17 04 2019

Бисёр соҳибназарон мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сиёсати хориҷӣ, муносибат бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ҳамчун як мавқеи хос, устувор, ташаккулёфтаву фарқкунанда эътироф мекунанд.
Ин нукта, зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, ки ба мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» ихтисос ёфта буд, садо дод. Дар нишаст, ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони вазорату идораҳо, марказҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, пажӯҳишгарону коршиносон иштирок доштанд.

Парвиз Муҳаммадзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз мавзӯъҳои калидӣ ва меҳварӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои ҷомеаи мо моҳияти хосса дорад. Ба андешаи ӯ, паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайяни соҳаҳои гуногун  ҳамчун раҳнамои стратегӣ  ба мардуми шарафманди тоҷик хизмат менамоянд. Метавон гуфт, ки маҳз муроҷиат ва натиҷаи ироаи ҳамин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ аст, ки дар асоси он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дуруст ва дақиқ пайгирӣ мешавад. Тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия ва паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд.  
Дар идома зикр шуд, ки Тоҷикистон ба мавзӯи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса дорад ва тарафдори он аст, ки дар ин кишвари ҳамсоя сулҳу суботу осоиштагӣ бошад. Ҳар ду кишвар дар як ҳавзаи таърихиву тамаддунӣ қарор дорад ва дорои арзишҳои муштараки забониву фарҳангӣ мебошад. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии мост.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»