқи маълумотҳои бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, шаҳри Душанбе 27 - умин пойтахтест, ки аҷдоди мо бунёд кардаанд. Аз соли 1924 то имрӯз дигар на Марву Ҳирот, Афросиёбу Самарқанд, Ҳамадону Урганҷ ва Бухорову Кобул, балки Душанбе пойтахти нави давлати тоҷикон ва тоҷикистониён аст. 
Имрӯз, ки андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми мо дар сатҳу сифати нисбатан фарқкунандае аз замони гузашта аст, бештару хубтар аз ҳама бояд ваҳдати андешаро дар заминаи устувору халалнопазир, нигоҳи дақиқу дурбинона ва обутоби холисан ватанпарваронаю башардӯстона такмил дода, корҳои созандагию ободкориҳои бештареро ҳам дар пойтахту ҳам дар вилояту ноҳияҳо вусъат диҳем. 
Андешаи нав, нигоҳи нав ва амалҳои нав дар партави андешаю дурбиниҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи солҳои 2019 - 2021, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд, саросари марзу буми Тоҷикистонро ба мисли пойтахташ назаррабою гулбасар хоҳанд намуд.

 

Имомалӣ ТАБАРӢ