Home: Public relations САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ НИЗОМИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today71
Week404
This month7684
Only296665
Video

Forum

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ НИЗОМИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

03 05 2019

Меҳмонони низомӣ аз Артиши Ҷумҳурии Ӯзбекистонро намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол намуданд. Сипас ҳайати меҳмонон аз шароити хизмативу майишии дар ин машқгоҳ муҳайёбуда, аз наздик шинос гардиданд.

Мувофиқи унсурҳои ҷадиди ба матлаби тамринҳо равона гардида, гӯиё яке аз биноҳои таълимии машқгоҳи мазкурро душманони шартӣ ба гарав мегиранд ва низомиёни Артиши миллии Тоҷикистон тариқи иҳотаи ҳудуди бино, вориди он гардида, ба амалиёти несту нобудсозии душмани шартӣ шурӯъ менамоянд.

Ин унсури машқҳоро низомиёни Артиши миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар сатҳи баланд иҷро намуданд. Ҳамзамон низомиёни ҳарду кишвар дар ҳамоҳангӣ баҳри несту нобуд кардани душманони шартӣ ба амалиёт шурӯъ намуданд, ки ҳадафи аслии тамринҳои низоми низ ин таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар маҳсуб меёфт. Дар воқеъ бояд чунин ҳам бошад, зеро таҷрибаомӯзӣ намудан аз ҳамдигар ва ба ин васила истодагарӣ намудан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти аср, аз қабили террориризму ифродгароӣ вазифаи ҳама шаҳрвандони ҷомеи муосир маҳсуб меёбад.

 

Ва ба қавле террорист давлат, ватан ва миллат надорад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳри таъмини амнияти минтақа ва пойдории сулҳу суббот ҳамеша бар зидди ҳама зуҳуроти ҷаҳони муосир бо ташкили машқҳои муштараки байнидавлатӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Ин аст, ки дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи сарони кишварҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ-мон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли дуюм мебошад, ки миёни низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон машқҳои васеи низомӣ ташкилу баргузор гардида, дар он ҳайати шахсӣ, техникаҳои мухталифи низомӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ, аз ҳарду ҷониб истифода мегарданд.

Соли 2018 машқҳои мазкур дар размгоҳи ҳарбии “Чоруқдарон”-и гарнизони Суғд бо ҷалби ҳайати шахсии сохторҳои қудративу давлатии Ҷумҳурии То-ҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯз-бекистон таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2018» ташкилу ба роҳ монда шуда буд. Унсури ҷадиде, ки зимни баргузории тамринҳои муштарак миёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2019 ворид карда шуд, ин вобаста ба мавқеи ҷуғрофию ҳудудии ҳарду кишвар, ки манотиқи қӯҳӣ ва ҳамвориро доро мебошанд, ҳайати ба размоиш ҷалбгардида, бо матонату далерӣ, истодагарӣ намудан бар зидди қувваи душман маҳсуб меёфт.

Зимни баргузории машқ-ҳо эҳсос мегардид, ки ҳайати иштирокдошта, бо як рӯҳияи ҷадид дар партави дӯстиву бародарӣ, якдилӣ, сарфарозӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони кишварҳо бо матонату далерӣ ва ифтихор аз таърихи гузашта, дар машқҳо иштирок менамуданд. Барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати иштирокдошта ҳар бегоҳ барномаҳои васеи кон-сертӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” ташкилу баргузор мегардид. Дар марҳилаи ҷамбастӣ ба иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштараки ҷузъу томҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

О.Нозимиён, Сардори Маркази матбуот, подполковник

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform