18 06 2019

 

Таҷриба собит намудааст, ки низомҳои мавҷудаи исломи сиёсӣ, ки дар шакли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ амал мекунад, аксаран, ҳадаф ва барномаҳои муайянро думболагирӣ мекунанд ва амалкардҳояшон ба ҳам монанд аст. Ҳадафи ҳамаи онҳо бунёди давлати шариатмеҳвар аст, ки идоракунии он бояд тибқи қонунҳои шариатӣ сурат гирад ва ин давлат бештар на хусусияти миллӣ, балки хусусияти фаромиллию динӣ дошта бошад. 
Аксари ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию динӣ хоҳони бунёди як давлати мутамаркази исломӣ бо номи хилофатанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо аз роҳи таблиғи густурдаи идеологияи ҷиҳоду шаҳодат амал намуда, бо роҳи зӯрӣ ва тариқи аслиҳа мехоҳанд низомҳои сиёсии хусусияти ғайридинӣ (миллӣ ё дунявӣ доштаро) барҳам зада, ба ҷои он низомҳои сиёсии динӣ ба вуҷуд оваранд. Масалан, агар аз рӯи ҳадаф ва стратегия «Давлати исломӣ» ва ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро муқоиса намоем, амалкардҳои ҳар ду  хеле монанданд.  «Давлати исломӣ» ҳам ҳадафи асосиаш бо зӯри аслиҳа аз байн бурдани давлатҳои миллии Ховари Миёна ва ба ҷои онҳо бунёди як давлати шариатмеҳвари фаромиллӣ буд. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф аз усулҳои муборизаи силоҳӣ истифода намуда, дигарандешон ва нафароне, ки ба ин навъи сохтор дар мухолифат буда, онро қабул надоштанд, бо бераҳмтарин шеваҳо қатл карда, аз байн бурда шуданд. Айнан ҳамин тавр ва ҳамин шеваро ташкилоти террористии наҳзатӣ солҳои 90 - уми қарни гузашта дар Тоҷикистон анҷом дода, ҳазорон ҳазор дигарандешонро ба қатл расонда, даҳшатафканиву ҳараҷу мараҷро дар қаламрави Тоҷикистон ба миён овард. 
Амалкардҳои солҳои 90 - уми наҳзатиён он буд, ки онҳо ҳатто рӯҳонияти анъанавӣ ва бовармандонеро, ки ба тарзи инфиродӣ арзишҳои диниро пайгирӣ мекарданд, кофиру муртад гуфта, ба қатл мерасонданд. Ҳар касеро, ки ба онҳо намепайваст ба он барчаспҳои гуногун зада, мавриди азобу шиканҷа қарор медоданд. Ҳамин гуна амалкардҳо аз ҷониби «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои Сурияву Ироқ сурат гирифта, ҳатто мардумони бумии ин сарзамин, ки таърихан боварманд буданд ва аксари онҳо пайравӣ аз ислом менамуданд, ба хотири аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба сохти миллии сиёсӣ содиқ будан мавриди куштору бераҳмӣ қарор гирифтанд. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз шеваҳои аъмоли «Давлати исломӣ» аз ташкилоти террористии мамнӯи наҳзатӣ сарчашма гирифта бошад.  Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши ташкилоти террористии мамнӯи наҳзатӣ ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурӯҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид ва бо суиистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард. Бо мақсади «маорифпарварӣ» ва суиистифода аз зеҳниёти содаи ҷомеаи суннатӣ ходимони наҳзатӣ рӯйи мардум таъсир гузоштанд. Саранҷом «маорифпарварӣ» - и наҳзатӣ дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба вартаи даргирӣ тела дод ва боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардида, барои сад соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд.
Аз тарафи дигар таблиғи пайвастаи таассубу хурофот, ки сабаби ба тарзи дастаҷамъӣ гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва «Давлати исломӣ» шуд, саҳми бевоситаи ин ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ дар он ниҳоят зиёд аст. Ин таблиғоти густурда сабаби он шуд, ки иддае аз ҷавонон мадюни мадрасаву донишкадаҳои исломии хориҷӣ гардида, ҷиҳати таҳсил роҳи ин ё он кишварҳоро пеш гирифтанд ва ба шаклу навъҳои нави исломи сиёсӣ аз ҷумла «Давлати исломӣ» ва созмонҳои дигари террористӣ пайвастанд. Натиҷаи таблиғот, ки ба вуҷудорандаи таассуб ва хурофот дар ҷомеа буд, амалан ҷомеаро хурофазада намуда, сабаби ба вуҷуд омадани навъҳои дигари исломи сиёсӣ гардид, ки ба якдигар таҳаммулнопазиранд. Ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тайи мавҷудияти худ, махсусан, дар марҳилаи сарварии М. Кабирӣ ба лонаи махфии терроризми динӣ - мазҳабӣ табдил ёфт. Агар дурусттар ба масъала таваҷҷуҳ кунем, дармеёбем, ки тавассути барномарезиҳои ҳадафноки наҳзатӣ тайи солҳои 2008 - 2015 наслҳои синну соли гуногун ба сӯи хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ кашида шуданд ва дар доираҳои баҳсии мо танҳо сухан аз рӯҳонияти исломӣ ва элитаи исломи сиёсӣ мерафт ва, албатта, дар раъси ин ҳангомаҳо исми роҳбари фирории ин ташкилоти террористии наҳзатӣ ва аъзои шӯрои сиёсии он қарор дошт. Ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ дар домони худ ҷавонони зиёдеро парварда, роҳи мубориза ва муқовиматро бо дунявиён омӯзонд. Омӯзиши наҳзатӣ аз тариқи мавъизоти ифротгароёнаи ихлосмандони наҳзатӣ дар симои рӯҳониёни минбарӣ фазои солими маърифатӣ ва фарҳангии тоҷикро вайрон карда, роҳи мабоҳиси дунявиро як муддати тӯлонӣ баст. Дар ин кор ҳам «саҳм» - и идеологияи пӯсидаи наҳзатӣ аён ва корсоз буд. 
Ҳаводиси ахире, ки дар зиндони Ваҳдат рух дод, ин аз амалкардҳои наҳзатист, ки тайи солиёни дароз ҷомеаро таассубзадаву хурофотӣ намуд ва сабабгори тарвиҷи ҷараёнҳои исломи тундрав дар Тоҷикистон гардид. Ин ҳодиса дарак аз он медиҳад, ки парвардаҳои дасти наҳзатӣ то ҳадде бераҳму ҷаллоданд, ки ҳатто ба пирону бовармандони худи ин ҳизб, ки солиёни дароз онҳоро мубаллиғӣ намуда буданд, низ раҳм надорад. Зеро ҳар ҳизб ва ҷараёни сиёсӣ, ки исломро ҳадафи идеологии хеш қарор медиҳад, худро «Исломи ноб» эълон дошта дигаронро муртаду кофар медонад.  Инҳо ҳамон фарзандони парвардаи наҳзатанд, ки ҳатто дар дохили зиндон бо камтарин фурсатеро, ки ба даст оваранд, ба ҷаллодиву аз байн бурдани дигар мардум шурӯъ мекунанд. Ҳарчанд саркардагони ташакуллаи террористии наҳзати исломӣ бе ҳеҷ ваҷҳ худро муқассири ин ҳаводис намеҳисобанд ва бо фазилатфурӯшиву чарбзабонӣ ҳазорон ҳарфҳои дуғулу муғулро пеш меоваранд, ки онҳо ташакуллаи таҳаммулгарову оромишписанданд, вале бояд як бор сарро рӯи каф гузоранду андеша кунанд, ки ин ҳама сол бо таблиғи густурдаи таассубу хурофот ва ҷалби мардум, махсусан ҷавонон ба сафи равияҳои гуногуни исломи сиёсӣ ҷомеаро ба чи ҳол оварданд, яъне аз назари сабабият ин ҳодиса натиҷаи таблиғоти густурдаи таассубу хурофот аз ҷониби наҳзатиён аст.  

Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгар