03 05 2019

(Ё СИЛӢ БА РӮИ НОТАВОНБИНОН)
Манзур аз тамаркуз намудани камина ба ин мулоқот бозгӯӣ намудани моҳияти он аст, ки силӣ ба рӯи нотавонбинон маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавам, ки  чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки алъон ягона макон барои сафсатапарокании нотавонбинони миллат (наҳзатиҳои террорист ва думравонашон)  боқӣ мондааст, бобати сафарҳои хориҷии Пешвои миллат, хоса ба кишварҳои аврупоӣ, андешаҳои муғризона баён шуда буд.  
Муҳим, ҷолиб ва рамзӣ аст, ки чанд рӯз пас, дар заминаи мулоқоти дар оғози матлаб зикршуда туҳмати навбатии наҳзатиҳои террорист хунсо гардид. Зеро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан - Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Франсия Эммануэл Макрон ҷиҳати анҷом додани боздид аз ин кишварро супурд. 
Дар навбати худ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паёмро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Франсия ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамёрии ду кишвар арзёбӣ карданд. 
Наҳзатиҳои террорист нодида вонамуд мекунанд, вале далелҳо ҳокианд, ки равобиту ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири кишварҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, дар сатҳи хубу сифати баланд рушд ёфта истодааст. Хуб дар хотир дорам, ки қаблан наҳзатиҳои террорист  дар сомонаашон   сафари Пешвои миллатро ба Япония “таҳлил” карда буданд. 
Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Япония бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд. Бахусус, мулоқоти самимӣ ва пазироиву гусели бошукӯҳу сатҳи баланди Пешвои миллат аз ҷониби  Императори Япония, ки дар умури давлатдории ҷопониҳо  падидаи камназир маҳсуб мешавад, бояд боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.
Бегуфтугӯ, ин палидон, ки зиндагиномаашон ба ғайр аз фисқу фуҷур, ҷинояту иғвоангезӣ чизи дигаре надорад, ба обрӯву нуфузи рӯзафзуни Пешвои миллат ҳасуди ноҷавонмардона доранд. 
Аз ҷониби дигар, хулосаҳои беасоси ин “аллома” - ҳо, ки марзи иттилорасониро дағалона убур намудаву ба фаъолияту шахсияти нафаре, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, дасти таарруз дароз намудаанд, набояд бе посух монад. Чунки бадгӯӣ нисбат ба Пешвои миллат, ки дар маҷмӯъ, таҳқири  миллат маҳсуб меёбад, бояд посухи сазовор дошта бошад.

Ҷасур МИРЗОЗОДА, 
коршиноси Маркази таҳлиливу иттилоотии “Аҷам”