Ба аввал: Робита бо ҷомеа “Хуни ҳаром”. Андар баёни далоили таърихии пайванди босмачӣ-наҳзатӣ-терроризм, ки илм исбот кардааст
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз361
Дирӯз532
Моҳ11119
Ҳамагӣ286871
Наворҳо

Форум

“Хуни ҳаром”. Андар баёни далоили таърихии пайванди босмачӣ-наҳзатӣ-терроризм, ки илм исбот кардааст

22 01 2019

Амалан, илм исбот кардааст, ки босмачӣ ё босмачигароӣ ин ҳамон террористу терроризм аст, аммо то ин замон шояд кам касоне шунидаанду медонанд, ки босмачиёну босмачигароҳои тоҷик (террористон) ҳамеша дар оғӯши нерӯҳои аҳриманӣ, бахусус терроризму фашизм, ҷой ҷӯстаанд.

Солҳои 90-уми асри гузашта одамон дар Тоҷикистон айни ҳамон ҷабру ситамеро аз наҳзату наҳзатиён мекашиданд, ки ҳанӯз сад сол қабл аз ин дар ҳамин сарзамин аз сӯйи босмачигариву босмачиён болои ҳамин миллат таҳмил шуда буд.
Мавзӯъи баҳси ин матлаб асосан якчанд факти таърихӣ ё омилҳои таҳлилианд, ки агар нек бингарем, пайвастагӣ ё ҳалқаҳои ногусастании босмачӣ, наҳзат ва терроризмро бармало мекунад.
“Босмачиён... ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд.
Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд”.
Ин иқтибос баргирифта аз як таҳқиқи профессори тоҷик Атахон Сайфуллоев аст, ки дар яке аз нашрияҳои мӯътабар нашр шудааст. Аз руҳу равони устоди бузург узр мепурсему дар ин иқтибос ба ҷойи “босмачиён” калимаи “наҳзатиён”-ро мемонем. Ана ин тавр: “Наҳзатиён... ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд.
Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо наҳзатиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро наҳзатиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд”.
Дар пасманзари хондани ин иқтибос чӣ ҳолат пешорӯятон меояд? Кадом тафовутро пайдо кардед? Чӣ монандӣ дидед?
Ман чунин ҳолатро тасвир кардам, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистони акнун ба истиқлол расида як тӯдаи одамхори ришу фаш дамида, дар дастҳо автомат, дар миёнҳо ҷойнамоз, бархе дар дастҳо тасбеҳ... куҳ ба куҳу дашт ба дашт мегаштанд ва мисли чуғз шабро мунтазир мешуданд. Шаб, ки мерасид, ба деҳаҳо ҳамла кардаву мардумро мекуштанд, молу ҷонашро ба ғорат мебурданд. Аз пасттарину разилтарин амал рӯ намегардониданд. Ҳанӯз хуни даҳҳову садҳо модари синабуридаву гуларуси дуздида барои тиҷорат ба Афғонистон бурдаашон ба гардани ин ришдорони автоматбадасти он рӯзҳо, ки ҳоло салларо бо галстук иваз кардаву “аврупоӣ шудаанд”, бор аст.
Барои он ки ба ҳадаф расанд, қабл аз ҳама, бо дастурҳои махсус, равшанфикрону зиёиёнро қатл мекарданд, чун маҳз ҳамин афрод дар сафи пеши мубориза ба зидди ришдорҳои вақт буданд.
Роҳбар доштанд, сарпараст доштанд, ҳадаф доштанд, қудрат мехостанд. Манфиатҳои сиёсӣ доштанд: чун хилофати манғития давлати бунёдаш диниро таъсис додан мехостанд. Барои манфиатҳои оилавию гуруҳӣ мардумро сар мебуриданд, ғорат мекарданд. Чун босмачиён дар қаламрави ҳамсоякишвар (Афғонистон) паноҳгоҳ доштанд, ба тиҷорати бузурги маводи мухаддиру силоҳ машғул буданду ба падидаҳои манфуре чун бачабозӣ майли зиёд доштанд. Аз деҳаҳои наздисарҳадӣ ва ҳатто кампҳои муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон занону духтаронро дуздида, ба гуруҳҳои тиҷорати маводи мухаддир мефурӯхтанд. Кумакҳои барои муҳоҷирон овардашударо аз худ мекарданд...
Ва аммо фарзандони онҳо дар кӯчаҳои Лондону Теҳрон, Маскаву Вашингтон бо “Мерседес-600” мегаштанд, дар гаронарзиштарин тарабхонаҳо хӯрок мехӯрданд, дар беҳтарин меҳмонхонаҳо мезистанд.
Хуллас, як тӯдаи ба ғазаби Худо гирифтор буданд.
Фикр мекунам, оне, ки ҳоло ин навиштаро мехонад, айнан ҳамин ҳолатеро пеши рӯ меорад, ки болотар тасвир шуд. Зеро ин воқеияти он рӯзҳо буд, ки мутаассифона, панҷ сол чун зоғи сиёҳ болои сари миллати тоҷик парвоз дошт.
Аз ин ҷост, ки агар устоди равоншод Атахон Сайфуллоев дар ин навиштааш ба ҷойи “босмачиён” калимаи “наҳзатиён”-ро мегузошт, аз лиҳози “ҷараёни рӯй додани воқеаҳо” ва “бо дасти киҳо содир шудан” ҳич саҳве намекард. Яъне, ҳанӯз сад сол қабл босмачиён ҳамон ҷиноятҳоеро содир кардаанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта наҳзатиён карданд. Онҳо ҳамон тавр ҷиноят содир кардаанд, ки инҳо карданд. Гӯё як сенария асту танҳо нақшофарон иваз шудаанд.
Аҷиб ин аст, ки инро роҳбарони наҳзатӣ расман эътироф кардаанд. Ба қавле, “дипломатӣ” карда, фаҳмонидаанд, ки корашон дуруст буд ва... аз ин роҳ – қатлу кӯштори миллати тоҷик даст барнамедоранд. Инро поинтар, дар бахши дуввуми ин навишта дарк кардан душвор нест.
(P.S. Таҳқиқи профессори марҳум Атахон Сайфуллоев зери унвони “Босмачигӣ хилофи манфиатҳои миллӣ буд” ҳанӯз соли 2011, яъне дар замони осоишта нашр шуда буд, замоне ки “гапи наҳзат” набуду “протоколи 32-20”, ки наҳзатиҳо зиёд мисол овардани онро дӯст медоранд, вуҷуд надошт).
Моҳи сентябри соли сипаришуда роҳбари наҳзатиҳои фирорӣ, ки бешак, ҳоло мешавад, “роҳбари насли сеюми босмачиён” номид, дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава гуфт, наҳзатиён дар насли дуюми босмачиён буда, кору равишу ормонҳои онҳоро давом медиҳанд. Он замон вай худ ва наҳзатиёни фирорӣ дар Аврупоро насли сеюми босмачиён номид.
Ба ин тартиб, ҳадди ақал, маротибаи дуввум “Ал-Файзободӣ” эътироф кард, ки террору хунрезӣ, қатлу куштор, таҷовузкорӣ ва ғорати мардум барояшон мояи ифтихор аст. Қабл аз ин ҳанӯз соли 2011 ӯ дар як мусоҳибааш эътироф карда буд, ки ба босмачигарӣ майл доранд ва ҳатто он ҳама амалиёти зиддимилливу зиддидавлатиашонро “ҷиҳод ва муқовимати муҷоҳидини тоҷик дар солҳои аввали истиқлолият” номидаву шарм надошта, он ҷо зархаридони наҳзатиро бо Имом Шомили қафқозӣ дар як радиф гузошта буд.
Ба ин маънӣ, рӯшан ба назар мерасад, ки роҳбари наҳзатиҳо аз ҷумлаи даъвогарони қаҳрамонист, ҳол он ки “тарроҳону бозигарони аслии ин ҳодисаҳо ба даргириҳои солҳои 90-ум равиши “ҷиҳодӣ” дода, бозиҳои сиёсии худро маҳз аз талошҳои додани тобиши ватанхоҳӣ ва миллатпарастӣ ба ҳаракати босмачигӣ оғоз карданд”.
Аммо инҳо дар ҳоле аз “фарзандони босмачӣ” будан ифтихор мекунанд, ки дар гузаштаи начандон дур ҳамон “падаронаш” аз ҷумлаи ҳамкорони наздики фашизм будаанд ва ҳамон вақтҳо ҳам ба ватан хиёнат карданд. Ҳадди ақал, ду маротиба. Бале, айнан ҳамонҳое, ки ҳоло “Ал-Файзободӣ” дар бораашон бо ифтихор суҳбат мекунаду онҳоро падару бобоҳои худ меномад. Бори аввал дар солҳои 20-ум, замони босмачигарӣ. Ва агар ба факти таърихӣ таваҷҷуҳ шавад, баъдтар, дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам падару бобоҳои онҳо ба ватан хиёнат кардаанд. Ин фактҳоро таърихшиноси маъруфи тоҷик Камолиддин Абдуллоев ҳам тасдиқ кардааст. Яъне, ин ки ҳоло “Ал-Файзободӣ” ва ҳамтабақонаш ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик хиёнат карданд, як чизи тасодуфӣ ва нохоста нест. Нақшавӣ аст. Минбаъд ҳам хоҳад буд. Ин дар хуни онҳо ҷой гирифтааст ва пайдоиши хуни ҳаром дар вуҷуди эшон аз ҳамон ҷост. Тавре болотар зикр шуд, инро роҳбарони ин ташкилоти террористӣ ҳатто расман эълом доштаанд.
Гузашта аз ин, ҳам таҳлилҳои коршиносӣ ва ҳам таҳқиқоти илмӣ собит кардаанд, ки решапайвандии зиёде байни ТТЭ ҲНИ - “Толибон” ва ТТЭ ҲНИ - “Давлати исломӣ” ва бархе режимҳои исломиву охундӣ дар Ховари миёна мавҷуданд. Ҳамчунин, аз сарпарастиҳои молиявӣ то таъминоти силоҳу омодасозии ҷангиён борҳо дар сархати ахбори матбуот қарор доштанд.
Ин дигар воқеияти босмачӣ-наҳзатӣ-терроризм аст, ки намешавад нодида гирифт.
Довуд Исматӣ

Бознашр аз рӯзномаи “Имрӯзnews”

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо