Ба аввал: Робита бо ҷомеа СУЛҲ, СУБОТ, ВАҲДАТ. БУЗУРГТАРИН ОМИЛҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ШУКУФОӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз136
Дирӯз320
Моҳ3816
Ҳамагӣ232616
Наворҳо

Форум

СУЛҲ, СУБОТ, ВАҲДАТ. БУЗУРГТАРИН ОМИЛҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ШУКУФОӢ

02 10 2018

Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ  ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид. 
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».

Воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад. Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик, мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Мо хуб дар хотир дорем, ки дар он солҳо баъзе кишварҳо ба воситаи дастёрони худ, яъне роҳбарону фаъолони собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат - хоиноне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади хеш Ватан, миллат, таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд, мехостанд ба сари мардуми мо фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд.
Ҳарчанд ки ҷанги таҳмилӣ дар кишварамон боиси қурбонии зиёд ва хисороти ниҳоят вазнин гардид, вале ин нақшаи шуми душманони миллати мо барбод рафт ва тири хоинони Тоҷикистон хок хӯрд».
Солҳои охир дар натиҷаи густариш пайдо кардани фаъ-олияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ вазъи ҷаҳон ҳассосу печида гардидааст. Вазъи имрӯзаи Сурияву Ироқ, Либияву Яман, Афғонистон ва мамолики дигар, ки садҳо ҳазор одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва миллионҳо нафар бехонумон мешаванд, барои ҳар одами боақл сабақи якумрӣ аст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ҳамеша ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ба шарофати таъмини суботи сиёсӣ кишвари мо ба дас-товарду комёбиҳои беназир мушарраф гардид. Дар мамлакат раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандагӣ вусъат гирифта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид. Талошу кӯшишҳои давлату Ҳукумат барои дар заминаи ислоҳоти иқтисодию рушди соҳибкорӣ пеш бурдани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва татбиқи пайгиронаи  ҳадафҳои стратегӣ самараи дилхоҳ  бор оварданд.  
Дар мамлакат неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", корхонаҳои бузурги саноатӣ, нақбҳои "Истиқлол", "Дӯстӣ", "Озодӣ", "Шаҳристон", пулҳои бузурги рӯи дарёи Панҷ, силсиланеругоҳҳои хурд, иншооти азими иҷтимоию хизматрасонӣ бунёд ёфтанд.   
16 ноябри соли равон мардуми шарифи мамлакат таҳти сарварии оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди ба истифода  додани агрегати нахустини кохи нуру саодат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» хоҳад шуд, ки дастоварди шоистаи миллӣ дар заминаи суботи сиёсӣ мебошад.
Мавриди истифода қарор гирифтани  мактабҳо, варзишгоҳҳо, корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, марказҳои бузурги савдо, хонаҳои истиқоматӣ, таъсису фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои хурди амонатию қарзӣ, тақвияти ислоҳот дар сохторҳои кишоварзӣ, молия, суд, фарҳангу маориф, зина ба зина боло бардоштани музди меҳнат, мавҷудияти матбуоти озод ва нашрияҳои хусусӣ, гуногунандешии сиёсӣ, бузургдошти ному хотираи нобиғаҳои илму фарҳанги миллат ва нашру паҳни осори онҳо, таваҷҷуҳ ба арзишҳои мазҳабӣ ва эҳёи анъанаву русуми миллӣ, даст кашидан аз хурофоту бегонапарастӣ, дар мисоли таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, чопи «Қуръони маҷид» ва дигар осори арзишманди динӣ бо забони тоҷикӣ, қабули қонунҳои миллӣ - «Дар бори танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ташаббус ва иқдомҳои башардӯстонаи  Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои умдатарини ҷаҳонӣ, назири дар сатҳи байналмилалӣ эълон гардидани «Соли оби тоза, соли 2003»,  «Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ва монанди инҳо номгӯи мухтасари дастоварду комёбиҳое мебошанд, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати суботи сиёсӣ ба даст овардааст. 
Аз шумори ин ҳама дастовардҳо таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат  ба таъмини рушди устувори соҳаи маорифу фарҳанг ва ба ин васила ноил шудан ба истиқлолияти маънавӣ мақоми шоиста дорад. 
Давоми ин солҳо дар кишварамон раванди бунёду ба истифода додани ҳазорҳо муассисаҳои таълимии муосир густариш ёфта, барои дастгирию пуштибонии хонандагони соҳибистеъдоду лаёқатманд, тақвияти ҳифзи иҷтимоии омӯзгорону мураббиён ва рушди рӯзафзуни бахши хусусии соҳаи маориф пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад. 
Дар ин марҳила баҳри ояндаи фарзандони халқ 2000 мактаб ва биноҳои иловагии замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ифтитоҳи мактабҳои намуди нав вусъати тоза касб карда, шумораи мактабҳои олӣ аз 13 адади замони то истиқлолият ба 39 расид. Чанд рӯз пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳузури мубораки Пешвои миллат Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дар пойтахти мамлакат муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Шароити таҳсил дар ин муассисаҳо аз пешрафтатарин донишгоҳу мактабҳои ҷаҳонӣ ҳеҷ камӣ надорад. Дар баробари ин, ҷиҳати тақвияти мақоми иҷтимоии кормандони соҳаи маориф музди маоши онҳо танҳо аз соли 2000 - ум то соли 2018 беш аз 100 баробар зиёд карда шудааст. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ низ маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мураббиёни кӯдакистонҳо ба андозаи 15 дарсад зиёд гардид.
Соҳаи фарҳанг низ хеле рушду такомул ёфт. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, ки беҳтарин падидаи безаволи фарҳангии миллатамон дар давоми ҳазорсолаҳо мебошад, яке аз дастовардҳои шоистаи маданист. Сохта ба истифода додани биноҳои муҳташами Китобхонаи миллӣ,  Осорхонаи миллӣ ва ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ёдгориҳои Саразм, Шашмақом, Фалак ва Парки миллӣ ҳам аз ҷумлаи  комёбиҳои бузурги фарҳангии миллати тоҷик мебошанд.  
Нақши тақдирсози суботи сиёсӣ дар беҳбудии ҳаёту рӯзгори мардум ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ низ хеле барҷаста мебошад. Маҳз бо шарофати суботи сиёсӣ дар партави дастгириҳои беназири Пешвои миллат даҳҳо корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, мактабҳои замонавӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд. Танҳо дар рӯзҳои таҷлили 27 - солагии истиқлолият дар ноҳия 4 муассисаи таълимӣ, 1 маркази саломатӣ ва 1 маркази бузурги хизматрасонӣ - дар маҷмӯъ 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки арзиши умумии онҳо 14 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ, дар ноҳия беш аз 5000 хоҷагиҳои хурду калони деҳқонию фермерӣ таъсис ёфта, ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла пахта, гандум, зироатҳои равғандор ва полизиҳо, сол аз сол афзуда истодааст. 
Ҳоло ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 23 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 бо ҳидояти Пешвои миллат дар Мастчоҳ доир мегардад, дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, дар ин замина беш аз 300 иншооти мухталиф сохта ба истифода дода мешавад. 
Моро лозим аст, ки бо ҳушёрии сиёсӣ ва меҳнати софдилонаи худ оромию суботи мамлакатро таҳким ва тақвият бахшем, дар баробари иддаоҳои пучу бебунёди хоинони миллат, ки чанде пеш ташкилоти ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» - ро таъсис дода, дар кишварҳои аврупоӣ ба бадном кардани давлату миллат ва Ҳукумати мамлакат машғуланд, истодагарӣ кунем, саъю кӯшиши худро барои ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон равона намоем.

 

Ғайрат АЗИЗЗОДА,
раиси ноҳияи Мастчоҳ

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо