Ба аввал: Робита бо ҷомеа ИСТИҚЛОЛИЯТ. ОЗОДӢ ВА АРЗИШҲОИ ДИНӢ
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз136
Дирӯз320
Моҳ3816
Ҳамагӣ232616
Наворҳо

Форум

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ОЗОДӢ ВА АРЗИШҲОИ ДИНӢ

14 09 2018

Дар давоми 27 - соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии кишвари мо муваффақиятҳои беназир ба даст омаданд. Кулли бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба рушд ниҳода, саодати рӯзгори мардум таъмин гардид.
Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мардуми шарафманди тоҷик дар бахши дину диёнат низ аз озодиҳои фаровон бархӯрдор бошанд ва фароизи диниро бе ҳеҷ монеа иҷро намоянд. Агар ба рақамҳо таваҷҷуҳ намоем, шароити мусоиди диндорӣ дар Тоҷикистон ба сурате шакл гирифтааст, ки дар дигар давраҳои таърихӣ вуҷуд надошт. Аз ҷумла, агар замони шӯравӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон 17 масҷид амал мекард, имрӯз ин рақам дар мамлакат наздик ба чаҳор ҳазор аст, ки қобили мулоҳиза мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони қабл аз истиқлолият дар Тоҷикистон таълими динӣ қариб вуҷуд надошт. Танҳо баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Донишкадаи исломии Тоҷикистон созмон ёфт, ки феълан садҳо толибилм дар ин боргоҳи таълимӣ ҳам илми динӣ меомӯзанду ҳам улуми дунявӣ. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуда, дастраси мардум гардид. Гузашта аз ин, даҳҳо китобҳои динӣ, аз ҷумла тафсири Қуръон, Ҷоми – ус - Саҳеҳи Имом-ал-Бухорӣ, китобҳои фиқҳӣ ва ақидавии аҳли суннат ба нашр расиданд, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз дар масоили динӣ ва мазҳабии худ аз ин китобҳо истифода мебаранд. Ба ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи уламои ислом таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, ки дар садри чунин арҷгузориҳо Президенти маҳбуби кишвар қарор доранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли 2009 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам- пешвои мазҳаби мо эълон гардид, ки ин иқдом боиси эҳтироми зиёди олами ислом ба Тоҷикистон гардид.
Мардуми шарифи тоҷик хуб медонанд, ки дар замони шӯравӣ аз Тоҷикистон як нафар ба сафари ҳаҷ мерафт, ҳатто баъзе солҳо ҳамон як нафар ҳам рафта наметавонист. Ҳоло бошад, ҳар сол аз Тоҷикистон зиёда аз шаш ҳазор зоирин барои адои маносики ҳаҷ ва зиёрати равзаи Расулуллоҳ (с) ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар мекунанд. Қабл аз истиқлолият мардум ду намози идро дар ҳавлиҳо ё оромгоҳҳо бо тарсу ҳарос мехонданд. Вале, имрӯз Иди саиди Фитр ва Қурбон дар қонунгузории мамлакат ҳамчун иди расмӣ эътироф шуда, рӯзи истироҳат эълон гардидааст, ки нишони эҳтиром ба арзишҳои динӣ мебошад. 
Аз ин рӯ, ҳар яки мо, бахусус ходимони динро зарур аст, ки ба қадри ин неъматҳо бирасем ва дар ин замони пурошӯб бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзишҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем. 

Ҳ. МӮСОЗОДА, шаҳри Хуҷанд


Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо