Ба аввал: Вохӯриҳо ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз190
Дирӯз491
Моҳ13144
Ҳамагӣ314147
Наворҳо

Форум

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

12 11 2018

8 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии давлатҳои аъзои созмон дар доираи узвият дар он ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҳисоботи котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба амнияти дастаҷамъӣ ва рафти иҷрои қарордодҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи ноябри соли 2017, доир ба самтҳои ояндадори фаъолият дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо менамояд.Ба таври мушаххас аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд.Дар ин зимн, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб меёбад, рафти татбиқи минбаъдаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи расондани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” ва вусъат бахшидани таҳияи лоиҳаи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон” ҷалб намуданд.Муҳимияти тақвияти муборизаи муштарак бо дигар зуҳуроти номатлуби аср, бахусус муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ низ таъкид гардид.Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи чораҳои ҳамоҳангшуда нисбати нафароне, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок намудаанд” ва 18 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расиданд.Рафти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма натиҷагирӣ шуд.

 

 

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо