Ба аввал: Робита бо ҷомеа ЧОРАҲОИ ЗИДДИАМАЛИ КОРРУПСИЯ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз361
Дирӯз532
Моҳ11119
Ҳамагӣ286871
Наворҳо

Форум

ЧОРАҲОИ ЗИДДИАМАЛИ КОРРУПСИЯ

22 01 2019

Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия. Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст.

Дар айни замон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Кодекси байналмилалии рафтори ашхоси мансабдори давлатӣ (Резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ №51/59 аз 28 январи соли 1997), Стандартҳои умумии мубориза бар зидди коррупсия дар идораҳо ва мақомоти полис (Интерпол, соли 2002), Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз 21 ноябри соли 1997 дар бораи мубориза бар зидди харида гирифтани ашхоси мансабдори хориҷӣ дар муомилоти байналмилалии тиҷоратӣ, Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ аз 15 ноябри соли 2000, Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар аз 12 сентябри соли 2003, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва Нақшаи амалиёти Истанбулӣ дар мубориза бар зидди коррупсия барои мамлакатҳои иқтисодиёташон даргузар мебошад.Ҳадафи санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии зикршуда кӯмак кардан аст ба: 1)қабул ва таҳкимбахшии чораҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, осонгардонӣ ва дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа; 2)коркард ва амалисозии сиёсати пурсамари зиддикоррупсионӣ, таъмини амалиёти мӯътадили мақомоти махсусгардонидашуда, таъсиси низоми пурсамари хидмати давлатӣ, низоми дурусти харид, дидани чораҳо оид ба пешгирии коррупсия дар бахши хусусӣ; 3) аз ҷониби давлатҳои иштирокдор муқаррар гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои нисбатан характерноки коррупсионӣ, таъмини ҳимояи шоҳидон ва маълумотдиҳандагон, ҷуброни хисорот аз коррупсия; Давлатҳои иштирокдори ҳуҷҷатҳои байналмилалии мазкур, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадоранд, ки барои таъмини амалишавии ӯҳдадориҳои худ чораҳои қонунгузорӣ ва маъмурӣ андешанд.

 

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди коррупсия.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи қонунӣ-ҳуқуқӣ сохта шуда, он бо суръати тез мукаммал мегардад. Манбаи асосии қонунгузории зиддикоррупсионӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки меъёрҳои бевосита ба пешгирии коррупсия нигаронидашуда (принсипи тақсими ҳокимиятҳо, манъи ишғол кардани вазифаи дигар аз ҷониби ашхоси вазифаҳои баланди давлатидошта, аъзои ҳукумат, судяҳо ва прокурорҳо ва машғул шудани онҳо бо фаъолияти соҳибкорӣ) дорад. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии махсус ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бахшидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» аз 21 июли соли 1999, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2004 тасдиқ карда шудааст), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007.

Санадҳои қонунгузории ба масъалаи ҷазодиҳӣ барои коррупсия бахшидашуда инҳоянд: Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ. Чораҳои ба решакан кардани коррупсия нигаронидашуда ҳамчунин дар дигар қонунҳо ва санадҳои зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.

Кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз коррупсия. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимёфта барои иҷро ва риоя аз ҷониби ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳатмианд. Онҳоро бо роҳи қабули санадҳои қонунгузорӣ ва зерқонунӣ бекор кардан, тағйир додан ва ихтисор кардан мумкин нест, бинобар ин таҳкими конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат аз сӯиистифода аз ҷониби ҳокимият ба шумор меравад. Қонунҳо ва санадҳои зерқонунии вайронсозандаи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ дониста мешаванд.

Аз болои далелҳои мушаххаси вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳо бар асари оқибатҳои коррупсия аз ҷониби ашхоси мансабдор ба судҳои умумӣ шикоят кардан мумкин аст ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки санадҳои ғайриқонуниро бекор карда, ҳуқуқҳои вайроншударо барқарор созанд. Кафолати муҳими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз коррупсия ҳамчунин назорати прокурорӣ мебошад. Мақомоти прокуратура вазифадоранд, ки вайронкуниҳои коррупсионии ҳуқуқу озодиҳоро пешгирӣ карда, ба бекор кардани санадҳои вайронкунандаи ин ҳуқуқу озодиҳо муваффақ гарданд.

Коррупсия ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ. Ҳуқуқвайрокуниҳои коррупсионӣ вобаста аз соҳаи таарруз ва дараҷаи хавфи ҷамъиятӣ тақсим мешаванд ба: а) ҳуқуқвайрокуниҳои интизомӣ, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоваранд; б) ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд; в) ҷиноятҳои характери коррупсионидошта. Ҳуқуқвайрокуниҳои интизомии фароҳамоварандаи шароит барои коррупсия кирдорҳои пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (моддаи 11) ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки чораҳои ҷавобгарии интизомиро ба бор меоранд.Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд кирдорҳои пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (моддаи 12) ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд, ки чораҳои таъсиррасонии маъмуриро ба бор меоваранд.

Ҷиноятҳои характери коррупсионидошта кирдорҳои тамаъкоронаи пешбиникардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд, ки аз ҷониби ашхоси ба иҷрои функсияҳои давлатӣ салоҳиятманд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифодаи мақоми хидматӣ содир кардаанд ё аз ҷониби онҳо бо додани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, афзалиятмандиҳо ва хадамоти ғайриқонунӣ алоқаманданд. Ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бештар аз 40 ҷинояти пешбиникардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст. Байни онҳо сӯиистифода аз салоҳиятҳои хидматӣ, аз меъёр зиёд кардани салоҳиятҳои хидматӣ, гирифтан ва додани ришва, гирифтани инъомҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ, харидани хизматчӣ, сохтакории хидматӣ, аз худ кардан ва тороҷ намудани амвол, хариди тиҷоратӣ, сӯиистифода аз салоҳиятҳои кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо ва боз бисёр ҷиноятҳои дигар ҳастанд.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани мукофоти ғайриқонунӣ аз ҷониби шахси мансабдор чун «гирифтани пора» (моддаи 319-и КҶ) арзёбӣ мегардад, гирифтани чунин пора бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷониби хизматчиёне, ки ашхоси мансабдори давлатӣ нестанд, ҳамчун «гирифтани мукофоти ғайриқонунӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ» арзёбӣ мешавад.

Ба ҳамин монанд, додани мукофоти ғайриқонунӣ ба шахси мансабдори давлатӣ чун «додани пора» (моддаи 320-и КҶ), чунин амал нисбат ба хизматчии шахси мансабдори мақомоти давлатӣ набуда чун «додани мукофот ба хизматчӣ» (моддаи 325-и КҶ) арзёбӣ мегарданд. Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатҳои ҳукуматии худ бар хилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳо, ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлатро поймол карда бошанд.

Моддаи 314-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Меъёри асосии маҳдудсозии гирифтани пора ва мукофоти ғайриқонунӣ аз сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ он аст, ки ҳангоми сӯиистифода шахси мушаххаси пешниҳодкунандаи мукофоти моддӣ ва мутобиқан хизмати ғайриқонунӣ ҷавобан ба мукофот расонидашаванда нест.

Сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ, ё хизматчии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани маълумотҳои бардурӯғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад, ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад.

Моддаи 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кирдорҳои коррупсионӣ дар бахши хусусӣ, чун азхудкунӣ ё исрофкории амволи боваркардашуда, ришвадиҳии тиҷоратӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои хизматии ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо ва ғайраро ба сифати ҷиноят эътироф мекунад.

Азхудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр, ки ба гунаҳкор бовар карда супурда шудааст, ё дар ихтиёри ӯ мебошад.

Моддаи 245-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Он чи ки нисбати шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ додан ё гирифтани пора номида мешавад, нисбати шахси мансабдори ташкилоти тиҷоратӣ ё ҷамъиятӣ ҳамчун ришвадиҳии тиҷоратӣ арзёбӣ мегардад.

Ришвадиҳии тиҷоратӣ:

1) ғайриқонунӣ додани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар амвол ба шахсе, ки дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад, ҳамчунин вобаста ба мақоми ишғолнамудаи ин шахс ғайриқонунӣ расонидани хизмати дорои хусусияти амволӣ ба ӯ барои амали анҷомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиҳанда; 2) аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар амвол, ҳамчунин аз ҷониби ӯ ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғолнамудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти амволӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда.

Моддаи 279-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия.

Пешгирӣ ва муборизаро бар зидди коррупсия дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу назорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ ба амал мебароранд. Вазифаи ҳокимияти қонунбарор (парламент) дар ин соҳа таҳияи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва ташаккули заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) вазифадор аст, ки ислоҳотҳои зиддикоррупсионӣ гузаронад, қоидаҳо ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ таҳия карда, амалӣ созад, фаъолияти мӯътадили мақомоти махсусгардондашударо бобати пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия таъмин кунад, ба ташаккули ҳокимияти иҷроия ва хадамоти шаҳрвандии ғайрикоррупсионӣ мусоидат кунад.

Вазифаи ҳокимияти судӣ нигаҳдории ҳокимиятҳои қонунбарору иҷроия аз сӯиистифода, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз худсарӣ ва поймолкуниҳо, ҷазо додани коррупсионерҳо ва мубориза бар зидди коррупсия дар муҳити худ мебошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти махсуси зиддикоррупсионӣ вазифадоранд, ки далелҳои коррупсияро ошкору пешгирӣ ва тафтиш карда, сабабҳо ва шароитҳои ба амал омадани коррупсияро омӯзанд ва таҳлил кунанд, оид ба осон кардани равандҳо ва ҷорӣ намудани методикаҳои нави идоракунӣ, ки имконият медиҳанд, шароитҳо барои коррупсия камтар гарданд, пешниҳодҳо таҳия созанд, ба аҳли ҷомеа дар бораи ҳодисаҳои коррупсия ва вазъи корҳо дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия маълумотҳо манзур намоянд, ба маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон кӯмак расонанд. Бизнес ва соҳибкорӣ низ вазифадоранд, ки ба ташаккули иқтисодиёти ғайрикоррупсионӣ тавассути амалисозии кодексҳои одоби касбӣ кӯмак кунанд. Васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар фошсозии коррупсия, вусъати маърифати зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани талаботи одобӣ ва пешгирии коррупсия нақши муҳим мебозанд. Иштироки фаъолонаи ҳар кадоме аз сохторҳои дар боло номбаршудаи низоми давлатии зиддикоррупсионӣ дар кори пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия гарави ноил шудан ба комёбиҳо дар ин кори душвор мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: хариди тиҷоратӣ, сӯиистифода аз салоҳиятҳои хидматӣ, азхуд кардан ва тороҷ намудан, сохтакории хидматӣ.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо