Ба аввал: Варзиш ОҒОЗИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 30 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз192
Дирӯз491
Моҳ13146
Ҳамагӣ314149
Наворҳо

Форум

ОҒОЗИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 30 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25 03 2019

15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд. Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад ва дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.
Дар ҳудуди иншооти варзишӣ бунёди биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Варзишгоҳ аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷойгир шудааст, иборат мебошад.
Иншооти муосир дар доираи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад. Масоҳати майдони футбол дар ин варзишгоҳи замонавӣ 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи варзишгоҳ, ба сохтмончиён барои анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми фазоӣ, зерминбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ, бунёди хонаҳои либосивазкунии варзишгарон ва ҳакамон, ҳаммом ва нуқтаи тиббӣ ба назар гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ин ҷо толорҳои машқу тамрин ва каҳвахонаҳо сохта мешаванд.
Барои меҳмонон бунёди ҳуҷраҳои алоҳида бо шумораи умумии 448 ҷой, майдончаҳои сайругашт дар баландии беш аз 9 метр ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудаанд.
Дар минбари ғарбии варзишгоҳ дар баландии бештар аз 18 метр ҷойҳои нишасту тамошо барои меҳмонони воломақом бунёд мегарданд. Ҳар як минбар ё қисмати варзишгоҳ дорои баромадгоҳи алоҳида хоҳад буд.  
Бояд гуфт, ки солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, махсусан футбол, дар мамлакат рушд намуда, барои варзишгарони ҷавону умедбахши Ватан муосиртарин шароити машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе танҳо дар давоми ду соли охир дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, беш аз 170 майдончаи варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Варзишгоҳи замонавӣ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст, ки сохтмонаш оғоз гардид, туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дӯстдорони соҳаи варзиш, аз ҷумла мухлисони футбол хоҳад буд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо