Ба аввал: Робита бо ҷомеа Бодовардаро бод мебарад...
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз27
Дирӯз361
Моҳ6369
Ҳамагӣ245491
Наворҳо

Форум

Бодовардаро бод мебарад...

13 11 2018

Чандин маротиб аст, ки перомуни даст ба террору ифротгароӣ задани ТТЭ ҲНИ, тавассути ВАО-и кишвар матолиби гуногун ба нашр мерасад. Ҳарчанд роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз худ мусичаи бегуноҳ метарошанд ва айбу гуноҳи содиркардаашонро ба зимма намегиранд, аммо собиқ аъзои ин ҳизби террористӣ (аз ҷумлаи Домулло Айёмиддини ихтиёран тарки ҳизб кардаву Эшони Қиёмиддини боздоштшуда ва дигарон) иқроранд, ки бо мададу ҳамдастӣ бо хадамоти махсуси Эрон ҳар гуна ҷурму ҷиноётро дар Тоҷикистон маҳз наҳзатиҳо рӯйи кор овардаанд.

Ҳар вақте чунин матолиб ба нашр мерасад, “обсофкунакҳои наҳзатӣ” зуд болои об гашта, бидуни далел айбу гуноҳи ҳамсафони худ мешуянд... Аммо магар метавон шуоъҳои сузони офтобро бо доман пӯшонд? Асло не!
Боварам кунед, ҳар чи дар ҳаққи наҳзатиҳо мегӯянд, ба Худо қасам мехурам, ки ин ҳама қатрае аз баҳр аст. ТТЭ ҲНИ саропо ғутавари ҷурму гуноҳ аст ва ростӣ ки намедонам дар он дунё ин разилон чӣ посухе назди Худованд медода мебошанд.
Ман низ замоне узви ҲНИ будам ва ҳар гуна корҳои техникиро дар дастгоҳи марказии ҲНИ амалӣ месохтам. Дар ҷаласаҳову ҷамъомадҳои ҳизб низ иштироки фаъол доштам. Дастмузди хуб мегирифтам – 3 ҳазор сомонӣ, аммо вақти дар ведемост имзо мондан, ҳақулмузд 560 сомонӣ нишон дода шуда буд, ки рӯ ба рӯи он имзои муборакам мегузоштам. Хазинадори наҳзат Ҳоҷӣ Холмаҳмад, ҳар вақти пулгирӣ таъкидам мекарданд: “Мабодо агар мақомот аз маош пурсанд, ҳамин рақами дар ведемост нишондодашударо бигӯй”. 
Воқеан ҳам шигифтангез он нукта буд, ки танҳо дар як қароргоҳи марказии ҳизб беш аз 100 нафар машғул бо корҳои ҳизбӣ буданд ва ҳар кадоме аз 3 то 7 ҳазорӣ маош мегирифтанд. Ҳизб дар ихтиёр корхонаву истеҳсолоте надошт, пас ин миқдор маблағ аз куҷо дастраси онҳо мегашт? Ба замми ин, ҳар моҳ собиқадорони наҳзат ва собиқ размандагони маъюбу маҷруҳ ба маблағи то 1,5 ҳазорӣ нафақа мегирифтанд. 
Рӯзҳои ҷумъа бошад, собиқ размандагони наҳзатӣ, ки ҷое кор намекарданд, дар қароргоҳи ҳизб ҷамъ гашта, аз Кабирӣ дархости кӯмак мекарданд, ки барои ҳар яки онҳо низ худи ҳамон лаҳза маблағ пайдо мегашт. Ва аз кадом ҳисоб? Ба ин суолам собиқ узви ҲНИТ Қорӣ Иброҳим хуб посух дода буд: “Бародарони эрониву ихвониҳо зинда бошанд, наҳзат асло хор нахоҳад шуд!”

Кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ, ки қароргоҳи марказиаш дар пойтахт буд, дар қароргоҳи наҳзатиҳо намояндаи худро дошт ва тибқи тавсияи ТТЭ ҲНИ ба муҳтоҷон кӯмак мерасонд. Ёдам ҳаст, он замон масъули корҳои хайриявиро Қорӣ Фазлиддин ном нафаре бар уҳда дошт, ки дар хонаи худ муҳтоҷону дардмандонро қабул карда, ба қавли худ “бо усулҳои хос” “табобаташон” мекард. Баъдан фасодкории он фасодзада ифшо гашт: мавсуф бар ивази номнависии муҳтоҷон, бахусус духтарону занҳо ҷиҳати дарёфти кӯмаки ҳармоҳа, бо эшон ҳамхоба мешудааст. Роҳбарияти наҳзат ба хотири пӯшиши гуноҳҳои узви худ, ӯро аз вазифа барканор ва барои идомаи фаъолият ба Эрон фиристода буд.
Мардум, бахусус афроди муҳтоҷ аз фасодкории ҲНИ сари вақт огаҳ шуда, худро аз онҳо канор гирифтанд. Баъдан, чандин амалкарди хушунатомези дигар аз қориву мавлавиҳои наҳзатиро ниҳодҳои қудратӣ ошкору тавассути шабакаҳои кишвар пешкаши мардум гардонида буданд. 
Тайи рӯзҳои охири фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, хазинаи ҳизб саршор аз асъори хориҷӣ гардида буд ва ин ҳамаро муовини роҳбари ҲНИ Сайидумар Ҳусайнӣ зери назорати қатъӣ дошт. Сухани як нафар аз шоирону нависандагон, шодравон бобои Қамар ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки баҳс бо як Мавлавии наҳзатӣ рӯйрост ба ӯ гуфта буд: “Аз пулу молу нону ошатон бӯи хун меояд ва билохира якояки шумо дар ин баҳри хун ғарқ мегардед. Шумо ҳатто Худову Расулро ҳам фиреб медиҳед”. 
Хазинаи ғании наҳзат қариб, ки пеши чашмони аксарро пӯшонида буд. Бахусус, роҳбарони наҳзат аз чаҳорчӯбаи Ислом дур гашта, олудаи фасоди ахлоқӣ гашта буданд. Аз Кабирӣ сар карда то зинаи пасти ҳизб духтаракони зебову шаҳлочашмеро, ки ба қавли худ дар қароргоҳи ҳизб сабақи исломӣ мегирифтанд, барои худ интихоб мекарданд. Шоҳнаъими Карим, масъули пулу моли наҳзат, ки шахси бовариноки Кабириву Ҳусайнӣ буд, маҳз тавассути ӯ бо роҳҳои гуногун аз хориҷа пул вориди хазинаи наҳзат мегашт. Аслан хазинаи воқеии наҳзат дар Эрон буд ва ҳатто буҷети яксолаи ҳизб бо тамоми масорифу даромаду хароҷоташ он ҷо муайяну тарҳрезӣ мешуд. Ҷониби Эрон лоиҳаеро тарҳрезиву пешниҳоди роҳбарияти ҲНИ карда буданд, ки баъдан бо маъниву мазмуни он аз наздик ошно гаштам. Наҳзат вазифадор шуда буд, то ба хотири ҷалби олимону афроди ҳунарманд, варзишгарону ҳунармандон пайваста бо онҳо ҷамъомаду маҳфилҳо доир намуда, ҳар семоҳа ба онҳо кӯмаки молӣ расонад. Эрон чунин тарзи корро як шохаи асосии даромади буҷети ҳизб маънидод карда буд. Ин ҷо аз овардани ному насаби он афроди зиёӣ ва варзишкорону ҳунармандоне, ки муддате пойбанди Кабирӣ гашта буданд, худдорӣ мекунам, зеро изои муъмин ҳаром аст. 
Ҳар гоҳе зиёиеву ҳунарманде дари наҳзат мекуфт ва дархости кӯмак мекард, Кабирӣ руҳу илҳом мегирифт ва аз тобеъонаш даъват менамуд, то сайдҳои бо дасту пои худ ба дом афтидаро побанди худ гардонанд. Кабирии зираку маккор, рӯзҳои аввал ҳатто ба чандин олимону рӯзноманигорони тоҷик шиму костюм ҳадя карда буд.
Бо тавсияву дастури хоҷагони ҳизби наҳзат ва пушиши суратҳисобҳои ҳизб, созмони хайриявии "Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ" таъсис ёфта буд, ки муассисону масъулини он муовини раиси ТТЭ ҲНИ Сайидумар Ҳусайнӣ ва узви Раёсати ҲНИ Муҳаммадсаид Ризоӣ буданд. Ризоӣ филиали созмони мазкурро дар хонаи худ воқеъ дар маҳаллаи “Южний”-и шаҳри Душанбе ҷой дода, фаъолият пеш мебурд. Ҳамарӯза гирду атрофи хонаи Ризоӣ пур аз корафтодагоне буд, ки ба доми тори анкабути Ризоиву Ҳусайнӣ афтода буданд. Пешоруи муҳтоҷон як шарт гузошта мешуд: Хоҳед, ки ҳамеша кӯмак дастрас намоед, пас узви ҲНИ гардед. Теъдоде аз мардум шарти пешоругузошташударо зуд мепазируфтанд, аммо аксарият ба чунин пешниҳод розӣ намегаштанд. Ризоӣ филиалҳои созмонро дар Рашту Шаҳритусу Қабодиёну Вахш низ созмон дода буд. Он ҷо низ бар ивази қабули узвият ба ҳизб ба муҳтоҷон хурокаву пушокаву асбобҳои рӯзгор тақдим мегашт. Маҳз аз ҳамин ҳисоб роҳбарони наҳзат шумораи аъзояшонро зиёд мекарданд.
Сару садоҳое, ки гуё шумораи аъзои ТТЭ ҲНИ то 40 ҳазор нафар расидааст, дуруғи маҳз буд. Савганд мехӯрам, ки аъзои онҳо аз ду ҳазор зиёд ҳам набуд ва инҳо ҳам пирони кайҳо фавтидаву чанд зани бевамонда буданд.
Билохира, ба доми анкабут афтодагон аз макри наҳзатиҳо сари вақт хабардор шуда, тарки ҳизб карданд. Кабирии маккор аз тақдиру қисмати талхи минбаъдаи ҳизб огаҳ шуда, аз кишвар фирор кард. Фирори Кабирӣ аз нақшаи сиёҳи наҳзатиҳо дарак медод. Билохира, чунин ҳам шуд: Қабл аз даст ба тазоҳурот задани Ҳоҷӣ Ҳалим, дар саҳни ҳавлии қароргоҳи марказии ҲНИ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Шоҳнаими Карим, хазинадори наҳзат – Ҳоҷӣ Холмаҳмад ва чандин нафари дигар аз мавлаҳиҳо хушҳолу болидаруҳ буданд ва бо ҳам аз ояндаи Тоҷикистон пешгӯиҳо мекарданд. Ростӣ, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро чунин сахиву дарёдилу хушҳол надида будам. Бо ҳар узви наҳзат самимона мулоқот карда, баъдан як қабза пулро ба ҷайбашон халонда, хушҳолона мегуфтанд: “Бобои Ҳоҷӣ дар ҳаққи мо дуогӯ бошед, иншоаллоҳ пирӯзӣ қариб аст! Ҷайбу сумкаи дар дастдоштаи Шоҳнаими Карим пур аз пул буд ва ӯ ҷавонзани фаррошеро, ки андармони рӯбу чини майдон буд, назди худ хонда, панҷ ҳазор сомониро ба дасташ дод ва оҳиста огаҳаш кард, ки “Инро гиреду дар ҳаққи мо дуо кунед ва чанд руз ба кор наоед, вақте пирӯз шудем, ҳатман шуморо меёбем...” Чашми Шоҳнаим ба ман афтоду маро низ назди худ хонд. Аснои дасти вохӯрӣ дароз кардан, чанд панҷсадсумаеро ба дастам дод ва гуфт: “Ҳамааш хуб мешавад, то чанд муддат дар хона бошед ва ахбор гуш кунед”. 
Баъд аз як ҳафтаи ин мулоқот тариқи расонаҳо шунидам, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҳамдстӣ бо наҳзатиҳо даст ба ошӯб задааст. 
Хуб, хонандаи азиз, фикр мекунам ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест, зеро амалкарди наҳзатиҳо гувоҳи он аст, ки сад дар сад онҳо плану нақшаи сиёҳи худро мехостанд бо тарҳу маслиҳати хоҷагони эрониашон дар сартосари кишварамон амалӣ созанд. Хушбахтона, бодовардаҳо тӯъмаи боди барангехтаашон гаштанд. Худоро шукр!

 

Рӯзноманигори мустақил Муслиҳиддини Асрорӣ.
Бознашр аз “Фейсбук”

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо