Ба аввал: Робита бо ҷомеа ПРОКУРАТУРА ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ҶОМЕА
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз563
Дирӯз591
Моҳ9049
Ҳамагӣ310052
Наворҳо

Форум

ПРОКУРАТУРА ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ҶОМЕА

18 03 2019

 

Мақомоти прокуратура чун дигар сохторҳои давлатӣ дар замони истиқлолият таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронда, ба мақомоти мустақили созгор ба принсипҳои демократии давлатдорӣ табдил ёфт. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқ карда шуданд. Ташаккул ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро, маҳз дар ҳамин давраи барои миллати куҳанбунёди мо тақдирсоз мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистон таъмин гашта, имкон фароҳам омад, ки вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.
Дар рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳанӯз 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомоти прокуратура тақдирсоз қабул  гардида, заминаи ҳуқуқии фаъолияти онро фароҳам оварданд. Бо дарназардошти аҳамияти ин рӯйдодҳо, 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон гардид. Чун дар бораи роҳи тайнамудаи мақомоти прокуратура ҳарф мезанем, беихтиёр ҳаводиси солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пеши назар меоянд. Хушбахтона, кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳоло дар ҳар саҳифаи таърихи истиқлолият нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд сабт шудааст.
Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз оғози даврони истиқлолият дар натиҷаи дасисаи душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз даст рафтани давлатдории миллӣ ба миён омада буд. Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ мардуми кишварро ноумеду маъюс гардонда буд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъ фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура,  фалаҷ гардида,  амнияти  кормандон ҳам дар ҷои кор ва ҳам дар ҷои зист таъмин набуд. 
Хушбахтона, баъд аз Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва таъсиси ҳукумати қонунӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор шуда, муборизаи оштинопазир бо гурӯҳҳои ҷинояткор оғоз ёфт. Дар он замон яке аз талабҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра ва ҳаматарафа тафтишу гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба ин мақсад, дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои  дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ  дар ҳайати 250 нафар корманди  мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби ситод садҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбат ба чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ, ки аз тарафи  гурӯҳҳои ҷинояткор содир гардидаанд, мавриди тафтиш қарор дода шуданд.
Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза, ки хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти кишварҳои олам таҳдид мекунанд, кормандони мақомоти прокуратура дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказӣ - раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд. Гузашта аз ин, воҳидҳои нав - шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот, инчунин, шуъбаи амнияти дохилӣ созмон дода шуданд. 
Боиси фараҳмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тавсеаи фаъолияти мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҷиҳати таъминоти моддиву кадрӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизмативу маишӣ барои кормандон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993  то инҷониб беш аз 60 нафар корманди мақомот аз ҷониби Сарвари давлат ба рутбаи олии дараҷавӣ  ва зиёда аз 200 нафар бо мукофотҳои давлатӣ  ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд. 
Мо - кормандони прокуратура дар партави дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат худро вазифадор мешуморем, ки барои тақвият додани самаранокии фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ масъулияти бештар нишон дода, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо