Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ НОРАК
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз283
Дирӯз552
Моҳ8246
Ҳамагӣ324175
Наворҳо

Форум

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ НОРАК

25 03 2019

 

Субҳи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ - Ҷашни байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони шаҳри Норак бо рӯҳияи болида дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.
Нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тарҳи корҳои таъмири асосии неругоҳ пешкаш гардид. Неругоҳи барқи обии “Норак” бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардида, 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 300 МВт 15 ноябри соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аз соли 1979 бо иқтидори пурраи 2700 МВт кор кардааст. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо 335 МВт ва 1 адад бо 320 МВт ба 3000 МВт расонда шуд. Имрӯз дар Неругоҳи барқи обии “Норак” 710 корманд, аз ҷумла 160 зан фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ - техникии неругоҳ 204 нафарро ташкил медиҳад.
Обанбори “Норак” - обанбори танзими солона ба ҳисоб рафта, аз саргаҳи дарғот дар масофаи 70 километр тӯл кашидааст. Ҳаҷми обанбор 10,5 километри мукааб буда, аз ин 4,5 километри мукааби он барои истеҳсоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон истифода бурда мешавад. Дарғоти неругоҳ маҷмааи гидротехникии сангу гилӣ буда, бо баландии 300 метр имрӯз дар ҷаҳон баландтарин дарғоти сангу гилӣ ба шумор меравад.
Истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ дар неругоҳ 11,2 миллиард киловатт - соатро ташкил дода, аз давраи бакорандозӣ то имрӯз дар неругоҳ 448,4 миллиард киловатт - соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст, ки аз ин 306,8 миллиарди он ба давраи  соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Айни замон, бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ неругоҳ тахминан бо иқтидори 2600 МВт фаъолият менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмӯъ, бо назардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар кишвар ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти неругоҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои сиёсию стратегӣ, яъне ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми солҳои 2015 - 2016 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирӣ аз Франсия асосноккунии техникӣ - иқтисодии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии садд”-и он омода карда шуд.
Тибқи асосноккунии техникӣ - иқтисодии гузарондашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо лоиҳа дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм - иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019 - 2023) пешбинӣ гардидааст. 
Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории лоиҳа 326,9 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169 миллиону 134 ҳазор доллар - қарз ва 57 миллиону 800 ҳазор доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки авруосиёии рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар гирифта, он давоми 5 сол (солҳои 2024 - 2028) бо арзиши 148, 6 миллион доллар татбиқ хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки дар вақти татбиқи амалии лоиҳа, ҷиҳати таҷдиди босамари агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Норак” пудратчиён аз техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Таъкид кардан зарур аст, ки баъди анҷоми корҳои таҷдиду навсозӣ тамоми системаи неругоҳ бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи таъмири асосии Неругоҳи барқи обии “Норак” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа - ширкати австриягии “Andritz Hydro”, мушовири лоиҳа - ширкати швейтсариягии “Stucky Ltd”  ва зерпудратчии лоиҳа - ширкати ватании “Тоҷик СГЭМ” ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳа маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
“Андритз Гидро” (ANDRITZ HYDRO) яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикии неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиду навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои агрегатҳои неругоҳҳои барқи обӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва турбогенераторҳо ба шумор меравад. Ширкат давоми таҷрибаи 175 - солаи худ зиёда аз 31 ҳазор адад турбинаҳоро бо иқтидори умумии 430 ҳазор МВт истеҳсол ва таҳвил додааст. Ширкати мазкур то имрӯз намояндагии худро дар тамоми минтақаҳои дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Бразилия таъсис дода, дар даҳҳо давлатҳои дигари ҷаҳон фаъолият намудааст. Айни замон ширкат дар раванди амалисозии 16 лоиҳаи калонҳаҷм иштирок дорад.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2005 бо дастгирии шарикони рушд корҳо вобаста ба тоза намудани сатҳи поёноби неругоҳ, мониторинги бехатарии садди неругоҳ, бунёди дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 кВ, иваз намудани трансформатори генератори рақами 8 бо иқтидори 450 МВА ва бо маблағгузории ширкати “Барқи тоҷик” иваз намудани чархи кории агрегати рақами 3 ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2010 - 2016 бо дастгирии Бонки олмонии рушд ва Бонки осиёии рушд лоиҳаҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/500 кВ дар Неругоҳи барқи обии “Норак” аз ҷониби ширкати олмонии “АLSTOM Grid GmbH” татбиқ карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Норак дар доираи амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ” ва “Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ” 13 августи соли 2013 дар Неругоҳи барқи обии “Норак” муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ - дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 - киловолта ва 27 апрели соли 2016 дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 - киловолтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таҷҳизоти асосии лоиҳаҳо дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи Аврупо, аз ҷумла дар давлатҳои Швейтсария, Франсия, Италия, Олмон, Полша ва Испания истеҳсол ва ба ҷумҳурӣ таҳвил ва васлу насб карда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои навсозии агрегатҳои неругоҳ ва бехатарии садди он ба масъулони дахлдор барои иҷрои босифати корҳои таҷдиди агрегатҳо ва таҳкимбахшии ҳолати бехатарии садди неругоҳ дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва муҳимияти ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакатро дар таъмини пешрафту тараққиёти бештари иқтисодию иҷтимоии кишвар, хусусан, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ махсус таъкид намуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.
Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе - Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220 - киловолтаи Неругоҳи барқи обии “Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1”, “Сангтӯда - 2”, “Помир - 1”, Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2”, зеристгоҳҳои барқии 500 - киловолтаи “Душанбе” ва “Суғд”, хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран - 2”, хатҳои интиқоли барқи 220 - киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, “Тоҷикистон - Афғонистон”, “Хуҷанд - Айнӣ”, “Қайроққум - Суғд”, “Айнӣ - Рӯдакӣ” ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSA-1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110- киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Иқдомҳои навбатии созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” мебошад. Айни ҳол корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар вилояти Хатлон идома дошта, моҳи майи соли 2019 таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” дар вилояти Суғд оғоз мегардад.
Иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 240 МВт-ро ташкил дода, он 4 - умин неругоҳи калон аз лиҳози иқтидор баъд аз неругоҳҳои «Норак» (3000 МВт), “Сангтӯда - 1” (670 МВт) ва “Бойғозӣ” (600 МВт) ба ҳисоб меравад.
Сохтмони неругоҳи мазкур, ки аз 6 агрегат иборат мебошад, ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Аз ҳамон вақт то имрӯз, ба ҷуз аз як агрегат - агрегати рақами 4, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва самаранокии кори неругоҳ ягон кори таҷдид ва навсозӣ анҷом дода  нашудааст. Аз ҷумла, бинобар сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об соли 1993 ва соли 1994 агрегати рақами 2 қисман зери об монда буд. Ҳамчунин, бинобар сабаби истифодаи тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шудаанд.
Бинобар сабаби кам шудани кори фоиданокии агрегатҳо ва зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолӣ ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани агрегатҳо бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат корҳои таъмиру таҷдиди неругоҳ оғоз гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки натиҷаҳояш барои рушду пешрафти кишвар неку бобарор хоҳанд буд.

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МЕҲМОНХОНАИ ЗАМОНАВӢ
20 март дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.
Аснои муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар масоҳати 0,46 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Бинои меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди толори варзиш, ду ошхона, ҳаммом, буғхона, ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи якум ҷойи таомхӯрӣ, толори баргузории конфронс, ҳуҷраҳои корӣ ва як ошхонаи дигар низ сохта мешаванд.
Тибқи лоиҳа, бунёди ҳуҷраҳои хоб, толори фароғатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои меҳмонони олиқадр ва толори хурди варзиш дар ошёнаҳои сеюму чорум пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди ин меҳмонхонаи замонавӣ биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ низ сохта мешаванд.

КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОШИНҲОИ РЕЗИНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК
20 март бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ -  механикӣ”- и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.
Коргоҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ аз шинаҳои автомобил, ки  фарсуда шудаанд, се намуди маҳсулот истеҳсол гардида,  ин  номгӯи масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди майдончаҳои варзиш, саҳни боғчаҳои кӯдакона ва роҳравҳо васеъ истифода карда мешавад.
Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Баъди ба истифода супурдани коргоҳи нав зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” ба зиёда аз 150 нафар расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур ба фаъолияти коргоҳи нави буриш ва ороиши варақаҳои оҳанини андозаи 2 ва 150 - миллиметра, ки  бо  дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, шинос шуданд. Ин коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо асосан болорҳо, қолабҳои гуногун ва ороишҳои оҳанӣ истеҳсол  карда мешаванд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол коркарди 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳҳои нав, ки дар  онҳо истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд ва рақобатпазир сурат мегирад,  баҳои баланд доданд. Ба масъулон дастур доданд, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро беш аз пеш афзун намоянд.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” якчанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои  тунукагӣ, бетони молӣ бо  технологияи  компютерӣ ва  симтаноб барои кранҳои  борбардор истеҳсол мегарданд, ки ҳамаи онҳо воридотивазкунанда буда, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуданд.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона асосан барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз  ҷумла “Роғун” истифода карда мешаванд, ки ҳамзамон, зиёда аз 600 нафар коргарону мутахассисони корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиёи Марказӣ мавҷуд нест, фаъолияти босамар  доранд.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин коргоҳҳои нави саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои  татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ -  саноатикунонии  босуръати мамлакат замина хоҳад гузошт.

ИФТИТОҲИ “ГИДРОМЕХСАНОАТ” - И ҶСК “ТОҶИКГИДРОМОНТАЖ” 
20 март дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали корхонаи “Гидромехсаноат” - и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ буда, дар Тоҷикистон ягона корхона ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатии мамлакат дар як моҳ то ҳазор тонна таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ мебошад.
Дар корхонаи “Гидромехсаноат” истеҳсоли ҳама намуд дарвозаҳо, аз ҷумла дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва лӯлаҳои обрасони турбина барои неругоҳҳои барқи обӣ ба роҳ монда шуда, 250 нафар бо ҷойи кор доимӣ таъмин шуд.
Барои истеҳсоли маҳсулот дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи амудӣ - фрезерӣ, харротӣ - мурватбурӣ, дастгоҳи уфуқӣ - қиргиранда, дастгоҳи чорвалкагии гидравликии даврагӣ, тасмабурӣ, дастгоҳи вараққаткунӣ, варақросткунанда ва ғайра бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Гуфта шуд, ки чунин таҷҳизот барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ зарур аст ва то ба имрӯз аз Федератсияи Россия ва Украина оварда мешуд ва вазни ҳар кадоми он аз 50 то 190 тоннаро ташкил медиҳад. Воридоти таҷҳизоти мазкур дар баробари харҷи зиёди маблағ, ҳамзамон, вақти зиёд талаб мекард.
Имрӯз дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ва ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди чунин корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода шудааст ва ин раванд дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, ин иқдоми роҳбарияти олии мамлакат ба коҳиши воридоти дастгоҳу таҷҳизот сабаб хоҳад гардид.
Дар ин рӯз баробари фаъол гардидани корхонаи “Гидромехсаноат” - и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Институти лоиҳакашии сохтмони неругоҳҳо, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, муаррифӣ гардид. Тавре таъкид гашт, дар ин институт беҳтарин мутахассисони соҳа ҷалб гардидаанд, ки дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт.
Бо бунёди марҳилаҳои дуюму сеюми корхонаи “Гидромехсаноат” дар баробари афзун гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои корӣ низ бештар карда мешавад.
Аз рӯи маълумоти масъулон феълан барои маъмурият бинои нав сохта шуда, бунёди бинои дуошёна барои коргоҳи дӯзандагӣ ва хобгоҳ барои кормандони “Гидромехсаноат” идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар назди корхона коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки бонувон бо истифода аз шароиту имконоти фарохи муҳайёгардида ба дӯхти либоси корӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” машғуланд. Дар ҷойи биноҳои маъмурӣ ва коргоҳи дӯзандагии қаблӣ сохтмони марҳилаҳои ояндаи корхона оғоз хоҳад гардид.
Корхонаи “Гидромехсаноат” дар баробари истеҳсоли дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва лӯлаҳои обрасони турбина ин таҷҳизотро бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ васлу насб менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, ҳамзамон, таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда идома дошта, ин корхонаи навбунёди саноатӣ имкон медиҳад, ки бо харҷи ками маблағу сарфаи вақт таҷҳизоти зарурӣ бо сифати баланд дар дохили мамлакат истеҳсол ва дастрас гардад.

МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА СУПУРДАНИ МАЙДОНИ НИШОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд. 
Иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар зарфи камтар аз як сол сохтмони он ба анҷом расонда шуд. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 20 метрро ташкил дода, аз масолеҳи хушсифат ва тобовар бунёд ёфтааст. Худи нишон наздик ба 2 метр буда, дар маҷмӯъ, баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.
Майдони Нишони давлатӣ аз се қисмат иборат буда, ҳамагии он бо санги мармар, ки аз табиати бойи Тоҷикистон дастрасу коркард гардидааст, зебу зинат ва оро дода шудааст. Ҳамзамон, иншоот бо гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ сабзу хуррам гардонда шуда, ба як мавзеи дилрабову зебои шаҳри Норак мубаддал гардидааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин, роҳҳои мошингарди атрофи иншоот мумфарш ва ба талаботи замон мувофиқ гардонда шуданд.
Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ иншоотро 76 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояву нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинондани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфта, пурра бо тавораҳои панҷарадори алюминӣ зебу оро дода шудааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он ба масъулон дастуру супориш доданд.   
Дар ин иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонда шудааст. Ҳудуди ҳар ду майдон пурра майсазор гардида, дар дохили иншоот як қаҳвахона бунёд шуд.
Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо системаи муосири равшанидиҳӣ таъмин гаштааст.
Дар шафати Нишони давлатӣ ду майдони сайру саёҳат низ барои сокинон сохта шуд. Мавзеи навбунёд мутобиқ ба талаботи замон буда, бешубҳа, ба макони сайру саёҳат ва истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Норак табдил хоҳад ёфт.

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ МАЙДОНИ ВАРЗИШ 
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзиш санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзиш дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд ёфта, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бе тағйир  нигоҳ дошта шуда, дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд.  Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар баробари нишастгоҳ, ҳамчунин, дар ин ҷо дигар шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад.  
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, ин иншоот бо ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин хоҳад шуд. Барои обутоби бадан дар ин иншоот толорҳои алоҳидаи машқу тамрин дар назар дошта шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бо ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва мағоза таъмин мегарданд.
Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ боз дигар биноҳои ёрирасон низ сохта мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони зеристгоҳи барқӣ, майдон барои партов, ҳавзи оташхомӯшкунӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва майдонҳо барои бозии баскетболу волейбол.   
Зимни шиносоӣ бо тарҳи варзишгоҳи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сохтмончиён барои иҷрои саривақтии корҳо, назорати қатъии сифат ва истифодаи масолеҳи баландсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

МУЛОҚОТ БО 250 НАФАР ЯТИМИ КУЛ
Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд. 
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек наврасону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии Ҷашни зебои баҳор - Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан, ҳидоят намуданд.
Туҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сарулибоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму костум, курта, ҷуробу пойафзол, болопӯш, барои духтарон 12 метрӣ матои хушсифати атлас ва шириниҳои гуногун иборат буданд. Дар ин рӯз, ҳамчунин, ба ятимон зиёфати идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо маблағҳои пулӣ тақдим шуданд.
Тибқи иттилоъ, имрӯз дар вилояти Хатлон 648 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст ва туҳфаҳои идонаи Роҳбари давлат ба ҳамин тартиб ба боқимонда 400 нафар низ дастрас карда мешаванд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накуи ниёгон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ анҷом медиҳанд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои наврасону ҷавонон, бахусус нафарони бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзмандро дар навбати аввал қарор додаанд.  Ҳамин аст, ки ҳамасола барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва буду боши ятимон дар мактаб - интернатҳои мамлакат ва бо ҷои кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеа ба зиндагии арзанда корҳои назаррасу самарабахш анҷом дода мешаванд. 
Ятимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори минатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. 
Дар ин рӯз, хушнудиву болидарӯҳии ятимони кулро ҳадду канор набуд, зеро ҳар кадоми онҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманди идона гардиданд ва бо Сарвари саховатпешаву дурандеши худ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

БАРАФРОХТАНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохтанд.
Парчами давлатӣ бо садо додани Суруди миллӣ дар фазои орому осудаи Ватан, дар маркази шаҳри Норак партавафшон шуд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад. Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд гардида, атрофи он бо гулу буттаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст. Поя ва майдони Парчами давлатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд шудаанд.
Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ин мавзеъ, аз як ҷониб ба ҳусни шаҳри Норак зебоии бештар зам намояд, аз тарафи дигар майдони он барои истироҳату фароғати сокинон басо созгор аст.
Парчами давлатӣ дар ин макони сераҳолии шаҳр ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ қад афрохт.

МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР МАЙДОНИ МАРКАЗИИ ШАҲР
20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз рӯи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта, онро ифтитоҳ карданд.
Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад. Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.
Маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо оро дода шудааст. Соҳибкорон роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш кардаанд, ки дар маҷмӯъ, ин мавзеъ барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.

БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ“КОРВОНИ НАВРӮЗӢ” 
Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирон ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуданд.
Маросими тантанавии Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барномаи бошукӯҳи театрикунонидашудаи “Корвони наврӯзӣ” идома дод.
Тибқи иттилои созмондиҳандагони чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидааст. Дар барномаи фарҳангӣ - оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.
Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳали баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.
Барномаи фарҳангии “Корвони наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид. Аз рафти чорабинӣ маълум гашт, ки таҳиягарон бо назардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд.
Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буданд. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузурги фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси Наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии ин намоиш буданд, ки ба ҳозирон хеле писанд омаданд.
«Корвони наврӯзӣ», ки дар кишвари мо бо талошу тадбирҳои созандаи Пешвои миллат пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон оинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардондан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардондааст.
Дар охир Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуданд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо