14 01 2019

Аз нахустрӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ пуррагардонии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа бо мутахассисони касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, таъминоти кадрӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа қарор дошта, ҷиҳати ба вазифа таъйин намудани шахсони содиқу лаёқатманд пайвста чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамин замина моҳи январи соли 2014 Мактаби омодакунии прапоршикон таъсис дода шуд. Омӯзиш дар ин мактаб аз рӯйи 8 ихтисоси муҳими ҳарбӣ 4 моҳ давом карда бо мақсади ҷалби ҷавонони болаёқат ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллии кишвар ташкил карда шудааст. Курсантони шомилшуда ба ин мактаб пас аз идомаи таҳсил, 1 моҳ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд ва дар ин мудат махсусияту нозукиҳои тахассуси интихобкардаи хешро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома ва рутбаи прапоршикӣ мегарданд.

Ин навбат Мактаби омодакунии прапоршиконро наздики 100 нафар курсантон хатм намуданд, ки ба ин муносибат чорабинии тантанавӣ доир гардид. Маросими бошукӯҳи хатми ин гурӯҳи прапоршикон дар Маркази таълимиии Қӯшунҳои хушкигарди Вазоати мудофиа чун ойини ҳарвақтаи низомиён бо ворид гардидани байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар идомаи чорабинии мутантани ҳарбӣ ин гурӯҳи ҳомиёни ватанро муовини вазири мудофиа ва масъулини Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиа табрик намуда, ба онҳо барои омӯзиш ва хатми муваффақона шаҳодатнома ва рутбаи ҳарбии прапоршикӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон, бо назардошти ҷойҳои холии прапоршикӣ дар қисму воҳидҳои низомии кишвар онҳоро ба вазифаҳои муайян таъйин ва ҷиҳати идома додани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳнамун намуданд.

Инчунин, прапоршикони хатмкарда аз ин лаҳзаи хотирмон ва фаромӯшнашаванда хурсанд буда, аз он ифтихор доранд, ки ҳамчун хизматчии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати худро идома медиҳанд. Ташкили чунин як мактаб аз як тараф ба пуррагардонии вазифаҳое, ки дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ прапоршикон ишғол менамоянд мусоидат кунад, аз тарафи дигар ба иҷрои барномаи давлатии паст намудани сатҳи бекорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.

Ин гурӯҳи ҳомиёни ватан якдилона ва содиқона назди байрақи ҷангӣ қасам ёд намуда, қавл доданд, ки дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ содиқ мемонанд.

Бояд гуфт, ки дар ин мактаби мардонагӣ барои прапоршикон тамоми шароити лозима фароҳам мебошад ва онҳо бо чунин шароити хубу мусоид метавонанд соҳиби касбу кор шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки мактаби прапоршиконро аз замони ташкилшавиаш то имрӯз дар 10 марҳила наздики 1 000 нафар сарбозони лаёқатманд хатм намуда, айни ҳол онҳо мувофиқ ба тахассуси гирифта дар тамоми қисму воҳидҳои низомӣ дар вазифаҳои гуногуни прапоршикӣ фаъолият намуда истодаанд ва уҳдадориҳои масъулиятноки таълиму тарбияи ҳайати шахсиро бар зимма доранд.

 

Боқӣ Шарифов