18 02 2019

Хизмат ба халқ, саъю кӯшиши пайваста ба хотири ҳифзи Истиқлолият, якпорчагии қаламрави Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати тамоми сокинони он ва дастгириву пуштибонии сулҳу оромӣ-бузургтарин вазифа ва муқаддастарин қарзи ҳар кадоми мову шумост ва ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромӯш кунад”. Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро водор мекунад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд, ки сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Зеро, дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад ва ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз артишҳои ҷавон ба шумор рафта, аз рӯзи таъсисёбиаш то ин лаҳза вазифаҳои дар наздаш гузошташударо сарбаландна иҷро карда меояд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимоди Ватан ва дастовардҳои истиқлолияти миллии худро мебинанд. Маҳз бо хизмати содиқона ва бошарафонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як давраи кӯтоҳи тарихӣ артиши қобили ҳифзи Ватан ба камол расонида шуд, ки имсол ба таъсисёбии он 26 сол пур мешавад ва онро дар як фазои орому осоишта ва рӯҳияи ифтихор аз соҳибдавлатӣ истиқбол мегирем.

Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит кардааст. Ба ибораи дигар, дар муддати 26 сол ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд. Имрӯз низ, вобаста ба авзои мураккаб ва ҳассоси ҷаҳон, вазъи шадиди геополитикии сайёра, афзудани таҳдиду хатарҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, афзоиш ёфтани падидаҳои нангину хатарноки терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ дар назди ҳайати шахсии тамоми сохторҳои низомӣ вазифаҳои ниҳоят муҳим гузоштаанд, ки хизмати ҳушёронаи шабонарӯзӣ, фидокорӣ ва мутобиқсозии оқилонаву муассири фаъолияти нерӯҳои дифоии мамлакатро тақозо мекунанд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Таърихи 26-солаи Артиши миллии ҷумҳурӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ба Қувваҳои Мусаллаҳ баҳои сазовор дода, иброз намуданд, ки «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд». Аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ мешавад. Дар хусуси таъсисёбии мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамсафи он мебошад, қайд намудан низ ба маврид аст. Зеро, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ низ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда истодаанд. Нақши мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас аст.

Хушбахтона, имрӯз мо ҷашни 26-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромии Ватани азизамон истиқбол мегирем ва саъйу кӯшиш менамоем, ки баҳри ҳифзи давлату миллат хизмати бенуқсону шоистаро пеша намоем. Барои афроди низомӣ ва ватанхоҳ таманнои онро дорем, ки дар зиндагӣ ва кору фаъолияти хеш ҳамеша сарбаланду накуном бошанд. Иди касбӣ муборак, фарзандони шуҷои Ватан!

А. АЛИЗОДА, прокурори ҳарбии Сарпрокуратураи ҳарбӣ, подполковники адлия