06 05 2019

Хизмати ҳарбӣ мактабест, ки бо шомил гардидан ба он ҷавонон натанҳо дарси мардонагӣ ва далериву шуҷоат дар дифои марзу буми ватанро меомӯзанд, балки дар он сарбозон махсусиятҳои хизмати ҳарбӣ, муқаррароти ойинномавӣ, риояи тартиботу интизоми ҳарбӣ ва пеш аз ҳама кор бо силоҳу муҳиммот, сохт, таркиб ва хислатҳои тактикиву ҷангии онро аз худ менамоянд. Мавзуву масъалаҳои омӯхта дар хизмати низомиро ҷавонон минбаъд низ бо роҳи ширкат дар ҷамъомадҳои гуногуни ҳарбӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ такмил медиҳанд. Зеро, онҳо пас аз анҷоми хизмат ҳайати захираҳои эҳтиётии Артиши миллиро пурра менамоянд.

Аз ин бармеояд, ки як ё 2 соли хизмати ҳарбӣ ҷавонони ватанро барои чандинсолаҳои дигар дар ҳолати омодабош будан тарбия менамояд. Аз тарзу усули амали сарбозон дар майдони таълимии қисми ҳарбии 04533-и гарнизони Суғд маълум аст, ки онҳо нозукиҳои хизмати ҳарбиро сарбаландона аз худ намуда, барои ҳамеша омода будан дар хизмат ба халқу ватан сабақи бузурге гирифтаанд.

Дар машғулиятҳои тактикии он рӯза аз ҷониби гурӯҳи хурди сарбозони ин қисми ҳарбӣ амали сарбоз дар набард ҳангоми ҳаракат дар майдони ҷанг нишон дода шуд. Ба таври пиёда амал кардан дар ҳуҷум ва барин васила несту нобуд намудани қувваи душман ҷузъиёти асосии матлабро фаро мегирифт, ки сарбозон дар иҷрои чунин амалҳо таҷрибаи хуб нишон доданд. Дар рафти машғулиятҳо ҳайати иштирокчиёни он навъҳои гуногуни силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, аз қабили автомат Калашников, милтиқи мергании Драгунов, яъне Снайпер ва норинҷаки дастии зиддитанкӣ истифода намуданд.

 

Борхалтае, ки сарбозон бо худ доштанд он иборат аз хӯроки хушк, лавозимоти гигиенаи шахсӣ, белчаи муҳандисӣ ва дигар таҷҳизот ҷиҳати истифода дар майдони ҷанг мебошад. Гурӯҳи дигар сарбозон, ки хизмати муқарраргардидаи худро дар взводи муҳандисӣ-сапёрии ин қисми ҳарбӣ пеш бурдаанд, бо нозукиҳои омӯхта дар рафти хизмат он рӯз зимни ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ гузаронидани разведкаи муҳандисӣ дар майдони минаи зиддитанкии душманро амалан нишон доданд. Дар натиҷаи гузаронидани разведкаи муҳандисӣ бо истифода аз таҷҳизоти зарурии соҳавӣ маълум карда шуд, ки гӯё дар масофаҳои гуногуни ин мавзеъ навъҳои минаи зиддитанкӣ ҷойгир карда шудааст.

Ин сарбозони минаҷӯй, ки минбаъд захираи минаҷӯёни эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд, аз ҷониби командири взводи муҳандисӣ-сапёрии қисми ҳарбӣ лейтенанати калон Рамазон Шоимардов тайёр карда шудаанд. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар мебошад. Машғулиятҳои он рӯзаро низ ин афсари ҷавон ташкилу роҳандозӣ намуд. Дар маҷмуъ, ин дарсҳои таълимиву тактикӣ таҳти роҳбарии командир ва дигар шахсони масъули қисми ҳарбӣ оид ба омодагии ҷангӣ ҷараён дошт. Зимни охирин машғулиятҳои таълимӣ як гурӯҳ сарбозон маҳорати ҷангии худро нишон дода, масъулини қисми низомии худро бовар кунониданд, ки онҳо бо чунин маҳорати баланд пайи иҷрои вазифаҳои муҳими хизматӣ доимо омодаанд. Ва ба қавли ин далерон дар ҳолати зарурӣ барои пайвастан ба сафи Артиш ба онҳо танҳо як ишора бас аст!

капитан Шарипов Б.