Ба аввал: Сафарҳои дохилӣ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
НАЗАРСАНҶӢ
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Омор
Имрӯз298
Дирӯз349
Моҳ4327
Ҳамагӣ233127
Наворҳо

Форум

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

14 09 2018

 

Идомаи сафари корӣ

Сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа
12 сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро дар рӯзҳои истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳа арзёбӣ намуданд.
Беморхонаи касалиҳои  рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии беморон мебошад. Он дуошёна буда, се бинои бо ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад. Дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона, ба беморон хизмат мерасонад. Ҳамаи ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона, ҳамчунин, дорои ҳаммом, ҳуҷраи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тандурустӣ дар ноҳияи Роштқалъа мушкилоти чандсолаи табибону беморонро рафъ кард.

 

Гузоштани санги асос барои бунёди 2 бинои истиқоматӣ 
12 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5 - ошёна, ки ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ бунёд мегардад оғоз бахшиданд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа, ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд ва онҳо ба ободии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат зебоии дигар зам менамоянд.
Дар ошёнаҳои якуми биноҳои истиқоматӣ 5 ҳуҷра, аз ҷумла 4 хонаи 2 - ҳуҷрагӣ, 1 - ҳуҷрагӣ, ҳуҷраи посбон ва лифт ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаҳои болоӣ ҳар қабат аз 4 хонаи 2 - ҳуҷрагӣ, 1-то 1 - ҳуҷрагӣ ва ҷой барои либосовезӣ сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа, дар ҳавлии биноҳои 5-ошёна, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин, зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.
Аз рӯи нақша, дар ин биноҳо барои зиндагии хизматчиёни давлатӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад ва масъулияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам баландтар хоҳад намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд ва солҳои зиёд ба хизматчиёни давлатӣ хизмат намоянд.


Истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
12 сентябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи шаҳр меҳмони олиқадрро сокинони касбу кори гуногун, хонандагону донишҷӯён бо меҳру муҳаббат ва самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти “Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ” иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1 гектар дар маркази вилоят сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаҳои аз 1 то 7 - уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомоти шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешавад. Дар маҷмӯъ, иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад. Дар таҳхона утоқҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудааст. Дар ҳудуди бинои мақомоти шаҳр, ба ғайр аз иншооти асосӣ, боз дегхона бо анбор барои захираи ангишт, зеристгоҳи трансформаторӣ, таваққуфгоҳ барои 20 мошин ва дигар биноҳои зарурӣ сохта мешаванд.
Барои боз ҳам зебо гардондани атрофи иншоот дар саҳни бино бунёди фавораҳо ва гулгашту хиёбон ба нақша гирифта шудааст.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои босифату саривақтии корҳо ҳидоят карданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марказҳои маъмурии ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо бунёди иншооти наву муосир симои тоза касб менамоянд.

Ифтитоҳи бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
12 сентябр дар маркази шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.
Бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300 ҷой, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат мебошад.
Дар қисми ҳарбӣ, инчунин, тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду азнавсозӣ гардидааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳои иншооти нав бо тамоми таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар ашёҳои барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи Ватан пурра карда мешавад.
Бо бунёди иншооти нави таъйиноти ҳарбӣ бошад, шароити иҷтимоии афсарону сарбозон беҳтар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёгардида баҳои баланд доданд.
Баъди шиносоӣ бо иншооти нав дар саҳни ҳавлии қисми ҳарбӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилӣ, махсусан қисми ҳарбии 3503-ро, ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи бинои навбунёди замонавӣ самимона табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат бо қаноатмандиву ифтихор иброз доштанд, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ва ташкилёбии ин навъи қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқу шуҷоъ минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи касбии худро барои сарбаландона иҷро намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сафарбар месозанд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи афсарону сарбозонро ба зуҳуроти бисёр хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки торафт густариш пайдо карда, аз мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷалб намуданд. Пешвои миллат дар назди роҳбарони воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар вазифа гузоштанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Таъкид гардид, ки ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳо бояд доир ба баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, тақвияти интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмӯъ, таъмин намудани сатҳи баланди омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз талошҳову ғамхориҳои роҳбарияти давлат барои беҳтар намудани шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани ҷузъу томҳои онҳо ва беҳсозии шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамояд.

Обуна шудан!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

ВАЗИРИ МУДОФИАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК 
ШЕРАЛӢ МИРЗО
Варзиш

Майдончаи савдо