Ба аввал: Робита бо ҷомеа Омодагиҳо ба 30-солагии истиқлолияти кишвар
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз563
Дирӯз591
Моҳ9049
Ҳамагӣ310052
Наворҳо

Форум

Омодагиҳо ба 30-солагии истиқлолияти кишвар

21 12 2018

Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин самт имрӯзҳо дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа таъмиру тармим ва сохтмону азнавсозии бинову иншооти муҳими ҳарбӣ бо маром идома дорад. Нахуст гузориши барнома дар ин мавзӯъ омода гардидааст.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар толори Вазорати мудофиаи мамлакат таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шерали Мирзо машварати корӣ доир гардид.

Зимни баргузории он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа “Нақшаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Вазорати мудофиа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳама бандҳои нақшаи мазкур бояд бо сифати баланд таъмин гардад ва то арафаи таҷлили ин ҷашни воқеан ҳам таърихӣ дар ҳама самтҳо бояд пешравиҳои куллӣ ба чашм расанд.

Ҳамзамон илова гардид, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлили ин ҷашни воқеан ҳам таърихӣ, омодагиҳо ҷиҳати гузаронидани Паради ҳарбӣ, чорабиниҳои тантанавӣ, озмуни Суруди сарбоз, таҳияи филмҳои мустанад, нашри рӯзномаҳои ҷашнӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, сохтмону азнавсозии бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, оро додани муҳити қисмҳои низомӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим бояд дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ монда шавад.

 

Дар интиҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур дар сатҳи зарурӣ ва бенуқсон супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ кишвар корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома доранд.

Дар ин замина дар Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хобгоҳи васеъ барои афсарони муҷарради ин воҳиди низомӣ сохта ва ба истифода дода шуд, ки муҷаҳҳаз бо ҳама ашёву лавозимоти зарурӣ барои зисту зиндагонӣ муносиб мебошад.

Дар рӯзи ба истифода додани бинои мазкур роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, муовинони вазири мудофиа, масъулини ин воҳиди низомӣ иширок доштанд.

Қобили зикр аст, ки тарҳи лоиҳаи бинои мазкур ё худ хобгоҳи васеъ барои афсарон мувофиқ ба меъёрҳои муосир аз сифр бунёд гардида, он фарогири 12 ҳуҷра барои 36 нафар афсарони муҷаррад, ки дар ин қисми низомӣ фаъолият менамоянд, пешбинӣ гардидааст. Аз ин пас, ба ин афсарони қисми низомӣ имконият фароҳам аст, ки наздик ба коргоҳи худ зиндагонӣ кунанду ҷавобан ба ҳама дастгириҳои сарвари давлату ҳукумати кишвар содиқ ба фаъолияти пурмасъули хеш бошанд ва дар боз ҳам рушду нумӯи кишвари маҳбуб аз худ саҳми босазо гузоранд.

Вилояти Хатлон

Ҳамзамон ҳафтаи равон дар доираи омодагиҳо ба ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиа дар гарнизони Хатлон бинои васеи таълимӣ бунёд гардид.

Дар рӯзи ба истифода додани бинои мазкур, роҳбарияти Вазорати мудофиа масъулини ин воҳиди низомӣ иширок дошта, ба сифати сохтмони ин бинои васеи замонавӣ баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки ин бинои таълимӣ дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона бинои васеъ мебошад, ки аз сифр мувофиқ ба стандарти муосир бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад.

Даҳлези ошёнаи якум ва ошёнаи дуюми бинои мазкур мувофиқ ба стандарти ҷаҳонӣ васеъ буда, барои дар як баст ба синфхонаҳо ворид гардидани ду гурӯҳ муносиб мебошад.

Бинои мазкур дорои 9 синфхона буда, ин ҳам бошад барои омӯзиши дарсҳои назариявӣ синфхонаҳои соҳавӣ мутобиқ гардонида шуда, муҷаҳҳаз бо ҳама ашёву лавозимоти зарурӣ мебошад. Ва дар синфхонаҳои васеи он дар маҷмӯъ дар як баст метавонад, беш аз 400 нафар ба омӯзиш ҷалб шавад.

Ҳамзамон барои афсарони ин воҳиди низомӣ дар дохили ин бино ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидааст, ки бунёди чунин утоқҳои кории сатҳи муосир бешак ба сифати таълим мусоидат менамояд.

Ҳудуди бинои бинои таълимӣ низ бо дарахтони сояафкану ороишӣ мувофиқ ба тарҳи муосир гардонида шуда, дар оянда ба мавзеи бунёди гулгашти нав муносиб мебошад.

Ҳамзамон, дар ҳудуди бинои мазкур барои истироҳату фароғат ва сӯҳбати ҳайати шахсӣ мавзеи махсуси сӯҳбатороӣ ташкил карда шудааст, ҳайати шахсии ба дасрҳо ҷалбгардида дар вақти танаффус бо ҳамхизматони хеш сӯҳбати озоду самимӣ доир менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати боз ҳам ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани ҳама шароити зарурӣ дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи кишвар ва дар маҷмуъ Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, беҳтарин шароит барои дарсу тамрин дар қисмҳои низомӣ ва машқгоҳҳои дурдасттарини артиши кишвар муҳайё гардидааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди қисми низомии мазкур хонаи дидорбинии волидайн бунёд гардидааст, ки наздикону пайвандони сарбозон метавонанд дар ин хонаи махсуси дидорбинӣ бо фарзондони хеш вохӯрӣ доир намоянд.

Қобили зикр аст, ки барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити дарсу тамрин дар Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурдасттарин машқгоҳҳои артиши миллии кишвар шароити зарурӣ муҳайё гардонида шудааст.

Дар машқгоҳи, Ҳарбмайдонни гарнизони Хатлон барои ҳайати роҳбарии машқҳо нуқтаи назоратӣ бунёд гардидааст. Бинои мазкур мувофиқ ба талаботи дашту саҳро гардонида шуда, ҳайати роҳбарии машқҳо маҳз аз ин ҷо ҷараёни баргузории машқҳоро назорат менамоянд.

Ҳамзамон, барои ҳайати шахсии дар машқҳо ҷалбгардида, дар ҳудуди машқгоҳи, Ҳарбмайдон хобгоҳи васеъ бунёд гардидааст.

Дар воқеъ дар миёни куҳҳои сарбафалак, дашту саҳрои домангир бунёди чунин бинои замонавӣ самараи даврони Истиқлолияти кишвар маҳсуб ёфта, тӯҳфаи Сарвари давлат, Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳ генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбии дар машқгоҳ ҷалбгардида мебошад.

Хобгоҳи мазкур дорои даҳлези васеи муҷаҳҳаз бо шиору овезаҳо буда, он мувофиқ ба меъёри сохтмонӣ ва талаботи ҳарбӣ гардонида шудааст.

Ҳамзамон, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарони масъули ин машқгоҳ ташкил гардида, ҳудуди бинои мазкур низ барои дар оянда бо дарахтони сояафкану ороишӣ оро додан мувофиқ буда, ба мавзеи бунёди гулгашти нав муносиб мебошад.

Дар воқеъ бунёди чунин биноҳои замонавӣ аз марказҳои шаҳру ноҳияҳо сар карда то дурдасттарин қисмҳои низомиву машқгоҳҳо, ин ҳама дар партави сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат дар саҳми бунёдкориву созандагӣ маҳсуб ёфта, самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

майор                                                                                              О.Нозимиён

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо