Ба аввал: Робита бо ҷомеа Аз анҷоми ҳодисаҳои Афғонистон 30 сол гузашт
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз427
Дирӯз415
Моҳ5707
Ҳамагӣ255052
Наворҳо

Форум

Аз анҷоми ҳодисаҳои Афғонистон 30 сол гузашт

08 02 2019

Ҳодисаҳои Афғонистон ва сабақи он

Дар нимаи дувуми асри гузашта тавассути дахолати баъзе давлатҳои абарқудрат дар ҷаҳон бисёр ҳодисаҳое рӯй доданд, ки ба тақдири халқҳо таъсири манфӣ расонданд. Яке аз чунин ҳодисаҳо ба ҳудуди давлати ба мо ҳамсоя-Афғонистон ворид шудани контингенти маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва аланга задани ҷанги шаҳрвандии дохили кишвару оғози муқовимати мусаллаҳона ба муқобили ҷузъу томҳои Шӯравӣ буд.

Дар он солҳо давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу васила мехостанд таъсиру нуфузи худро ба кишварҳои сусттараққикардаву қафомонда бор карда, онҳоро зери итоати геополитикии худ қарор диҳанд. Соли 1979 воқеаҳои дохилии сиёсӣ дар Афғонистон шароити муносиб барои дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишварро фароҳам овард. Баъди таҳлили вазъ ва муроҷиати чандинкаратаи роҳбарияти ҶДА роҳбарияти ИҶШС барои вориди контингенти маҳдуди артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон қарор қабул кард. 27-уми декабри соли 1979 аввалин ҷузъу томҳои Артиши Шӯравӣ вориди хоки ҳамсоякишвар шуданд.

Дар ибтидо вазифаи асосии нерӯҳои маҳдуд аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи афғон дар сохтмони ҳаёти нав иборат дониста мешуд. Аз ин ру, дар марҳалаи аввал дар ҳақиқат баробари фурӯ нишондани муқобилияти баъзе нерӯҳо фиристодагони Шӯравӣ ба ташкили рукнҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ташкили сохтори ҳокимияти нави давлатӣ, сохтмони пулу роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, корхонаву муассисаҳо машғул буданд. Бо таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дигаргуниҳои куллӣ оғоз гардид ва ин ба нерӯҳои бадхоҳи дохилию давлатҳои Ғарб, пеш аз ҳама, ба Илооти Муттаҳидаи Америка писанд наомад. Баъди мудохилаи онҳо воқеаҳо ранги дигар гирифта, давлатҳои Ғарб дар баробари ҷанги идеологӣ ба муқобили сиёсати Шӯравӣ, ба ташкили дастаҳои муқовимат (муҷоҳид), бо силоҳу аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ таъмин кардан ба муқобили ҷузъу томҳои Шӯравӣ мубориза бурданро оғоз карда, байни контингенти маҳдуди Артиши Шӯравӣ ва муқобилони сохти нав ҷангӣ ҳақиқӣ оғоз шуд. Ин ҷанг 10 сол - аз 27-уми декабри соли 1979 то 15-уми феврали соли 1989 давом карда, боиси қурбониҳои зиёд ҳам аз ҷониби низомиёни Шӯравӣ ва ҳам муҷоҳидону мардуми осоишта гардид.

 

Аз хоки Афғонистон баромадани қӯшуни Шӯравӣ 30 сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол дар ин сарзамини азияткашида сулҳу осоиш барқарор нест. Бо дарназардошти рӯйдодҳои ахирини ҷаҳон имрӯз бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки ҷангҳо дар Афғонистон ибтидои фаъолияти терроризми байналхалқӣ будааст ва имрӯз он дар бисёр давлатҳои Шарқи наздик, Африқо ва Аврупо бо оқибатҳои фоҷиабор идома доранд. Дар хоки ин кишвар ҷойгиршавӣ ва омодагии боқимондаҳои дастаҳои ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ба амалҳои зишт бар зиддӣ давлатҳои минтақа ба ин гувоҳ шуда метавонад. Дар тамоми давраи амалиёти ҳарбӣ низомиёни Шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ-башардӯстӣ аз худ корнамоиву шуҷоат нишон медоданд. Ба талафоти зиёди ҷонӣ, захмбардории афсарону сарбозон нигоҳ накарда онҳо вазифаҳои башардӯстонаи худро содиқона идома медоданд. Дар як вақт фиристодагони Шӯравӣ ба аҳолии маҳаллӣ кӯмак расонида, бо кори созандагӣ низ машғул буданд ва баъди гузашти солҳо худи афғонҳо (ҳатто собиқ ҷангиёни мухолифин) иқдомҳои башардӯстонаи сарбозони Шӯравӣ, адлу инсоф, шуҷоат ва некиҳои инсонии онҳоро ба некӣ ёд меоваранд.

Баъди гузашти 30 сол ақидаҳо дар бораи ҳодисаҳои он давр гуногун бошанд ҳам, дар бораи фаъолияти ҷангию меҳнати созандаи фиристодагони Шӯравӣ мисолҳои зерин шаҳодат медиҳанд;

-солҳои 1979-1989 дар Афғонистон афсарони касбӣ ду сол, сарбозони тибқи даъват якуним сол хизмат мекарданд;

-дар давоми 10 сол дар қатори контингенти маҳдуди Шӯравӣ 620 ҳазор одамони Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо оварданд, ки аз онҳо 525 ҳазор нафар дар артиш, 90 ҳазор нафар дар қӯшунҳои сарҳадӣ, 5 ҳазор нафар дар қӯшунҳои Вазорати Корҳои Дохилӣ хизмат карданд. Зиёда аз 21 ҳазор шаҳрвандони Шӯравӣ дар корҳои дигар фаъолият дошта, ба халқи бародари афғон кӯмак расониданд.

Тайи солҳои кӯмаки башардӯстона дар Афғонистон барои корнамоиҳои ҷангӣ зиёда аз 200 ҳазор ҳарбиён бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд, ки аз онҳо 111966 нафарашон сарбозон, 19261 нафарашон прапорши-кон, 66251 нафарашон афсарон, 2675 нафарашон коргарону хизматчиён, 1350 нафарашонро занон ташкил медоданд. 102547 нафари мукофотонидашуда-гонро русҳо, 6050 нафарашонро ӯзбекҳо, 2265 нафарашонро қазоқҳо, 2710 нафарашонро тоҷикон, 855 нафарашонро туркманхо, 635 нафарашонро қирғизҳо ва дигар миллатҳо ташкил медиҳанд.

Барои корнамоиҳои ҷангӣ, далерию шуҷоат ба 92 нафар ҳарбиён унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 31 нафари онҳо дар набардҳои хунин ҳалок гаштанд. 16 нафари Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ сарбозу сержантҳо, 1 нафар старшина, 64 нафарашон афсарон, 7 нафар генерал, 1 нафарро маршал ташкил медиҳад. Аз намояндагони халқи тоҷик ба Александр Мироненко ва Набӣ Акрамов низ барои корнамоиҳои ҷангӣ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст. Барои шуҷоату софдилона иҷро кардани қарзи башардӯстӣ дар хоки Афғонистон 103 нафар бо ордени Ленин, 1972 нафар бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст.

Албатта, ягон ҷанг бе қурбонию мусибат намешавад ва ҳодисаҳои ҳамсоякишвар аз он истисно набуд. Дар давраи иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар Афғонистон 14453 нафар афсарону сарбозони Шӯравӣ ҳалок шуданд. Дар натиҷаи ҷароҳатбардорӣ, контузия ва дигар вазъиятҳои ҷангӣ 417 нафар афсарону сарбозон асир афтода, баъдтар 119 нафар озод ва 97 нафарашон ба Ватан баргардонида шуданд. Аз байн солҳо гузаштанд, имрӯз дунёву минтақа ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз нест дигар Иттиҳоди Шӯравӣ бо артиши пурзӯраш. Ҳоло дар вайронаҳои он давлати пурқудрат даҳҳо ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол бо артишҳои миллии худ арзи вуҷуд доранд. Акнун фарзандони Тоҷикистон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи худ хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, ҳамзамон, анъанаҳои беҳтарини бобоён, падарону бародарони худро идома медиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, тамоми халқҳои собиқ Шӯравӣ, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳеҷ гоҳ ҳодисаҳои Афғонистон, хизмату фаъолияти меҳнатӣ, муборизаву ҷонбозии якҷояашонро баҳри расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи ҳамсоякишвар фаромӯш нахоҳанд кард.

Баъди гузашти солҳо имрӯз ба ҳамагон маълум шуд, ки амалиёти гурӯҳҳои силоҳбадасти афғон, зархаридони хориҷӣ ба муқобили ҳукумат ва ҷузъу томҳои Шӯравӣ ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ буда, имрӯз ба аксари давлатҳои минтақаву ҷаҳон доман паҳн кардааст. Дар баробари ин, таърих ҳамчун ҳаками ҳақбин собит мекунад, ки ҳеҷ гоҳ халқеро, ки озодию истиқлолияти хешро дӯст дошта, баҳри он мубориза мебарад, мағлуб ва ё бо зӯриву хилофи хоҳишаш зери итоати худ даровардану бор кардани ақидаи бегона мумкин набудааст. Ба ин нигоҳ накарда, баъди гузашти солҳо бисёриҳо, ҳатто худи намояндагони халқи афғон ба корнамоиҳои сарбозони Шӯравӣ, инсондӯстӣ, заҳматҳои созандаи фиристодагони Шӯравӣ дар хоки ин кишвари ба як умр ҷангзада баҳои баланд дода, аз ҳамкории неку судманди он давра ба некӣ ёд мекунанд.

Афғонистон ба мо ҳамсоя бошад ҳам, вале понздаҳ ҳазор ҷавонони тоҷик низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби артиши амалкунанда, дар соҳаҳои дигар дар Афғонистон қарзи башардӯстонаро ба ҷо оварда, шуҳрати халқи худ ва Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Барои корнамоии ҷангӣ 2710 нафар тоҷикписарон бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, ба 2 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст. Дар амалиёти ҷангӣ 365 нафар ҳалок шудаанд.

Аз анҷоми он ҳодисаҳо се даҳсола гузашта бошад ҳам, онро мардуми сулҳхоҳи мо ба хотири дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашудани чунин амалҳо фаромӯш намекунад. Ва имрӯз ҳам собиқ ҷанговарони башардӯст ҳамчун идомадиҳандагони анъанаҳои беҳтарини падарону бобоёни шуҳратёри худ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси афсари Қувваҳои Мусаллаҳ, омӯзгору табиб, муҳандис ва ғайра ба фаъолияти меҳнативу хизмат ба Ватан машғул буда, ба кори ҳарбӣ-ватандӯстии насли ҷавон, оқибатҳои нохуши ҷангҳо, тарғиби хизмат ба Ватан ва меҳнати созанда машғуланд. Башардӯстон дар ҳамаи соҳаҳо барои ҷавонони имрӯза намунаи ибрат буда, ифтихори мо мебошанд. Аз ин хотир, ҳамасола рӯзи 15 феврал башардӯстони тоҷик ба мисли ҳазорон ҳампешагони худ ба хотири ёди рӯзҳои дар Афғонистон гузашта, ба хотири гиромидошти шаҳидони зиндаёд дар пойтахти кишвар, дар маҷлисгоҳҳову майдону хиёбонҳои шаҳру навоҳии мамлакат ҷамъ омада, бо хонандагон, бо ҷавонони донишҷӯву сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ суҳбату мулоқотҳо доир мекунанд. Онҳо ва ҷавонони имрӯза мутмаинанд, ки он давраву рӯзҳои доғ, ҷангу хунрезиҳо дигар ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад шуд. Ба хотири фардои неки фарзандонамон, насли ҷавон ва зиндаҳо, ба хотири ашки хушкнашудаи падару модарони дар ҷанг фарзандгумкарда, арӯсони танҳомонда, духтарону писарони ятиммонда, онҳо тамоми чораҳоро меандешанд, ки дар кишварамон ҳамеша сулҳу амонӣ, фазои дӯстию ваҳдат ва меҳнати созандаву зиндагии хушу гуворо танинандоз бошад.

Бо истифодаи имкони муносиб мехоҳем тамоми ҷанговарони башардӯст ва алоқамандони ҳодисаҳои солҳои 1979-1989-ро ба муносибати 30-солагии ба охир расидани ҳодисаҳои Афғонистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар ҷодаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон барору пирӯзиҳо орзу намоем.

Ҳ. ХУДОЙҚУЛОВ, собиқадори ҚМҶТ, Ҷ.Ҳ. ҶӮРАЕВА, устоди ДТТ ба номи М.Осимӣ

Набарорем аз ёд.

Дар садсолаи гузашта баъди Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ҳодисаҳои Афғонистон дар таърихи мамлакатамон мавқеи хосеро ишғол карда буд. Амале, ки ба нияти неки Давлати Шуравӣ оғоз гашта буд, билохира ба аланга задани ҷанги шаҳрвандии дохили кишвару оғози муқовимати мусаллаҳона ба муқобили ҷузъу томҳои шуравӣ оварда расонида буд. Рафти воқеаҳо боиси ба амал омадани руйдодҳое гаштанд, ки дар тақдири ИҶШС ва халқҳои он таъсири манфӣ гузошта, билохира сабабгори суқуту яке аз давлатҳои бузургтарини олам гардид.

Дар он солҳо давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу васила мехостанд таъсиру нуфузи худро ба кишварҳои сусттараққикардаву қафомонда бор карда, онҳоро зери итоати геополитикии худ қарор диҳанд. Соли 1979 дар Афғонистон воқеаҳои дохилии сиёсӣ ва шароити муносиб барои дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишварро фароҳам овард. Баъди таҳлили вазъ бо қарори роҳбарияти кишвар 27 декабри соли 1979 аввалин ҷузъу томҳои Артиши шӯравӣ вориди хоки ҳамсоякишвар шуданд.

Дар аввал вазифаи асосии нерӯҳои маҳдуд аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи афғон дар сохтмони ҳаёти нав иборат дониста мешуд. Бинобар ин дар аввал воқеан ҳам баробари фуруъ нишондани муқобилияти нерӯҳои муқобил ҳарбиёни шӯравӣ ба ташкили рукнҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ташкили сохтори ҳокимияти нави давлатӣ, сохтмони пулу роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, корхонаву муассисаҳо ва ғайраҳо машғул буданд. Дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ оғоз шуд ва ин ба нерӯҳои бадхоҳи дохилию давлатҳои Ғарб, пеш аз ҳама – ИМА маъқул нашуд. Баъди мудохилаи онҳо воқеаҳо ранги дигар гирифта, давлатҳои ғарб дар баробари ҷангӣ идеологӣ ба муқобили сиёсати шӯравӣ, ба ташкили дастаҳои муқовимати муҷоҳидин, бо силоҳу аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин кардан, ба муқобили ҷузъу томҳои шӯравӣ мубориза бурданро оғоз карда, байни Артиши Шӯравӣ ва муқобилони сохти нав ҷангӣ ҳақиқӣ оғоз шуд. Ин ҷанг аз 27 декабри соли 1979 то 15 феврали соли 1989 давом карда, боиси қурбониҳои зиёд ҳам аз ҷониби низомиёни шӯравӣ ва ҳам муҷоҳидону мардуми осоишта гардид.

Ба аз Афғонистон баромадани қушуни шуравӣ 30 сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол дар ин сарзамини азияткашида сулҳу осоиш барқарор нест. Имрӯз бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки муҳорибаҳои хунин дар Афғонистон ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ будааст, ки имрӯз дар бисёр давлатҳои Шарқи наздик, Африка ва Аврупо доман паҳн карда, бо оқибатҳои фоҷиабор идома доранд. Дар хоки ин кишвар ҷойгиршавӣ ва тайёрии бозмондаҳои дастаҳои ДИИШ ва гуруҳҳои террористӣ ба амалҳои зишт барзидди давлатҳои минтақа ба ин гувоҳ шуда метавонад. Вале мебоист фармони Ватан иҷро шавад. Аз ин ру дар тамоми давраи амалиётҳои ҳарбӣ низомиёни шуравӣ дар иҷрои вазифаҳои хизмати-башардӯстӣ аз худ корнамоиву қаҳрамонӣ нишон медоданд. Новобаста аз талафотҳои зиёди ҷонӣ, захмбардории афсарону сарбозон, онҳо вазифаҳои башардӯстонаи худро содиқона идома медоданд ва дар як вақт ба аҳолии маҳаллӣ кӯмак расонида, бо кори созандагӣ низ машғул буданд. Баъди гузашти даҳсолҳо худи мардуми афғон, ҳатто собиқ мухолифон, иқдомҳои неку созандаи сарбозони шӯравиро бо неки ба ёд меоранд.

Бо гузашти солҳо ақидаҳо оиди ҳодисаҳои он давр гуногун бошанд ҳам, дар бораи фаъолияти ҷангию меҳнати созандаи фиристодагони шӯравӣ мисолҳои зерин шаҳодат медиҳанд:

-дар Афғонистон афсарон 2 сол, сарбозон 1,5 сол хизмат мекарданд;

-дар 10 сол дар Афғонистон 620 ҳазор одамони шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, 21 ҳазор шаҳрвандони шӯравӣ дар сохтмони ҳаёти нав ба халқи афғон кӯмак расониданд.

-тайи ин солҳо дар Афғонистон барои корнамоиҳои ҷангӣ зиёда аз 200 ҳазор ҳарбиён бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд, ки 2710 нафарашонро тоҷикон ташкил медоданд.

-ба 92 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, аз онҳо 31 нафарашон дар ҷангҳо ҳалок гаштанд. Аз онҳо 16 нафар сарбозу сержантҳо, 1 нафар старшина, 64 нафарашон афсарон, 7 нафар генерал ва 1 нафараш маршал буданд. Аз фиристодагони халқи тоҷик ба 2 нафар – Александр Мироненко ва Наби Акрамов низ барои корнамоиҳои ҷангӣ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.

-дар Афғонистон аз рӯи баъзе маълумотҳо 14453 нафар афсарону сарбозони шӯравӣ ҳалок шуда, дар натиҷаи ҷароҳатбардорӣ, контузия ва дигар вазъиятҳои ҷангӣ 417 нафар асир афтодаанд. Дертар, аксари онҳо аз асири озод шуда, ба Ватани зист баргаштаанд.

Аз байн 30 сол гузашта, дунёву минтақа ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз нест дигар ИҶШС бо артиши пурзӯраш. Дар вайронаҳои он ҳоло даҳҳо ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол бо артиши миллии худ арзи вуҷуд доранд. Фарзандони Тоҷикистон низ имруз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи худ хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, ҳамзамон анъанаҳои беҳтарини бобоён, падарону бародарони худро идома медиҳанд. Вале, халқҳои собиқ шӯравӣ, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳеч гоҳ ҳодисаҳои Афғонистон, хизмату фаъолияти меҳнати, муборизаву ҷонбозии якҷояашонро баҳри расонидани кӯмаки башардӯстона ба халқи ҳамсоякишвар фаромӯш нахоҳанд кард.

Баъди гузашти солҳо имрӯз ба ҳамагон маълум шуд, ки амалиётҳои гуруҳҳои силоҳбадасти афғон, зархаридони хориҷӣ ба муқобили ҳукумат ва ҷузъу томҳои шӯравӣ ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ буда, имрӯз ба аксари давлатҳои минтақаву ҷаҳон доман паҳн кардааст. Дар баробари ин, таърих ҳамчун ҳаками ҳақбин собит мекунад, ки ҳеч гоҳ халқеро, ки озодию истиқлолияти хешро дӯст дошта, баҳри он мубориза мебарад мағлуб ва ё бо зӯриву хилофи хоҳишаш зери итоати худ даровардану бор кардани ақидаи бегона мумкин набудааст. Ба ин нигоҳ накарда, баъди гузашти солҳо бисёриҳо, ҳатто худи намояндагони халқи афғон ба корнамоиҳои сарбози шӯравӣ, инсондӯстӣ, заҳматҳои созандаи фиристодагони шӯравӣ дар хоки ин кишвари ба як умр ҷангзада баҳои баланд дода, аз ҳамкории неку судманди он давра ба неки ёд мекунанд. Бештар аз понздаҳ ҳазор фарзандони беҳтарини халқи тоҷик низ дар хоки Афғонистон қарзи башардӯстона ба ҷо оварда, шӯҳрати халқи худ ва Тоҷикистони азизро баланд бардоштааст. Барои корнамоиҳо 2710 нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, ба 2 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст. Дар амалиётҳои ҷангӣ ва аз захмбардори 365 нафар ҳалок шудааст.

Бо гузашти солҳо, дар Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷангӣ Бузургӣ Ватанӣ камшумор мондаанд. Вале, бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷанговарони башардӯст идомадиҳанда, ворисони кори онҳоянд. Имрӯз ҷанговарони башардӯст анъанаҳои беҳтарини гузаштагони шӯҳратёри худро идома дода дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси омӯзгор, табиб, муҳандис, афсари Қувваҳои Мусаллаҳ ба фаъолияти меҳнативу хизмат ба Ватан машғул буда, ба кори ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, тарғиби хизмат ба Ватан ва меҳнати созанда машғуланд. Ҷанговарони башардӯст дар ҳамаи соҳаҳо намунаи ибрат буда, ифтихори мо мебошанд. Аз ин хотир, башардӯстони тоҷик рӯзи 15 феврал ба хотири ёди рӯзҳои хизмат дар Афғонистон, ба хотири гиромидошти шаҳидони зиндаёд дар пойтахти кишвар, дар маҷлисгоҳҳову майдону хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар ҷамъ омада, бо сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, хонандагону ҷавонони донишҷу сӯҳбату мулоқотҳо доир карда, даъват мекунанд ки руйдодҳои солҳои гузашта ва ҷанговарони ҳалокшударо аз ёд набароранд, ҷангро лаънат хонда, баҳри сулҳу шукуфоии Тоҷикистони азиз хизмату таҳсил кунанд. Онҳо ва ҷавонони имрӯза мутмаинанд, ки рӯзҳои доғ дар ҳаётамон дигар ҳеч гоҳ такрор нахоҳад шуд. Ба хотири фардои неки фарзандонамон, насли ҷавон ва зиндаҳо, ба хотири ашки хушкнашудаи падару модарони фарзандгумкарда, арусони танҳомонда, духтарону писарони ятиммонда онҳо тамоми чораҳоро меандешанд, ки дар кишварамон ҳамеша сулҳу амонӣ, фазои дӯстию ваҳдат ва меҳнати созандаву зиндагии хушу гуворо танинандоз бошад.

Мардуми рӯи замин!

Ҷангро лаънату нафрин кунед

Бо ҳавасҳо, бо орзӯҳо, зиндагиро

Хурраму рангин кунед!

Ватанро ҳамеша доред маъмуру обод,

Лек илтиҷо мекунем

Ҳаргиз рафтагонро

НАБАРОРЕД АЗ ЁД!

Ҷӯраева Ҷ.Ҳ., Худойқулов Ҳ,

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо