Ба аввал: Робита бо ҷомеа ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИМИЛЛӢ Ё ДАСИСАҲОИ НАВИ КАБИРӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз7
Дирӯз339
Моҳ6660
Ҳамагӣ213254
Наворҳо

Форум

ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИМИЛЛӢ Ё ДАСИСАҲОИ НАВИ КАБИРӢ

20 09 2018

Барои халқи Тоҷикистон  ва миллати тоҷик рӯзҳои саодат ва таърихӣ дар авроқи  зарин навишта шуда аст, ки онро бо ифтихор ҷашн мегирем. Яке аз ин рӯзҳои босаодат 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имсол 27 - умин солгарди онро дар фазои сулҳу ободии кишвар ҷашн гирифтем.
Аммо  дар  рӯи  замин  инсонҳое ҳастанд, ки  ҳақиқатро  чашми  дидан  надоранд, дар  дилашон  буғзу  адоват,  дар   фикрашон  риёкорӣ буда, барои расидан  ба ҳадафҳои нопоки  душманонаашон  аз  амалҳои бад  даст  намебардоранд. Онҳоро  пешрафту  шукуфоии  Тоҷикистони  азиз   таҳти   сарварии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ором намегузорад.  Мисоли равшани ин амалкардҳои номатлуб ва пайдарпайи роҳбарони фирории ҳизби хиёнаткори наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов мебошад, ки ахиран дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон боз як тавтеаи нав сохтанд. Онҳо қабл аз ҷаласаи САҲА гирди ҳам омада, рӯи хатти эътилофи нав бар зидди миллати тоҷик иқдоми иштибоҳие карданд. Ин хоинон, ки дар амалӣ намудани барномаҳои зиддимиллии худ ноком шуданд, акнун дар доираи худ эътилофе бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, ки боиси тааҷҷуб ва нафрат аст. Ин гуна эътилофсозиҳои душманони миллат танҳо нафрати халқ, бахусус ходимони динро дар пай дораду халос. Зеро мо - ходимони дин дар давоми солҳои зиёд аз ҳадафҳои нопоки наҳзатиён ва хусусан Муҳиддин Кабириву Илҳом Ёқубов беш аз дигарон огоҳ ҳастем.
Илҳом Ёқубове, ки то имрӯз наҳзатӣ буд чӣ тавр якбора «роҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ дар Аврупо» шуд? Дар Аврупо аз Осиёи Марказӣ миллионҳо муҳоҷир ба сар мебаранд, ки дар байни онҳо олимони забардаст, профессорон, аҳли илму адаб ва шахсиятҳои   маъруф ҳастанду як дар ба даре, ки ҳизбашро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мешиносанд, роҳбари ин анҷуман интихоб шуд ва дар эътилофи адоватангез имзо гузошт. Ин як дассиса ва фитнаест, ки ба ҷуз таҳқири муҳоҷирони меҳнатии Осиёи  Марказӣ чизи дигаре нест.
Миллати тоҷик он фитнаву ихтилофот ва нооромиҳои солҳои навадуми асри гузаштаро, ки маҳз ба дасти наҳзатиён созмон дода шуд, фаромӯш накарда, балки аз он сабақҳои зарурӣ бардоштааст. Аз ин рӯ, иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик намегузорад, ки ҳеҷ як неруи бадхоҳи миллат, дар пиёда намудани нақшаҳои шуму барномаҳои харобиовари хеш муваффақ шавад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, 
шаҳри Хуҷанд

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо