Ба аввал: Робита бо ҷомеа НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз192
Дирӯз491
Моҳ13146
Ҳамагӣ314149
Наворҳо

Форум

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06 05 2019

Аз 23-юм то 28-уми апрели соли равон дар машқгоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон, бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамринҳои муштарак доир гардид. Баҳри пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, тақвият бахшидан ба сатҳи тайёрии ҷангӣ ва дар самти боз ҳам баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсад дар толори асосии Вазорати мудофиаи кишвар бо иштироки роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ, масъулини навъҳои қӯшун, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомади мазкур нахуст аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати мудофиа таъкид намуданд, ки бо назардошти пешравиҳои ҷомеаи муосир, вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа ва кишварҳои ҷаҳон, ҳамзамон вобаста ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ мо набояд зиракии сиёсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва масъулияти ба зимма доштаро аз даст диҳем. Балки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона иҷро намоем.

Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати мудофиа бо таҳлилу баррасии фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳар як раёсат, шуъбаву хадамоти алоҳидаи Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ ва навъи қӯшунҳо қатъӣ супориш доданд, ки ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, пурра аз байн бурдани рафторҳои ғайриойинномавӣ, сари вақт мусоидат намудан ба ҳалли ҳама мушкилоти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намудан ҳангомӣ аз бар кардани барномаҳои рӯзмарраи таълимӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва баҳри ташкилу баргузор намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ, бо масъулияти баланд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Инчунин дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вазорати мудофиаи кишвар беш аз 400 бинову иншоотҳои муҳими ҳарбӣ бунёду азнавсозӣ гардида, мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ қарор дода мешавад. Дар ин самт бояд илова намуд, ки бо супориши роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай дар аксари қисмҳои низомӣ, марказҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои навъҳои қӯшун, дар самти созандагиву ободкориҳо, корҳои зиёде амалӣ гардидаанд.

Масоли дигаре, ки дар ҷаласа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ин бо сифати баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ ё худ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ маҳсуб меёфт, ки дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти вазорат масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд. Дар ҷаласа инчунин вазъи кунунии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаҷониба таҳлил гардида, вобаста ба як қатор камбудиву норасоӣ, дар фаъолияти баъзе аз раёсати навъи қӯшунҳо ва қисмҳои низомӣ, изҳори нигаронӣ карда шуд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли дигар монеаҳои мавҷуда масъулини дахлдор дар муҳлати муайян супоришҳои қатъӣ гирифтанд.

Ориф НОЗИМИЁН, подполковник

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо