Ба аввал: Робита бо ҷомеа ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз361
Дирӯз532
Моҳ11119
Ҳамагӣ286871
Наворҳо

Форум

ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

14 01 2019

28 декабри соли рафтаро ятимон ва кормандони мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе рӯзи хотирмону фаромӯшношуданӣ меҳисобанд. Дар ин санаи фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассиса ташриф оварданд ва аз шароити зисту таълими хонандагон ва кормандон дидан карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки ба ин таълимгоҳ ташриф меоранд ва бо шароити зисту таълими ятимону кормандон ошно мешаванд. Ба ҳар бори омаданашон таълимгирандагонро шодиву фараҳ фаро мегирад. Онҳо хуб дарёфтаанду медонанд, ки қудуми Пешвои миллат муборак буда, аз аҳволу таълимашон самимона пурсон мешаванду ҳамроҳашон гарму ҷӯшон суҳбат меороянд.
Дар ду соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муассисаро бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютер, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, ба хотири ҷалби наврасон ба варзиш ва  рушди ин соҳа ду майдончаи варзиш, як толори варзиш ва ду толори маҷлисгоҳ бунёд кард. Таълимгирандагон имкони беҳтари омӯхтани технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷиро доранд.
Ҳамин тавр, ин муассисаи таълимӣ дорои ҳамаи шароитҳои зарурист. Дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон ҷой доранд. Аз озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толори фарҳанг ба таври васеъ истифода мебаранд. Мактаб - интернат бо системаи гармидиҳӣ низ таъмин аст. Ин муассисаи таълимӣ барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин мактаб - интернатҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи мактаб - интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор таъсис ёфтааст. Бо гузашти солҳои зиёд, хосса дар даврони навин, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Дар вохӯрии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) соҳибкори ватандӯст, директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов иқдом намуд, ки аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии мазкурро пурра аз таъмири асосӣ барорад. Ба ҳангоми ташрифи Сарвари давлат ӯ ваъда дод, ки барои 600 нафар бошандагони мактаб-интернат хобгоҳи замонавӣ сохта ба истифода диҳад.
Албатта, ташрифу боздид, ҳидояту раҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як умр дар хотири ятимон ва кормандони муассиса мемонад. Ба яқин, дар дунё ҳеҷ сарвари давлате нест, ки мислашон барои ятимон вақти қимати худро сарф намоянду ба шароити зисту таълимашон аз наздик шинос шаванд. Инчунин, бо онҳо падарона суҳбат биороянду панду андарз бидиҳанд, раҳнамоияшон бинамоянд. Ва ҳам барои ҳар кадом туҳфаи гаронарзиш тақдим бикунанд. Ин ҳама ғамхориҳову дастгириҳо бо дӯстдориву муҳаббати хосса онҳо ва моро вазифадор месозанд, ки беҳтар аз пештар биомӯзем, фаъолият намоем ва дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда бигирем.

Ҷамолиддин АМИРХОНОВ,
директори муассисаи давлатии таҳсилоти 
умумии асосӣ - «мактаб - интернати рақами 1 
барои кӯдакони ятим»-и шаҳри Душанбе

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо