Home: Public relations АЗ КОРРУПСИЯ ҲАЗАР МЕБОЯД КАРД!
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today71
Week404
This month7684
Only296665
Video

Forum

АЗ КОРРУПСИЯ ҲАЗАР МЕБОЯД КАРД!

06 05 2019

Агар ҳар нафар вазифаи иҷтимоӣ, масъулияти касбӣ ва муҳим аз ҳама қарзи инсонии худро иҷро кунад, барои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат монеае вуҷуд дошта наметавонад ва муаммое бунёд намегардад.

Падидаи номатлубе, ки дар бисёр маврид инсофу адолатро аз миён мебарад, ин ришваву ришваситонӣ ё ба тарзи дигар гӯем, амали коррупсионӣ мебошад. Ришвахӯрӣ падидаи нав набуда, дар ҳар давру замон нишонаҳои он аён мегардид. Одатан амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби табақаи миёнаву болоии ҷомеа, яъне онҳое, ки сари вазифаи давлатӣ буданд, барои иҷрои амале, ки мардуми одӣ тавонашро надоштанд, сурат мегирифт, аммо рафта-рафта ин раванд мураккаб гардид. Имрӯз мардуми одӣ худ амалҳои коррупсиониро бунёд мекунанд.

Коррупсия ва андешаҳои коррупсионӣ ба шуури ҷомеа чунон ҷой гирифтааст, ки мардуми одӣ ва онҳое, ки дар ҷомеа пешсаф будан мехоҳанд, дар аксар маврид заҳмат кашиданро хуш надоранд, балки онро бенатиҷа меҳисобанд. Маҳз амалҳои коррупсионӣ мардуми меҳнатдӯстро танбал ва ҷавононро дилсард мекунад. Матбуоти кишвар баъзан зери сарлавҳаи “Фирори мағзҳо аз ватан” мақолаҳо нашр мекунад, ки сабаби асосии “фирори мағзҳо”-ро дар ноадолатии аз амали коррупсионӣ бамиёномада медонанд. Дар асл ришваву ришваситонӣ натанҳо зарари иқтисодӣ меорад, балки ба буҳрони ақливу зеҳнӣ низ бурда мерасонад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмома-лӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояш барои пешгирии ин амали номатлуб ба масъулин супоришҳои махсус медиҳанд ва аз мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа бо таассуф ҳарф мезананд.

Коррупсия чун амали номатлуб тамоми давлатҳои рӯйи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, барои бартараф намудани он чораҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани ин падидаи номатлуб дар тамоми соҳаҳо кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад. Махсусан, дар соҳаи маориф таъсиси ММТ барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ боиси он гардид, ки довталабон вобаста ба сатҳи донишашон бидуни дахолати нафаре (ришваситоне) тавонанд ба макотиби олӣ дохил шаванд. Дигар, писар кисаи падарро нигоҳ накарда, ба тавоноияш такя мекунад ва аз касе гиламанд намегардад ва падару модар низ маблағро на барои дохилшавии писар ба макоти олӣ, балки то дохилшавии ӯ барои донишомӯзӣ сарф мекунанд.

Ба системаи кредитӣ гузаштани донишгоҳу донишкадаҳои кишвар низ сару садоҳои “гуфтугӯ”-и миёни устоду шогирдро аз миён бурд ва метавон гуфт, ки ришвадиҳиву ришваситонӣ низ ғайриимкон аст. Талаботи системаи кредитӣ донишҷӯро ба заҳмат кашидан водор мекунад ва нафаре, ки заҳмат мекашад, албатта роҳатро мунтазир аст, барои расидан ба ҳаққи худ талош мекунад. Гуфта метавонем, ки дар соҳаи маориф барои аз миён бурдани ришваву ришваситонӣ қадами устуворе гузошта шудааст, аммо коррупсия дар дигар соҳаҳои ҳаёт мавҷуд аст, ки барои решакан намудани он ҷомеа бояд аз зарару пасомадҳояш бохабар бошаду барои аз миён бурданаш саҳм гузорад. Аз миён бурдани коррупсия кори душвор нест. Танҳо роҳ надодан ба амали коррупсионӣ амали бузургест. Барои пешрафти ҷомеа, беҳбудии ҳаёт, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ ҳар яки мо бояд аз амали коррупсионӣ ҳазар кунем!

М.САФАРОВА, муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform