29 12 2018

 

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.

Хотирмонии  Паёми имсола  дар он аст, ки Пешвои миллат аз минбари баланд ба мардуми Тоҷикистон расман дар бораи расидан ба ду ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Зикр шуд, ки «ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».
Дар Паём бо ифтихор ва сарбаландӣ зикр карда шуд, ки «Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт – соат неруи барқ содирот кардем». Пешвои миллат ба ҳадафи дуюми стратегии миллӣ дахл карда, зикр карданд, ки «Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо арзёбӣ намуданд.
Дар ҳақиқат сифати нави муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди бузурги таърихӣ дар тақдири минбаъдаи ин халқу миллатҳо арзёбӣ мегарданд. Ҷавҳари чунин рӯйдоду воқеиятро на шаклпарастӣ ва этикет дар муносибати байнидавлатӣ, балки мазмуну мундариҷаи ҳастии таърихии ин ё он давлату миллат, ҷудонопазирии гузаштаи ягона, фарҳангу анъана, урфу одат, моил будан ба ҳамдигар ва майл кардан ба наздикшавӣ ташкил медиҳад.
Муҳим он аст, ки ин равандро бе шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва нақши онҳо дар эҳёи андешаи солими давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунин шахсиятҳо таърих меофаранд,  ҷомеаро  аз ҳолати карахтӣ ба ҳолати созандагӣ мебаранд, барои ояндагон саҳифаҳои нав ва роҳи некро мекушоянд.
Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз зумраи чунин шахсиятҳои фарзона мебошанд, ки ба нақш ва ҷойгоҳи таърихии халқҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ эҳтиром гузоштанд. Моҳияти иҷтимоии ҳамбастагии ду миллати бо ҳам дӯсту бародарро дарк намуда, барои ба нафъи минбаъдаи ҳамдигарӣ ривоҷ додани ҳамкориҳо шароит фароҳам оварданд.
Масъалаи муҳиме, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, дар Паёми навбатӣ боисрор таъкид гардид ва бе пиёда намудани он  расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, бунёди давлати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ ва бехатарии давлат ғайриимкон аст, ин дуруст муайян кардани ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ мебошад. 
Гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ, то соли 2030 афзоиш додани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 22 фоиз, эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар ба сифати ҳадафи чоруми миллӣ, “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ”, эълон кардани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз зумраи ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ ва иқтисоди миллӣ мебошанд, ки дар Паёми имсола низ амиқ муайян гардидаанд. Онҳо сарчашмаи кору фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва  соҳибкорони баномуси мамлакатро ташкил медиҳанд.
Аз ин рӯ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ва фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, ватану ватандорӣ, дарк ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат гузоштаро осон мегардонад ва рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсӣ аст. Фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи му-заффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад. 

Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон