Home: Speeches ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today431
Week3158
This month8903
Only324832
Video

Forum

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

 

05 12 2018

3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.
Ҳамин тавр, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъйин гардиданд.
Сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд.
Ҳамчунин, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар хати фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъйин гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан, ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform