04 12 2018

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит шинос шуданд.
Лоиҳаи бунёди масҷид бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлис ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зербинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.
Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони варзидаи Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75  - метра ва гумбази 47 - метра иборат хоҳад буд.
Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди масҷид меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷид ва ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулони корҳои сохтмониро вазифадор намуданд. Таъкид шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шаванд, то ин ки иншоот барои мардуми Тоҷикистон ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳои он ва дарвозаҳояш дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.