Home: Public relations ПЕШВО ВА РӮҲИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛАТ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today157
Week1823
This month7568
Only323497
Video

Forum

ПЕШВО ВА РӮҲИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛАТ

08 01 2019

Башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳо шахсиятҳое таваллуд ёфтанд, ки ба дили мардум равшаниву гармӣ бахшида, раҳнамову раҳкушои инсонҳо шуданд.

Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шудан соҳиби Пешвою қаҳрамони воқеӣ гардид ва ниҳоят орзую ормонашон воқеият ёфту ба мақсад расиданд. Тоҷикон аз баракати суханҳои пурэъҷози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфтанд, ки яке аз ин зулмот фазои торике буд, ки рӯи самои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифта, роҳи моро барои пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин банд мекард. Пешвои мо бо баромад аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ пардаи ин зулмотро дарида, чашми оламиёнро ба сӯи ояндаи равшани кишварамон кушоданд ва тасаввури мардуми оламро нисбат ба миллати тамаддунофари тоҷик ба таври мусбат тағйир доданд.
Дар ин раванд Сарвари давлат ҳамеша дар талоши равшанию гармии хонадони ҳар яки мо буданд. Вақте Пешвои муаззами тоҷикон дар бораи сохтмони НБО «Роғун» ҳарф заданд, миллати тоҷик, ки иродаи матину устувори Пешвои худро медонист, ин воқеиятро бе дудилагӣ пазируфт. 29 октябри соли 2016 барои миллати тоҷик воқеан санаи бузурги таърихӣ буд. Зеро дар ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд. Ин рӯйдод аз он ҷиҳат хотирмон, ибратомӯз ва шарафовар буд, ки маҷрои дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат болои Рахши оҳанин бо иродаи қавии рустамона тағйир дода, ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшиданд.
Тавре маълум аст, ин роҳ барои халқи тоҷик осонгузар набуд. Аммо, рӯҳи шикастнопазири миллат таҳти ҳимояи Пешвои миллат ва бо такя ба неруи созандаи ҷавонон ҳамаи ин марҳилаҳоро пушти сар гузошта, ба нуқтаи ҳалкунанда наздик омад ва агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол ёфт. Ба қавли Пешвои миллат «Неругоҳи «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад ва нури «Роғун» дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».
Бо сохтмони ин иншооти муҳим Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон доданд, ки воқеан он миллате, ки тоҷик ном дораду Пешвояш бо номаш сидқан ифтихор мекунад, миллати тавонову созанда аст. Раванди ин марҳила нишон дод, ки Пешвои миллат воқеан бунёдгари кохи нуру равшанист.

Маҳбуба  МУРОДОВА,
омӯзгори МТМУ № 15-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform