Ба аввал: Робита бо ҷомеа ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ҲАРБИИ ВОРИСОНИ "КУРУШИ КАБИР"
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз191
Дирӯз491
Моҳ13145
Ҳамагӣ314148
Наворҳо

Форум

ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ҲАРБИИ ВОРИСОНИ "КУРУШИ КАБИР"

10 06 2019

 

28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бинои гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз хобгоҳҳои хонандагони гимназия дидан намуда, бо шароити истироҳату фароғати таълимгирандагон аз наздик шинос шуданд.
Барои таълимгирандагони ин муассисаи таълимӣ, ки аксарият аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошанд, бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гимназия 8 хобгоҳ бо шароити муосиру замонавӣ бунёд карда шудааст.
Зикр гардид, ки дар гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешавад ва бештари хонандагони ин даргоҳи илму маърифатро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳанд.  

Омӯзиш дар ин гимназия, асосан, ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва ба таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар омӯзгори ғайринизомӣ низ аз фанҳои гуногун дарс мегӯяд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити маҷлисгоҳи гимназияи ҳарбӣ, иттилоъ дода шуд, ки он барои 70 ҷойи нишаст сохта шудааст ва ҷиҳати баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни дохилӣ хеле мувофиқу муносиб мебошад.
Дар гимназия барои огоҳии бештар пайдо кардани хонандагон аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ва фидокориҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ, осорхона сохта шуда, дар он ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои пурарзиш, аксҳои нодир аз ҳаёти кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ гардидаанд.
Гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои синфхонаҳои лингафонӣ, омӯзиши забонҳои англисию чинӣ, туркӣ ва русӣ буда, хонандагон имкон доранд, ки нозукиҳои ин забонҳоро аз устодони ботаҷриба аз бар намоянд.
Таҳсил дар гимназия ду сол буда, хатмкунандагони он имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа, дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ, таҳсили минбаъдаро дар муассисаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, идома диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои таҳсилкунандагони аълохон дар гимназия дар самти интихоби кишвари оянда бо мақсади идома додани таҳсил имтиёзҳо низ пешбинӣ гардидаанд.
Дар гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, барои хонандагон китобхонаи барҳаво муҳайё карда шудааст, ки таълимгирандагон метавонанд аз адабиёти гуногунмазмуни он ба таври васеъ истифода кунанд.
Ошхонаи барҳавои муассисаи таълимии ҳарбӣ, ки барои 130 нафар пешбинӣ гардидааст, ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад.
Атрофи гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир" бо ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳои гуногун оро ёфта, бо мақсади ҷалби хонандагон ба солимгардонӣ ва обутоби бадан, майдончаи варзиш бо шароити хуб сохта шудааст.
Дар назди гимназия ба хотири таъмини хонандагон бо маҳсулоти тару тоза гармхона бунёд гашта ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи насли наврас дар гимназия, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида ва таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо