29 12 2018

 

20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии СММ зимни иҷлосияи 73 - юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони "Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”- ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви  СММ пешниҳод шуда  буд, якдилона қабул намуд.
Дар қатъномаи мазкур аҳамияти махсуси захираҳои об барои рушди устувор ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ, таъкид гардидааст. Инчунин, дар қатънома бо изҳори нигаронӣ зикр шудааст, ки яке аз омилҳои асосии норасоии оби нӯшокӣ дар тамоми ҷаҳон тағйирёбии иқлим буда, зарурати таҳияи стратегияи мувофиқакунӣ (адаптатсия) ба раванди тағйирёбии иқлим барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои  об пеш омадааст.
Дар қисми амалии қатънома зикр шудааст, ки  аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню - Йорк Конфронси СММ оид ба шарҳи  миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028" баргузор мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки зимни он конфронс дар баробари мушкилоти вобаста ба захираҳои об, ба масъалаҳои рушди устувор ва идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, татбиқ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои марбута, таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои обӣ аҳамияти махсус дода мешавад.  Ҳамчунин, аз Раиси Маҷмаи умумии СММ даъват ба амал оварда шудааст, ки бо мақсади амалигардонии ҳадафҳо ва вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва ҷиҳати дастгирӣ намудани даҳсола моҳи марти соли 2021  ҷаласаи сатҳи баландро баргузор намояд. 
Илова бар ин, дар қатънома омадааст, ки барои дастгирии шарҳи татбиқи даҳсола, машваратҳои минтақавию ҷаҳонӣ доир шуда,  ба Дабири кулли СММ ваколати ҳамоҳангии ин раванд бо ҷалби ниҳодҳои тахассусии СММ вогузор карда шавад.   
Қатъномаи мазкур аз давлатҳо, созмонҳои байниҳукуматию ғайридавлатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, дигар тарафҳои ҳавасманд ва маблағгузорон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028" мусоидат намоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал метавонад заминаи муҳим ва саривақтиро ҷиҳати баррасӣ ва мубодилаи афкор дар соҳаҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба захираҳои об фароҳам оварда, давомдиҳандаи шоистаи нахустконфронси СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар соли 1977 дар шаҳри Мар Де Плате (Аргентина) баргузор шуда буд, гардад. Конфронсҳои сатҳи баланд, ки ҳар ду сол аз ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби даҳсолаи байналмилалии амал баргузор мегарданд, ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обӣ ва расидан ба рушди пойдори ҳамаҷониба саҳми муҳим хоҳанд дошт.

Душанбе, 21 декабри соли 2018