Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ МАЪМУРИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз298
Дирӯз349
Моҳ4327
Ҳамагӣ233127
Наворҳо

Форум

ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ МАЪМУРИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

12 11 2018

Имрӯз  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи ду сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва стандартҳои ҷории сохтмонӣ бунёд гардид.
Бинои нави маъмурӣ дорои 118 ҳуҷраи корӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин аст. Барои баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ дар таҳхонаи он 4 синфхонаи машғулиятҳои хизматӣ омода гардида, бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад. Ба иттилои масъулон дар ин бино 4 раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд фаъолият менамояд. Барои гузарондани ҷаласаву ҷамъомадҳо иншооти мазкур бо толори маҷлис, ки дорои 100 ҷойи нишаст аст, таъмин буда, дар ошёнаи 9-ум толори хурди конфронс бо тамоми шароити муосири корӣ омодаи хизмат аст. Бинои маъмурӣ дорои меҳмонхона буда, барои меҳмонон 4 ҳуҷра бо шароити зарурии зисту зиндагонӣ омодаву мавриди истифода қарор гирифтааст.
Намои берунаи иншоот мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта ба истифода дода шуд. Гирду атрофи бино бо гулҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан оро ёфта, роҳравҳои гирду атрофи иншоот бо тахтасангҳо оро дода шудаанд. Бино бо шабакаи муосири назоратӣ таъмин буда, ҳудуди иншоот бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки давоми чанд соли охир дар саросари кишвар ҷиҳати беҳтар намудани шароити корӣ, зисту зиндагонӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни сохторҳои қудратӣ корҳои назаррас ба сомон расонда шудаанд. Аз ҷумла, ифтитоҳи ин бино намунаест аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат нисбат ба фаъолияти кормандони сохтори мазкур.
Сарвари давлат бо шароит ва ҳуҷраҳои кории бинои маъмурӣ шинос шуда, кормандонро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан даъват намуданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсуси навбатиро супурданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Солиев Карим Ҳоҷиевич рутбаи навбатии "генерал - майори милитсия" супурда шуд.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Султонзода Садриддинхон Исмоил бо рутбаи навбатии "полковники хизмати дохилӣ", Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, Мӯсозода Муҳаммадалӣ Абдусаттор, Амирализода Сулаймон ва Сулаймонзода Ғуломалӣ Нуралӣ бо рутбаи навбатии "полковники милитсия" сарфароз гардонда шуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти замонавии хизматӣ тақдим шуд. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба фаъолияти мақомот ба роҳбарияти пойтахт миннатдории худро иброз намуданд.

Ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзиш ва нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мураббаъ баробар аст. Бинои асосии марказ бо тарҳи муосиру мутобиқ ба талаботи рӯз сохта шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст.
Дар ошёнаи якуми бинои асосии марказ қисми навбатдории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва ғайра ҷой дода шудаанд. Ошёнаҳои дуюм ва сеюми он барои ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимию маҷлисгоҳҳои хурду бузург, хона барои қабули меҳмонон ва ҳуҷраҳои хоб пешбинӣ шуда, дар онҳо шароити мукаммали фаъолият фароҳам мебошад.
Тавре аён шуд, инфрасохтори мавҷуда дар бинои асосии марказ бо муосиртарин лавозимот, аз ҷумла компютеру ноутбук, принтер ва ғайра ҷиҳозонда шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ имконияти фарохи ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа мавҷуд мебошад. Се синфхонаи таълимии марказ, ки ҳар кадом дорои 6 ҷойи нишаст аст, бо воситаҳои навтарини таълим муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар ошёнаи сеюми бинои асосии марказ 8 ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ва курсантон муайян гардидааст. Ҳар як ҳуҷра дорои ду рахти хоб, ҷевон ва дигар лавозимоти зарурист.
Толори нигоҳдории таҷҳизоти техникӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва ҷойгоҳ барои захираи об бо иқтидори 300 метри мукааб дар ошёнаи чорум ҷой дода шудааст. Дар ҳамин бино китобхона мавҷуд аст, ки дар он номгӯи зиёди адабиёти таълимии соҳавӣ ҷамъ оварда шудааст.
Дар таҳхонаи бинои мазкур толори варзиш бо таҷҳизоти зарурӣ барои обутоби бадан ташкил гардида, қисмати дигари он ҳамчун таваққуфгоҳ пешбинӣ шудааст.
Баробари сохта ба истифода додани маркази мазкур кормандони он бо 9 автомашинаи сабукрав, як микроавтобус ва 2 автомашинаи бо таҷҳизоти махсуси оперативӣ-техникӣ ҷиҳозондашуда таъмин гардиданд.
Меҳмонхонаи марказ дорои 8 ҳуҷра ва ифрасохтори ёрирасон буда, дар он беҳтарин шароити истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Бинои меҳмонхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Иншооти мавҷуда дар маркази мазкур бо шабакаи гармидиҳии мутамарказ ва таҷҳизоти оташнишонӣ таъмин мебошад. Дар он имкони ба таълим фаро гирифтани 100 нафар дар як вақт мавҷуд аст. Дар саҳни он 3 майдончаи варзишии муосир барои гузарондани бозиҳои баскетбол ва бадминтон мавҷуд мебошад. Дар дохил ва атрофи иншоот 28 камераи мушоҳидавӣ насб ва қисмати болоии девори гирди бино бо симтӯрҳои махсуси муҳофизатӣ иҳота гардидааст. Дар маҷмӯъ, масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ кабудизор шуда, атрофи иншоот бо 5 ҳазор гулҳои ҳархела ва 100 бех дарахти ҳамешасабз оро дода шудааст.
Иншооти навбунёд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзҳои таҷлили солгарди навбатии Рӯзи милитсия мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароиту имконияти Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони он дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи аксбардорӣ, наворбардорӣ, телевизор ва дигар воситаҳои техникӣ туҳфа намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо