Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ “БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз192
Дирӯз491
Моҳ13146
Ҳамагӣ314149
Наворҳо

Форум

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ “БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”

18 12 2018

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт, шинос шуданд.
Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006  дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.
Масоҳати боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуданд, ки нашъунамои хуб доранд  ва ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содир мегардад. Дар масоҳати наздики 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар, ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд. Ҳамин тавр, дастур дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи Фирдавсӣ, Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи ҷавонӣ, Боғи Аҳмади Дониш, Боғи Алишери Навоӣ, боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи Наврӯзгоҳ, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дигар боғҳои пойтахт бештар аз 100 ҳазор дарахти ороишӣ шинонда шавад.
Дастурҳои дигар ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои то ба 180 гектар васеъ кардани майдони боғ ва ба макони бузурги дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардондани он дода шуд. Таъкид гардид, ки барои ба боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад.
Дар оянда ин мавзеъ, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, ба маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ барои сокинон, бо тамоми шароити зарурӣ, табдил дода мешавад.
Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех буда, теъдоди умумии 30 намуд дарахти сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 67 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан, 8 намуди дарахт, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.
Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сарв, маржевика, сарви аризонӣ, туя, сафора, зерфун, шоҳбулут, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин, гулҳо аз қабили садбарг, секвойя, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.
Дар муассисаи мазкур, ҳамчунин, ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ, парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,8 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт мегардад. Дар майдони 0,5 гектар бошад, гармхонаҳои парвариши лимӯ сохта шудааст.
Дарахтони нодири ороишӣ аз хориҷ ворид шуда, дар ин ҷо минтақабоб мешаванд.
Соли 2017 барои боғҳову хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз тарафи Боғи миллӣ беш аз 60 ҳазор ва имсол 25 ҳазор гули сабдарг ҷудо карда шуд.
Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ, инчунин, даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб мегарданд.
Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбӯи дар Боғи миллӣ парваришшуда, барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ба шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд мешаванд.

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо