Ба аввал: Робита бо ҷомеа ПАРЧАМ ШУКӮҲИ ОЗОДИИ МОСТ!
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз300
Дирӯз349
Моҳ4329
Ҳамагӣ233129
Наворҳо

Форум

ПАРЧАМ ШУКӮҲИ ОЗОДИИ МОСТ!

22 11 2018

Парчами миллии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст.
Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст;
Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофарин ва башардӯсти мост;
Парчаме, ки баланд аст ва сари моро ҳамеша баланд медорад;
Парчаме, ки ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ  мебахшад;
Парчаме, ки ёдҳои мозӣ, таърихи миллати хуҷастахисолро дар худ ҷилвагар медорад;
Парчаме, ки аз пешбанди чармини Коваи оҳангар бунёд ёфта, раҳнамои мардум дар роҳи дарёфти  адлу инсоф гардидааст;
Парчаме, ки  Фаридуни фаррухпай бар алайҳи Заҳҳоки морон онро раҳнамои пирӯзиҳо гардондааст, яъне парчами некӣ бар муқобили бадӣ, парчами нишот бар муқобили ғаму андуҳ, парчами озодагон бар муқобили зулму истибдод, парчаме, ки шараф ва нангу ори ориёнро бардоштааст;
Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад;
Мо бисёрем, аммо парчами мо бо ҳама нусхаҳо яктост ва моро дар гирдогирди худ ҷамъ меорад, ба ягонагӣ дар канори худ мехонад. Дар ин парчам шараф ва нангу номус ва ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти  мо ҷилвагар аст; Ин парчам бо ҳузури зебо, ҳузури муборак   ва вуҷуди бегазанди  худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифои Ватанамон ҳамеша бо ҳама вуҷуд омода бошем;
Ин парчам намегузорад, ки мо лаҳзае бе масъулият бошем, фориғбол гардем, намегузорад шарафи Ватанамонро аз ёд бубарем;
Ана барои ҳамин, ин парчам ҳамеша болост, аз ҳама ҷо падидор аст, то мо ҳамеша онро болои сари худ парафшон бубинем;
Чаро парчамро ҳамеша боло мебардоранд, дар баландиҳо насб мекунанд, дар қуллаҳо устувор месозанд? Барои он ки парчам ҳамеша аз ҳама чиз болост, болои чашму сари мост, муқаддас аст;
Парафшониҳои ин парчам  дар осмони поки кишвари мо маъниҳои зиёд дорад ва якеаш он аст, ки мо кишвари сулҳпарварем ва бо парчами дурахшони худ мардумро ба сулҳу ваҳдат, ягонагӣ даъват мекунем. Мо ба худ ва ҳама олам сулҳ, оромиву амонӣ ва сарфарозиҳо таманно дорем;
Рангҳои сурху сафеду сабзи парчами мо - рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, рангҳои нишоту некиву ҳимматанд,  он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод;
Парчами мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст; ишора ва даъватест ба осоиштагӣ ва амонии тамоми Сайёра;
Парчами миллии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз овардҳои хунини асрҳо, аз обу оташи маргбори замонаҳо гузаштаву пойдор мондааст;
Бале, боиси ифтихори мост, парчаме, ки аз матои пардаҳои ҷону имони мо бунёд ёфтааст ва новобаста ба  захмҳову доғҳову ҷароҳатҳои таърих, имрӯз пойдор аст; 
Парчами миллӣ ҳамеша рамзи ватандорӣ, рамзи ҳувияти як халқ, рамзи садоқат ба Ватан, рамзи пойдорист;
Оре, парчамдорӣ русуми миллати соҳибтамаддун аст ва мо сарфарозем, ки миллатамон аз аввалин парчамдорони дунё будааст ва ҳазорон сол пеш ливои рангини худро доштааст, ки дар тӯли таърихи гарону пур аз моҷаро онро ҳамеша бо ифтихор чун ҷон дар вуҷуд ҳифз доштаасту чун имон муқаддас шинохтааст;
Оре, ин парчам ҳазорсолаҳо ҳифз гашт,  гарчи душман борҳову борҳо  хоки моро бехт, ҷисми моро сӯхт, аммо парчами муқаддаси  мо ҳазорсолаҳо дастнорас барои душманон буд, зеро  ин ливо ҳамеша дар хуни мо, дар шараёни мо, дар ҷону дар имони мо ҳифз мешуд;
Имрӯз ин парчам  бо мост, парчаме, ки дар он ҳама муқаддасоти мо: шараф, нанг, номус, обрӯ, ифтихор, ирода, матонатамон ҷамъ омада, рамзи пойдорӣ гардидааст. Ана барои ҳамин, он қимат аст, азиз аст, дар баҳои ҷон аст;  
Инак, парафшон бош, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол! Парчами шараф ва номуси миллати некманиш, миллати хайрхоҳу башардӯст, миллати волотарин оину суннатҳои инсонӣ, миллати Наврӯзи хуҷастапай, миллати ҳунару фарҳанг ва шеъру суруд, миллати Шерак, миллати Кова, миллати Испитамон, миллати Рӯдакӣ, миллати Сино, миллати Эмомалӣ Раҳмон.
Эй Парчами тоҷикон! Дар фарози бунёди неки мо ҳазорсолаҳо парафшон будаӣ, дар фарози муҳаббати мо ҳазорсолаҳо парафшон бимон!!! 

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо