03 05 2019

 

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Федератсияи Россия шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамоти гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

 

16 апрел маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково - 2” - и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия гарму самимӣ пазироӣ карданд. Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд. Баъди гузориши фармондеҳи ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои ротаи фахрӣ, гузашти тантанавии қаровули фахрии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.