Home: Public relations Ҷамъомад бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорат
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today158
Week1824
This month7569
Only323498
Video

Forum

Ҷамъомад бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорат

14 01 2019

Дар доираи ҷамбасти даври дуюми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳафтаи равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ВМ ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид.

Ҷамъомад ё худ машғулиятҳои таълимӣ-методӣ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои низомӣ ва машқгоҳҳо ба таври назариявию амалӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифт. Қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар театри Абдулқосим Лоҳутии шаҳри Душабе миёни иштирокчиёни ҷамъомади мазкур ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Баъд аз вохӯрӣ дар доираи нақшаи фарҳангии масъулини Вазорати мудофиа ҳайати ба машғулиятҳо ҷалбгардида ба намоши театрикунонидашудаи ҳунармандони театри мазкур фаро гирифта шуданд. Рӯзи нахустини машғулияҳо соати шаши субҳ бо сафороӣ ва аз назаргузаронии ҳайаи шахсии иширокчиёни ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ оғоз гардид.

Масъулини машғулиятҳо аз омодагии иштирокчиёни он гузориш доданд. Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоиӣ ҷараён гирифт. Роҳбарияи Вазорати мудофиаи кишвар қабл аз оғози машғулияҳои таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳои Олии ҚМ дар самти баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузории ҷамъомади мазкур изҳори назар намуда, аз иширокчиёни он масъулияти баландро дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбини гардида талаб намуд. Ҳамин тариқ иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ-методӣ вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба омӯзиши барномаҳои дарсӣ шурӯъ намуданд. Дар дохили қисмҳои низомӣ нуқтаҳои гуногуни муҷаҳази таълимӣ бунёд шуда буд, ки ба ҳар дарс роҳбарони машғулиятҳо таин гардида буданд.

Барои маълумот хотирасон мекунем, ки зимни баргузории чунин ҷамъомадҳо, ки дар ҳар як қисми низомӣ ҳудуд, бинову иншооти ҷадид муносиб гардонида мешавад, метавонанд иштирокчиёни ҷамъомад таҷрибаомӯзӣ намоянд. Ҳадафи аслии чунин ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ ин пеш аз ҳама дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Яъне ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ва ин амали воқеист. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд.

Ҳамзамон нимаи дуюми рӯз дар Маркази таълимии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, командирони қисмҳои низомӣ ва дар маҷмӯъ иштирокчиёни ҷамъомадҳои амалиётӣ-сафарбарӣ аз фанҳои сиёсиву низомӣ, ҷамъиятиву камандирӣ ва аз машғулиятҳои варзишӣ санҷиш супориданд. Рӯзи охирин баъд аз сафороӣ ва аз назаргузаронии ҳайати иширокчиёни ҷамъомади таълимӣ-методӣ ин ҳайат дар машқгоҳи Лоҳури базаи 201-уми Федратсияи Россия дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Дар машқгоҳи мазкур иштирокчиёни он бо намунаи силоҳу муҳимоти ҷангӣ, шароитҳои хизмативу маишии ҳайати шахсӣ, синфхонаҳои таълимии саҳроӣ аз наздик шинос гардида, аз яроқу дигар мӯҳимоти ҷангӣ ва техникаҳои ҳарбӣ истифода намуданд. Ҳамзамон онрӯз аз ҷониби як ротаи базаи 201-уми Федратсияи Россия дар Тоҷикистон тирпаронӣ аз яроқу дигар мӯҳимоти ҳарбӣ пешкаш карда шуд.

Нимаи дуюми рӯз дар машқгоҳи саҳроии Маркази таълимии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар идома ёфт. Масъулини ин навъи қӯшун ба ҷамъомади мазкур омодагии ҷиддӣ дида, тамоми нуқтаҳои таълимӣ, синфхонаҳои дарсӣ, толору майдончаҳои фароғатӣ ва дигар мавзеҳои дохили маркази таълимиро ҳам барои омӯзиши иштирокчиёни ҷамъомад ва ҳам баҳри фаъолияти рӯзмараи ҳайати шахсӣ пурра муҷаҳҳаз намудаанд. Дар машқгоҳи мазкур дар баробари омӯзиши фанҳои ба ҷамъомад пешбинишуда, инчунин ба иштирокчиёни машғулиятҳои малиётӣ-сафарбарӣ роҳу усулҳои безарар намудани навъҳои мухталифи мина ва дигар модаҳои тарканда, фаъолияти минаҷӯён дар майдону мавзеҳои хатарнок, тарзи бурдани амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои минадор ва дигар воситаҳои бехатарӣ аз модаҳои таркандаро бори дигар хотиррасон намуданд. Дар воқеъ ҷиҳати бунёди чунин шароитҳои намунавӣ дар баробари дастгирии ҳайатҳои роҳбарикунандаи вазорат инчунин саҳми ҳайати шахсӣ хело калон аст. Ба қавли дигар бошад ҳайати шахсии Маркази таълимии қӯшунҳои хушкигард аз афсарони баландрутба то сарбози қаторӣ тибқи ибораи маъмул, яъне ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама амал намуда, тавонистанд дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дар муддати кутоҳ тамоми шароити лозимаро дар ин машқгоҳ муҳаё созанд.

Қобили зикр аст, ки чунин шароитҳои намунавии омӯзишӣ, на танҳо барои гузаронидани машғулиятҳо ва нишон додан ба иштирокчиёни он балки ин гуна шароитҳо пеш аз ҳама барои омӯзиши доимии ҳайати шахсӣ бунёд карда мешавад. Чунин ҷамъомадҳо аз соли 2000-ум дар дораи машғулиятҳои таълимӣ-методӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад. Ва ҳар дафъа зимни баргузории он талаботи нав ва навовариҳои зиёде барои иштирокчиёни он ворид мегардад. Умуман дар давоми се рӯзи ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ-методӣ бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи кишвар, иштирокчиёни он аз фанҳои гуногуни ҳарбиву ҷисмонӣ, тарзи идора намудани ҷузъу томҳо, воҳидҳои ҳарбӣ, омодабошии ҷангӣ ва оид ба дигар мавзӯҳои соҳавӣ дар назди афсарони масъули Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷишу имтиҳонҳо супориданд. Зимни ҷамбасти ҷамъомад роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар доир ба натиҷаи ҷамъомади мазкур, вазъи ҷузъу томҳо дар гарнизонҳо ва дигар масоили вобаста ба шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимии қисмҳои низомӣ изҳори назар намудаанд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки новобаста аз пешравиҳои назаррас, дар фаъолияти баъзе аз қисмҳои низомӣ, ҳамоно як қатор камбудиҳо ба назар мерасанд, ки барои рафъи мушкилиҳои мавҷуда дар мӯҳлатҳои муайян татбирҳои зуруриро бояд татбиқ кард.

Дар охири ҷамъомад оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани қудрати мудофиаивии кишвар, ғамхориҳои пайваста Сарфармондеҳои Олии Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба низомиёни кишвар роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ изҳори назар намуда, доир ба ҷорӣ намудани шаклҳои нави пешбурди хизмати ҳарбӣ ба масъулин супоришҳои мушахас доданд.

Ориф Нозимиён Сардори Маркази матбуот

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform