Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз298
Дирӯз349
Моҳ4327
Ҳамагӣ233127
Наворҳо

Форум

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

01 11 2018

Субҳи 22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон, бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданиятро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қитъаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданият 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мошингарди дорои 2 хати ҳаракат, маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, лӯлаҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Деҳмой – Меҳробод - Маданият, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардидааст.
Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданият 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст. Масофаи умумии пулҳои навсохташуда ва таҷдидшуда дар қитъаи роҳи Деҳмой – Меҳробод - Маданият зиёда аз 160 метрро ташкил дода, ҳар яки он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ давоми ду сол беш аз 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард ба масофаи 9600 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард мумфарш ва 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданият марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара пурра амалӣ гардид.   
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои саҳмгузорӣ дар ободии мамлакат ба бунёдгарони роҳ изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Сарвари давлат масъулонро барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой – Меҳробод - Маданият муваззаф намуданд.

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ ХУСУСИИ “НУРАФШОН” 
Дар доираи сафари кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии “Нурафшон” - ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 8 ҳуҷраи бозӣ, 8 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон, ҳавзи оббозӣ, ошхона барои 50 нафар, катҳои хоб барои 200 нафар ва дигар иншоот мавҷуданд.
Машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд. Шумораи кормандон беш аз 40 нафар буда, аз ҳисоби сокинони маҳаллианд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шуд. Корҳои сохтмонии бино моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида буд. Дар кӯдакистон барои таълиму тарбияи кӯдакон тамоми шароити замони муосир фароҳам аст.
Аснои шиносоӣ бо шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат дар доираи омодагӣ ба Ҷашни миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, шоистаи таҳсин хонданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла кӯдакистонҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит сохта шудаанд, ки айни замон дар онҳо беш аз 3 ҳазору 580 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Кӯдакистони хусусии “Нурафшон” айни замон яке аз марказҳои калонтарини таълимиву тарбиявии кӯдакон дар ноҳия маҳсуб меёбад ва он дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии кӯдакон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

ПАРТАВАФШОНИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Корҳои сохтмон дар сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хиост” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд.
Парчами давлатӣ дар майдони 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор шудааст. Ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшанидиҳанда насб шудаанд ва барои сайругашти сокинон макони мувофиқу дилфиреб аст.  
Акнун дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзи давлатӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро боло ва ҳисси меҳандӯстиашонро тақвият мебахшад.

КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГИЮ ҚОЛИНБОФӢ ФАЪОЛ ШУД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.
Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоил Самадов бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Наздики 30 нафар занону духтарони хонашин ба кор ҷалб гардида, бо дӯхти либоси ягона барои мактабҳо, корхонаву муассисаҳо ва рахти хоб машғуланд. Сехи дӯзандагӣ дорои 20 адад мошинаи дарздӯзӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад.
Дар коргоҳи қолинбофӣ низ дастгоҳҳои муосири қолинбофӣ, таҷҳизот барои печондани ресмон ва дигар таҷҳизот васлу насб шудаанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи қолинбофӣ қариб 150 метри мураббаъ дар як шабонарӯз мебошад. Айни замон дар коргоҳ 10 намуди қолин истеҳсол гардида, ашёи хом, аз ҷумла ришта аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” харид мегардад. Сифати қолинҳои коргоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, мувофиқ ба зарурати бозор истеҳсол мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли коргоҳи мазкур суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, коргаронро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуданд.
Роҳбарияти коргоҳи мазкур уҳдадор шуданд, ки оянда дар доираи имкониятҳои мавҷуда иқтидори истеҳсолиро зиёд ва шумораи ҷойҳои кориро бештар намоянд.
Масъулони коргоҳ мағозаи фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз қабили қолинҳои гуногунранг, сарулибоси ягонаи мактабӣ, либосҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои арӯсӣ, ки тибқи талаботи мизоҷон бо як завқи баланд омода гардидаанд, ба роҳ мондаанд.
Бунёди коргоҳи мазкур, ки дар идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардум нақши созанда гузошта, фаъол кардани ин гуна иншоот самараи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад.

МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТИ МЕҲРОБОД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои марказ 2 ошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, иммунизатсия, ҳуҷраи хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, 10 ҳуҷраи табиби оилавӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.
Сохтмони бинои муосири маркази саломатӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расид.
Дар баробари бунёди маркази саломатӣ он бо 85 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳи хунуккунӣ, аз ҷумла яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷузвдон ва ғайра таъмин карда шуданд. Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи бунёди маркази саломатӣ 31 номгӯйи мебелҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра дастрас гардиданд.
Маркази саломатӣ асосан барои маҷмӯи хизматрасонии тиббӣ мусоидат карда, дар он 10 нафар табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шуданд.
Бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” бунёд шуд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо