Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз192
Дирӯз491
Моҳ13146
Ҳамагӣ314149
Наворҳо

Форум

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

10 06 2019

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст.
Аснои шиносоӣ, иброз гардид, ки Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.
Мутахассисони соҳа Роҳбари давлатро бо фаъолияти марказ аз наздик шинос намуда, роҷеъ ба истифодабарии технологияи муосир ва усули кории он маълумот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фароҳамсозии шароити мазкур имконият дод, ки минбаъд гурӯҳи навбатдорон шабонарӯзӣ аз ҳамин ҷо тартиби ташкили муҳофизати сарҳад аз ҷониби сардорони ҷузъу томҳо ва тартиби пешбурди хизмати назоратчиёни сарҳадиро дар саросари Тоҷикистон назорат намуда, дар ҳолати зарурӣ ба тартиби муҳофизати сарҳад тағйирот ворид намоянд. Ҳамчунин, Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул  ва фиристодани ахбори радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марказ радиостансияҳо ба самтҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамояд. Дар баробари хати муқаррарии барқӣ, тамоми таҷҳизот ва воситаҳои алоқа  барои фаъолияти доимӣ бо панелҳои офтобӣ низ таъмин гардидаанд. Бо истифода аз фаъолияти марказ, ҳамкорӣ байни сохторҳои қудратӣ ба воситаи шабакаи алоҳидаи радиоӣ ва телефонӣ ба роҳ монда шудааст. Қобили тазаккур аст, ки, феълан, дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷҷатгузории электронӣ ба воситаи радиостансияҳои кӯтоҳмавҷ ба роҳ монда шуда, тамоми отрядҳои сарҳадиву дидбонгоҳҳо имконият доранд, ки тариқи  харитаи электронӣ наряди сарҳадии худро назорат намоянд.
Сарвари давлат, инчунин, бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии марказ  шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро  аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд.   Нуқтаи фармондиҳӣ бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати тезсуръати интернет таъмин буда, бо истифода аз ин имконот метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро аз марказ мустақиман  назорат ва ҳаллу фасл намуд. Иттилоъ дода шуд, ки тамоми маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.
Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои толорҳои варзиш, утоқҳои корӣ ва хобгоҳ буда, барои такмили маҳорати касбӣ дар дохили он синфхонаи тирпарронии электронӣ ташкил гардидааст. Синфхона дар асоси барномаи махсуси компютерӣ фаъолият намуда, он бо дастгоҳҳои лазерӣ ва дигар аёниятҳои корӣ таъмин мебошад. Бо истифода аз ин имконият, ҳайати дастгоҳи марказӣ метавонад, ки  малакаи тирпарронӣ ва маҳорати худро санҷида ба ин васила, такмил диҳад.
Толорҳои  варзиши марказ низ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки барои машқу тамрини бадан пешбинӣ гардидаанд, таъмин мебошад.
Дар маҷмӯъ, Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ барои идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, бо назардошти стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз кормандони ин ниҳод даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои масъулияти бардӯшдоштаашон ҳушёру далер ва чусту чолок бошанд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо