Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз192
Дирӯз491
Моҳ13146
Ҳамагӣ314149
Наворҳо

Форум

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

29 12 2018

Боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар ноҳияи Рӯдакӣ
21  декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту  аёниятҳои дарсӣ  таъмин гаштаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби соҳибкор Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ин соҳибкор бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва сохтмони ин иншоот дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.    Муассисаи таҳсилотӣ дорои 23 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар ҳуҷраҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузарондани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзондани касбҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронда мешаванд. Ҳамзамон, як синфхонаи алоҳида барои дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, 8 ҳуҷраи дигар барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин, муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.
Дар мактаб барои дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин  мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказондашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва барқ  кашонда шуда, ҳамчунин, трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти  неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гаштааст.
Дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкор дар масоҳати 1 гектар варзишгоҳи замонавӣ барои гузарондани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки бинои қаблии муассисаи таълимии №7 соли 1958 бунёд ёфта, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ сухан ронда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Пешвои миллат аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.

Пешвои миллат дар хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ»
21 декабр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Россия ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» шинос шуданд.

Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо карданд. Дар ин гӯша маҳсули дасти деҳқонони ризқофар ба маъраз гузошта шуда буд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ки роҳбараш соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов мебошад, бо парвариши помидор шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» 25 нафар аъзо дорад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар майдони корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона бунёд шудааст. Инчунин, ҳар сол дар масоҳати 1,5 гектар кишти зироати гуногун гузаронда мешавад. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.
Айни замон дар майдони 0,25 гектар ҳосили помидор пухта расида, дар масоҳати 0,30 гектар кишт оғоз гардидааст. Дар ҳамаи 12 гармхонаи хоҷагӣ парвариши помидор, кӯчати бодирингу қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.
Соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов гуфт, ки гармхонадорӣ бахши сердаромади соҳаи аграрии мамлакат мебошад. Барои мисол, аз ду ҳосили соли 2018 93 тонна помидор ва бодиринг ба даст овардааст. Тавре маълум гардид, аҳли заҳмати хоҷагии мазкур қариб 10 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул мебошанд. Ҷиҳати гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ аз 800 то 1300 тонна мебошад. Саҳмдорон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик гармхонаи муосири дигарро дар асоси таҷрибаи кишоварзони Ҷумҳурии Корея фаъол созанд.
Тибқи маълумоти идораи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳоло дар ноҳия дар масоҳати 12 гектар гармхона амал карда, соли равон дар майдони 32 гектар кишти зери плёнка гузаронда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» дорои иншооти ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, ба парвариши 30 сар чорвои калон ва 30 сар моли майда машғул аст. Давоми соли ҷорӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майда парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гӯшти гов ва беш аз 6 тонна гӯшти гӯсфанд ба фурӯш баровардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун кардани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо