Ба аввал: Робита бо ҷомеа Сафари расмии вазири мудофиа ба Ҷумҳурии Исломи Покистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз202
Дирӯз444
Моҳ8922
Ҳамагӣ284674
Наворҳо

Форум

Сафари расмии вазири мудофиа ба Ҷумҳурии Исломи Покистон

09 04 2019

Доир ба сафари расмии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Покистон Дар заминаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ субҳи 9-уми апрели соли равон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломиии Покистон сафар намуд.

Зимни сафар дар назар аст, ки бо роҳбарияти сиёсӣ ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин кишвар вохӯрӣ ва мулоқотҳоли судманд ташкилу баргузор гардад.Дар ҷараёни вохӯриҳо дар назар аст, ки масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар замири ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад. Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳарбӣ баҳри рӯшду нӯмуи Артишҳои ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Инчунин мулоқотиҳои судманд, ташакул ва густариш додани муносибатҳои мухталифи низомиро дарбар хоҳад гирифт.

 

Ҳамзамон зиимни мулоқотҳо масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадрҳо, табодули иттилооту таҷрибомӯзӣ, иштирок ва назорат аз болои машқҳои васеи ҳарбӣ ва дигар масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Покистон аз соли 2009-ум оғоз гардида, дар ҳоли ҳозир дар марҳила рушду такомул қарор дорад.

Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Нозимиён О.И.

 


Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо