02 01 2019

28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ - мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.
Муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 305 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 33 нафар ятим, 10 бепарастор, 38 нафар бемодар ва 225 нафар бепадар буда, аз онҳо 78 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин ҷо 55 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олии касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 41 нафарро занон ва 36 нафарро кормандони хоҷагӣ ташкил медиҳанд.
Барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шабакаи гармидиҳии мактабро пурра таъмир кардааст. Баҳри фароҳам овардани шароити муосири донишомӯзӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе ба хонандагон як автобуси нав, барои ҳамаи синфхонаҳо тахтаи электронӣ, компютерҳои навтарин тақдим намуд.
Муассиса бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютери корӣ, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ду майдончаи муосири варзиш бунёд кард. Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи мактаб - интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор таъсис ёфтааст ва бо гузашти солҳо шароити будубоши он ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд.
Бо дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017, соҳибкори ватандӯст, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов иқдом пеш гирифт, ки аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии мазкурро пурра аз таъмири асосӣ барорад.
Дар рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳудуди муассиса дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш гардид. Ошхонаи наву замонавӣ бо 450 ҷойи нишаст аз таъмир баромад. Барои 500 нафар мизу курсиҳо оварданд ва толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 350 ҷой бо нақшу нигори миллӣ ва гаҷкорӣ оро дода шуд.
Дар оянда соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов нақша дорад, ки барои бошандагони мактаб - интернат ҳавзи шиноварӣ, барои омӯзгорон як хобгоҳи замонавӣ ва барои нигаҳдории хӯрокворӣ сардхона сохта ба истифода диҳад.
Бинои таълимии муассисаи мазкур бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин буда, дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 2 майдончаи варзиш 1 толори барҳавои варзиш, 2 толори маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар ин ҷо тарбиятгирандагон имкон доранд, ки технологияи муосири компютерӣ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ва толори фарҳанг ба таври васеъ истифода намоянд.
Баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанпарвар Маҳмудҷон Муродов барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстонаи Сарвари давлат ва анҷоми корҳои хайр изҳори сипос карданд.
Пас аз боздид аз синфхонаҳо ва дигар шароити таълим ва зисти бошандагони мактаб - интернат дар толори зебову мунаққаш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон мулоқоти самимӣ доир карда, оид ба таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ андешаронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар тарбиятгиранда туҳфаҳо, аз қабили сарулибоси зимистона, шириниҳо ва дигар лавозимоти хониш, тақдим карданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2004, 2012 ва 2013 ба аёдати бошандагони мактаб - интернати рақами 1 омада, бо шароити таълиму зисти онҳо шинос шуда буданд.