Home: Public relations МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАР ВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today71
Week404
This month7684
Only296665
Video

Forum

МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАР ВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР

15 04 2019

Ҳар бор, ки Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни сафари кории худ ба ин ё он минтақаи мамлакат дар мулоқот бо мардум аз дӯстдории  ин сарзамини аҷдодӣ, аз обу ҳавояш, таъриху фарҳангаш самимона ҳарф мезананду таъкид мекунанд, ки Ватанро сидқан, аз самими қалб  дӯст дорем, дар ободии ҳар гӯшааш саҳм гузорем, аз ростӣ, вуҷуди маро як ҳаяҷону эҳсосоти аҷибе фаро мегирад. 
Сафари навбатии кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба рӯзҳое рост омад, ки мардуми арҷманду заҳматпеша ва ободкор бо орзуву умедҳои нав Наврӯзи оламафрӯзро чун ҳамешагӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегирифт. Фасли нозанини баҳор, арӯси сол дар диёр ҳоло бо тамоми қавонини худ ҳукм меронаду кишвар зери  қабои сарсабзу махмалин ҳама ҷо гулрез ва гулпӯш, шаҳру диёр ғарқи гул қарор дорад ва деҳқон боз бо ҳазор орзуву умед донае зери хок мекунад, то  кишвар осудаву фаровон аз ғалла, сабзавоту меваҷот ва дастархони мардуми тоҷик ҳамеша  пурфайз бошад.   
Пешвои миллат дар идомаи сафари чаҳоррӯзаи худ ба вилояти Суғд дар маросими ба истифода додани чандин иншооти ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ба ин васила садҳо нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд,  иштирок ва суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки таҷлили иди қадимии аҷдодиамон - Наврӯз саршор аз меҳру муҳаббат ба инсон буда, мардумро  нахуст ба дӯстию бародарӣ, ваҳдат ва созандагӣ даъват мекунаду хушбахтона, садсолаҳост, ки сарфи назар аз ҳама гуна мушкилиҳо ва монеаҳои таърихӣ, халқи тоҷик  онро бо орзуву ормонҳои нек пазироӣ дорад. Хосса, дар даврони соҳибистиқлолӣ Наврӯз  аз лиҳози мазмуну мундариҷа такмил ва ба иди сартосарӣ табдил ёфтааст. Мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз, бемуҳобот саҳми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.  Сарвари давлат дар истифода додани чандин корхонаи истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ иштирок карда, иброз доштанд: "Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон аз чунин соҳибкорон ифтихор доранду ин амали эшон аз нангу номуси миллӣ, ватандориву ватандӯстии онҳо шаҳодат медиҳад ва мо танҳо бо чунин ниятҳои самимӣ кишварамонро обод ва  гулистон хоҳем кард".
Воқеан, дар вилояти Суғд ба хотири истиқболи шоиста ва сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободкориву созандагӣ эълон шудааст. Дар ин радиф, дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 6 ҳазору 500 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ сохта мешаваду 2 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилоят, то кунун 2 ҳазору 200  иншооти ҷашнӣ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшаванда зиёда аз 300 адади онҳо корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки маҳсулоти воридотивазкунандаю содиротӣ истеҳсол хоҳанд кард. 
Вақте дар майдонҳои ба тозагӣ бунёдшуда дар  шаҳри Гулистону навоҳии Ғафурову Спитамен дар шоҳидии ҳазорон бошандагони маҳал зери оҳангу суруди миллӣ, нидоҳои «зиндаву поянда бод Тоҷикистон»  Парчами давлатӣ баланд шуда, зери шуои нурпоши Хуршеди оламафрӯз партавфишонӣ мекард, бисёриҳо аз шукронаи даврони истиқлолу соҳибдавлатӣ ашки шодӣ мерехтанд. 
Умеда Комилова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Гулистон, дар ин лаҳзаҳои гуворои фасли зебои баҳор, ки ин рӯйдоди сиёсиву фарҳангӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат сурат мегирифт,  ҳаяҷономез мегуфт, ки Гулистон маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба боғшаҳри зебо табдил ёфту чунин  созандагиҳо аз баракати ҳидоятҳои  Президенти кишвар мебошанд.
- Бузургворе ҳанӯз дар даврони қадим фармудааст, ки хушбахт он касонеанд, ки ҷавониашон ба ҷавонии давлат рост меояд. Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвари тозаистиқлол мебошем. Бо кушодани кӯдакистони нави замонавию бархӯрдор аз тамоми шароити муосири тарбияву таълим - «Парасту» барои 500 нафар дар шаҳр Пешвои миллат   қалби тифлону волидони онҳоро шодӣ бахшиданд, - гуфт Таҳмина Ашӯрқулова, мудири Муассисаи давлатии томактабии «Офтобак»-и шаҳри Гулистон. 
Чун анъана Пешвои миллат дар ҳар сафари кориашон ба гӯшаву канори мамлакат дар баробари шиносоӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳатман  аз рӯзгори ятимон огоҳ мешаванд, ки ин дафъа низ истисно набуд. Президенти мамлакат ҳам дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд ва ҳам дар ноҳияи Спитамен  бо онҳо суҳбатҳои самимӣ намуда, бахшида ба Иди Наврӯзи оламафрӯз туҳфаҳои хотиравӣ ва ба оилаҳои даҳ ятиму маъюб калиди манзилро супурда,  бори дигар изҳор доштанд, ки дар ҳама ҳолат нисбат ба ятимону маъюбон бетараф набошем. 
- Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақагирону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаи муҳимтарини худ мешуморем, - иброз доштанд Сарвари давлат дар мулоқоти худ бо кӯдакони ятим дар шаҳри Хуҷанд.
Зӯҳро Боқиева, омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, аз мулоқоти гарму падаронаи Пешвои муаззами миллат бо ятимон эҳсоси самимии худро аз номи эшон бо чанд сатри назм баён дошт:
Мо вале аз он ятимон нестем,
Сарваре дорем хеле меҳрубон.
Сарвари мо хоксор асту ҳалим,
Бар аёдат мерасад ӯ ҳар замон,
Эй Худои меҳрубону ҷовидон,
Бор нури раҳматат бар тоҷикон.

Ҳар сухани Сарвари давлат дар чорабиниву маъракаҳое, ки дар вилояти Суғд баргузор гаштанд, ҳидояти мардум ба созандагӣ, вусъатбахшии бунёдкорӣ, дӯстдории самимонаи Ватан, чун гавҳараки чашм ҳифз кардани ваҳдату ягонагии миллат, афзунбахшии дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва муаррифии миллат ба ҷаҳониён чун мардуми пешрафтаву тамаддунсоз буданд.
Ҳоло, ки мардуми кишвар  ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаасту ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин ҷашни миллӣ талошу такопӯй дорад, мо - сокинон, сарфи назар аз касбу кор, маҳалу миллат, воқеан ҳам, баҳри пешравӣ, сарсабзию хуррамӣ ва нерумандии ин сарзамини аҷдодӣ вазифадорем. Вазифадорем, ки бештару беҳтар дӯсташ дорем. Ба қавли шоири шаҳири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ:

МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР.
Ин даъват бояд шиор, дастури самимона ва ҳаррӯзаи ҳар фарди ватандӯсти мамлакат бошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳамаи нақшаву ҳадафҳо ҷиҳати ба як кишвари воқеан ҳам, рушдёфта табдил додани Тоҷикистон муваффақ хоҳем шуд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform