Ба аввал: Робита бо ҷомеа ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА ҚАРОР ДОРАД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз135
Дирӯз320
Моҳ3815
Ҳамагӣ232615
Наворҳо

Форум

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА ҚАРОР ДОРАД

02 10 2018

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Бояд зикр намуд, ки тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза – терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. 
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ доданд ва медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ касб намуд. Ба сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистон сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кратов зимни як баромадаш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…». Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. 
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ, пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин зуҳурот дастгирӣ намоянд. Зеро агар пеши роҳи ин хатар дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнӣ на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то доманаҳои Чину Русия ва Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Шералӣ РАҶАБЗОДА,  омӯзгори МТМУ № 47
ноҳияи Сино
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА ҚАРОР ДОРАД

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Бояд зикр намуд, ки тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза – терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. 
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ доданд ва медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ касб намуд. Ба сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистон сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кратов зимни як баромадаш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».
Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. 
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ, пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин зуҳурот дастгирӣ намоянд. Зеро агар пеши роҳи ин хатар дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнӣ на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то доманаҳои Чину Русия ва Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Шералӣ РАҶАБЗОДА,  омӯзгори МТМУ № 47
ноҳияи Сино

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо