Ба аввал: Робита бо ҷомеа МАВҚЕЪ. АЗ ҲИФЗИ СУЛҲ ТО МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз29
Дирӯз361
Моҳ6371
Ҳамагӣ245493
Наворҳо

Форум

МАВҚЕЪ. АЗ ҲИФЗИ СУЛҲ ТО МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

21 12 2018

Таҷрибаи зиндагӣ собит месозад, ки дар ҳама давру замон сулҳу ваҳдат кафили рушду тараққиёт ва саодати рӯзгори инсонҳост, ки, хушбахтона, чунин арзиши олӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2017 таъкид ба он доштанд, ки вазифаи муҳимтарини мардуми кишвар аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд.
Воқеан, ин таъкиди Президенти маҳбуби кишвар бояд барои ҳар инсони худогоҳ дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯз беш аз ҳар вақти дигар арзиши баланд дошта бошад ва хушбахтона, чунин ҳам ҳаст. Зеро дар ҷараёни таҷлили ҷашнҳои фархундаи миллӣ, чорабиниҳои муҳими давлатӣ, аз қабили 27-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳоди мардуми сулҳпарвари тоҷик аён буд, ки хурду калон ба қадри ин неъмати олӣ мерасанд ва дар ҳифзи сулҳу ваҳдат омодаанд. Ҳамагон ба хубӣ дарк менамоянд, ки имрӯз зуҳуроти терроризму экстремизм ва тундгароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Ин зуҳуроти нангин ба ягон миллат ва дин робита надорад ва аз андешаҳои зиддибашарии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ бархостааст. Тавре Сарвари давлат таъкид месозанд:  «Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Зеро, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Президенти кишвар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Чун ҳамеша ин қавли Пешвои муаззами миллат дар ростои соли 2018 амалан иҷро гардид ва рӯзҳои 3 - 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 400 намоянда аз 48 давлати дунё, 31 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карданд. Мақсади бевоситаи конфронс таъмини муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез, амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ  ва дигар таҳдидҳои замони муосир буд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии чунин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ бори дигар аз мавқеи устувори худ ҷиҳати тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон паём дода, ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо ин зуҳуроти нангин ба ҳамоҳангиву ҳамдастӣ даъват намуд.

Сурайё  ҶОБИРЗОДА, 
муовини якуми раиси суди ноҳияи Шоҳмансур

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо