Home: Public relations ТЕРРОРИЗМ. ЗУҲУРОТЕ, КИ БОЯД РЕШАКАН БОШАД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today157
Week1823
This month7568
Only323497
Video

Forum

ТЕРРОРИЗМ. ЗУҲУРОТЕ, КИ БОЯД РЕШАКАН БОШАД

14 06 2019

 

Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу низоъҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳдидҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Ватан-Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адоват байни дину мазҳабҳо ва халқу давлатҳо шудааст.  
Қувват ва густаришёбии ин «вабои аср» боиси азбайнравии истиқлолияти давлатҳо, ваҳдату дӯстӣ, косташавии фарҳангҳо, муносибатҳои дипломатӣ шудааст. Ҷаҳони муосир, ки дар давраи рушд ва навовариҳои илмию техникӣ қарор дорад, аз ҳар шахс зиракиву ҳушёрӣ ва дурандешию тафаккури амиқро талаб менамояд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои дурандешу нуктасанҷи миллат аст, ки борҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳангоми баромадҳояшон  ба ин «вабои аср» ишораҳо намуда, мегӯянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Воқеан, ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ҳеҷ иртиботе ба дину оинҳои исломӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ надоранд. Онҳо зери шиорҳои «бозгашт ба салаф» байни мардум нофаҳмиву иғворо ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, афзоишёбии гурӯҳҳои ифротгаро ба амният ва фазои сулҳу суботи Ватани азизи мо низ  бетаъсир намонда, бо ҳар роҳу восита фазои осоиштаи ҷомеаро халалдор месозанд. 
Низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки  манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию геополитикӣ дар ҳоли бархӯрд ва маҳви якдигар қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавиаш дар минтақа  байни бархӯрди манофеи абарқудратҳо қарор дорад. Чунин ҷойгиршавӣ имкон дорад барои манфиатхоҳон ҳамчун восита истифода шавад. Ин воситаҳо метавонанд хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, бахусус идеологӣ-динӣ-ифротгароӣ, дошта бошанд. 
Дар солҳои аввали истиқлолият баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути ваъдаҳои бардурӯғ хостори ғасби ҳокимият шуда, сабаби куштори ҳазорон шахсони бегуноҳ, бадбахту мусибатзада шудани оилаҳо гардиданд. Агар солҳои 90-уми асри XX ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз камиттилоотии мардум истифода бурда бошанд, имрӯз тавассути тарғиби идеологияҳои махсуси динӣ ва ваъдаҳои пулию молӣ ашхоси аз дину илм бехабарро ба доми худ мекашанд. 
Яке аз сабабҳои асосие, ки  шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад, ин камсаводиву тангназарӣ ва пайравии кӯркӯрона ба ҳар гуна идеология ва таълимоти иртиҷоӣ мебошад. Хело ба маврид аст, ки суханҳои ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ин масъала баён намоем, ки эшон зикр намудаанд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд…мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро  низ заиф гардонанд». 
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат баёнгари он мебошанд, ки хатару таҳдидҳои терроризм таъсири манфии худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонанд ва даст задан ба чунин амалҳо метавонад шахсро ба анҷом додани ҳама гуна амалҳои номатлуб равона созад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон бурдан зарур аст. 

 

Гулбаҳор АМИНОВА, корманди Донишгоҳи аграрии 
Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур


Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform