Ба аввал: Робита бо ҷомеа Терроризм - вабои аср
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз360
Дирӯз532
Моҳ11118
Ҳамагӣ286870
Наворҳо

Форум

Терроризм - вабои аср

22 01 2019

Дар паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон ба Маљлиси олї омадааст, ки: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии љиддї буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба љомеаи љаҳонї ва љони ҳар як сокини сайёра аст».

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳељ умумияте ба дин, аз љумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ѓаразноки сиёсї содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, ҳисси бадбинї, нафрат, аз байн бурдани тарафи муќобилро дар дили он шахс љой мекунанд. Ҳатто, ба дараљае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияшон гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезананд.

 

 

Ҳатто ташкилотҳои террористї пешакї маблаѓҳои калонро ба онҳо ваъда дода, мурољиат мекунанд, ки агар ту худро тарконї ба биҳишт ворид мешавї, аз ту то рўзи ќиёмат пурсиш намешавад гуён фатво медиҳанд. Чашм ва дили террористро бо ин таъсирҳо кўр карда, онҳо худро зинда ба зинда метарконанд, ҳоло он, ки худкушї дар Ќуръон манъ карда шудааст. Бояд дарк кард, ки мувофиќи таълимоти Ќуръони Карим куштани инсони бегуноҳ ва рехтани хуни ноҳаќ гуноҳест нобахшиданї. Дар ин бора Худованд чунин мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадќасдона инсонеро мекушад љояш љаҳаннам буда, дар онљо то абад хоҳад монд». Аллоҳ ба ў ѓазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муќаррар мекунад (Ќуръон 4; 93).

Оёти 151 сураи Анъом бошад куштани инсони бегуноҳро дар ҳама динҳои осмонї мамнуъ сохтааст. Ќобили ќайд аст, ки љанговарони «Давлати исломї» набояд даъвои љиҳод кунанду худро муљоҳид шуморанд, зеро хуни бегуноҳон ва бародарони мусулмони худро рехта, аҳли хонадон ва хешону пайвандони онҳоро гирифтори дарду алам менамоянд.

Бори аввал ин амали нангин 34 сол пеш аз ин, соли 1981 дар сафоратхонаи Ироќ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Масъулияти ин амали зиштро ташкилоти дар он ваќт навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» ба уҳда гирифт ва дар ин љода нахустин тадбиќкунандаи чунин навъи террор ба шумор мерафт.

Имрўз террористон бозичаи дасти «Давлати исломї» гаштаанд. «Давлати исломии Ироќ ва Шом» бо забони араби «Ал-Даула, Ал-Исломия» дар шакли мухтасари он бо форсї «ДИИШ», бо забони русї «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Леванта) маъруф гаштааст.

Ҳанўз дар арафаи шукуфоии гуруҳи «ал-Ќоида» дар соли 2004 гуруҳи «Тавҳид ва љиҳод» таҳти роҳбарии Абу Мусъаб Ал-Зарќавї таъсис ёфта, аз љониби саркардаи собиќи «ал-Ќоида» Усомма Бин Лодан ба расмият шинохта шуд. Ќобили ќайд аст, ки аъзоёни гуруҳи «Давлати исломї» хусусан «Љабҳат-ун-нусра» аз бераҳмтарин љангиёни ҳозира натанҳо дар Сурия ва Ироќ, балки дар саросари љаҳон ба шумор мераванд. Аз хизмати «Террористони худкуш», ки ташкилотҳо махсус тайёр мекунанд, гуруҳи террористии «Давлати исломї» васеъ истифода мебарад. Мувофиќи маълумотҳо аз соли 1982 то соли 2002 дар љаҳон наздики 300 амалиёти террористї бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозї карда шудаанд, ки зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Инљо суоле ба миён меояд, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд? Мувофиќи аќидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин, надоштани маърифати ҳуќуќиву динї ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба ќатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кўдакон раҳме надоранд. Бояд ќайд намуд, ки дар натиљаи амалиёти террористї аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ ќурбон мешаванд.

Коршиносон терроризмро ба 3 намуд људо намуданд: 1 сиёсї, 2 миллї, 3 динї. Мудҳиштарин ва фољиабортарин намуди онро терроризми динї ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниќоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Намунаи барљастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёбї кардан мумкин аст. Дар ин шакли терроризм тарафи «љабрдида» пайравони як дин ва тарафи муќобил пайравони дини дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Љиҳод» ба анљом мерасад. Аз ин рў, фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳї медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин манфиате ба даст намеоранд. Бояд донист, ки он аз ѓаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниќоби дини мубини ислом даромада, гўё дар натиљаи ваҳшиёна ба ќатл расонидани «Кофирон» инсон биҳиштї мешавад, ѓаразҳои барои хеш манфиатоварро амалї мекунанд.

Имрўз тамоми љомеаи љаҳонї амалу ҳаракатҳои ѓайриинсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Љаноби Олї, муҳтарам Эмомалї Раҳмон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои љангиёни «Давлати Исломї»-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гуруҳҳои экстремистї аз кишвари мо -Тољикистон низ чандин љавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намуда истодаанд. Роҳбари давлат ба тамоми маќомотҳои ќудратии кишвар, маќомотҳои маҳаллї, иттиҳодияҳои љамъиятї ва мардуми мамлакат супориш доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, тамоми кўшишу ѓайрати худро ба он равона созанд, ки љавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода ба чунин гуруҳҳои ифротгаро шомил нагарданд. Имрўз мо мардуми Тољикистонро зарур аст, ки баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиќлолият, дастоварду комёбиҳои кишвар, ки маҳз бо кўшишу талошҳои сарвари давлат ба амал омадааст, ќарзи шаҳрвандии худро иљро намоем.

Пешвои миллат дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки имрўз тамоми сокинони Тољикистон, хусусан љавонон шукронаи ин даврони ободу зебо, шукронаи давлату ҳукумат ва тинљию амнияти кишварро баљо оранд.

Ва маҳз танҳо бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, нигоҳи нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тољикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоќати хешро нисбат ба Ватан нишон диҳем ва баҳри ояндаи нек шабу рўз талош варзем.

Дар ин љода тамоми сокинони сарбаланди Тољикистонро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва љавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандусти ҳаќиќї тамоми донишу маҳорат ва ќобилияту таљрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани љавонони кишвар ба ин гуруҳҳои ифротгаро талош кунанд.

Ваќти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати ќатъї гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсї-динї, гуруҳҳои иѓвоангезу мазҳабҳои тафриќаангез эҳтиёт намоянд. Моҳияти дини мубини исломро дуруст дарк карда, ба фарзандон љанбаҳои солими онро омўзонанд.

Ислом динї дустию рафоќат аст, на дини љангу љидолу хунрезї!

Олимшо Саломатшоев шаҳри Хоруғ

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо